Фаъолони Сурия мегӯянд, дар тирандозиҳои нируҳои ҳукуматӣ ба сӯи шаҳри Ҳумс 17 нафар кушта, шумораи зиёди одамон ҷароҳат бардоштаанд. Шаҳри Ҳумс пойгоҳи мухолифони режими Башор Асад дар Сурия мебошад. Рӯзи сешанбе нируҳои ҳукуматӣ маҳаллаи Бобо Амруи Ҳумсро ҳадаф қарор додаанд. Фаъолон мегӯянд, режим нируҳои худро дар ин ҷо тақвият мебахшад ва дар атрофи ин шаҳр тонкҳои худро мустақар мекунад. Ба ақидаи онҳо, ба эҳтимоли зиёд нируҳои режим мехоҳанд шаҳрро бо ҳамла ба тасарруфи худ дароранд. 18 рӯз аст шаҳри Ҳумс дар муҳосира қарор дорад.