Дипломатҳо мегӯянд, қудратҳои ғарбӣ ва арабӣ дар ҳамоиши байнулмилалии масъалаҳои Сурия аз президент Башор Асад даъват хоҳанд кард, ки ба хотири расондани ёриҳои башарӣ ба манотиқи хушунатзада, оташбаси фаврӣ эълон кунад.
Интизор меравад, ки дар конфронси “Дӯстони Сурия” дар Тунис, намояндагони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон ширкат кунанд. Мухолифони Сурия низ ба ин ҳамоиш даъват шудаанд. “Дӯстони Сурия” аввалин бор аст, ки баъд аз таъсиси ин гурӯҳ баъд аз шикасти қатъномаи пешниҳодӣ дар Шӯрои Амният бо раъйи мухолифи Русия ва Чин гирди ҳам меоянд. Маскав ва Пекин аз ширкат дар ин нишаст худдорӣ кардаанд ва Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, ду кишвар ҳамоно мухолифи ҳама гуна мудохилаи хориҷӣ дар умури Сурия мебошанд.
Вазири корҳои хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг дар арафаи ҳамоиш гуфт, кишвараш ба тангтар кардани "ҳалқадавак"-и дипломатӣ ва иқтисодӣ дар гардани ҳукумати Димишқ пойфишорӣ хоҳад дошт. Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон гуфт, вай бовар дорад, ки мухолифони Сурия то рафт қавитар мешаванд ва дар бӯҳрон нуқтаи чархише ба миён меояд. Вай афзуд: "Нерӯҳои мухолиф то рафт тавонотар мешаванд. Онҳо метавонанд аз куҷое, ба ҳар гунае воситаҳои мудофиаи худ ва ҳамла ба рақибро пайдо кунанд. Ва фишор ба Русияву Чин зиёд мешавад, зеро афкори ҷаҳон бетараф намондааст.”
Дар ин байн дар Теҳрон мушовири аршади сиёсии Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфтааст, талоши вожгунии режими Асад ноком хоҳад монд ва Эрон ба таври қатъӣ дар канори ҳукумати Сурия қарор хоҳад дошт. Изҳорот ва талошҳо дар ҳоле идома доранд, ки артиши Сурия мухолифонро дар чанд минтақа ҳадафи оташ қарор додааст ва садҳо нафар кушта мешаванд. Як ҳайати Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфтааст, мақомоти баландпояи ҳукумати Сурия, ба ҷумлаи худи Башор Асад, мумкин аст, дар ҷиноятҳои зидди башар муттаҳам шаванд.
Рӯзи ҷумъа изҳороти махсуси Бан Ки-мун нашр шуд, ки бино бар он, Дабири кулли пешини Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Анон фиристодаи хоси ин созмон ва Лигаи Араб дар Сурия таъйин шуд.
Дар изҳороти Созмони Милал гуфта мешавад, Анон ӯҳдадор шуд, хушунат ва нақзи ҳуқуқи инсон дар Сурияро ба поён барад ва ба ҳалли осоиштаи бӯҳрони Сурия мусоидат кунад. Кофӣ Анон пеш аз дабири феълии Созмони Милал Бан Ки-Мун, ду давра ба ин ниҳоди ҷаҳонӣ сарварӣ кардааст.