Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офтобшоир. Ёдворае аз Мастон Шералӣ


Мастон Шералӣ
Мастон Шералӣ

Зиёда аз се даҳаи охир як байт вирди забони тоҷикон гашт, ки вазъу ҳоли ҳазорон нафарро бозгӯ мекард ва онро ба шоирони гуногун нисбат медоданд. Баъдан ошкор гашт, ки ин байт аз дили шоири тоҷик Мастон Шералӣ берун рехтааст:

Бе Ватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст.

Мастон Шералӣ, ба гуфтаи ҳамаҳдонаш, ҳамчунин бо ин машҳур буд, ки барои даҳҳо шоири номдор роҳ кушода, нахустин шеърҳои онҳоро таҳрир ва нашр намудааст. Хонандаи имрӯз гоҳе бо ашъори Мастон Шералӣ шинос мешавад, ки дар онҳо ҳастии як дили тапанда, нуру гармии хуршед ва ҷӯшу тоби зиндагиро ҳис мекунад ва мебинад.

Ин шоир ба гунаи ноодилонае дур аз назарҳо мондааст. Ҷашну базмҳои бошукӯҳ баргузор наркардааст, шиорбозию суханбозӣ накардааст ва танҳо шеър сурудааст. Онро ҳам бо дили пок ва орзуҳои нек.

Ба муносибати 90-солагии Мастон Шералӣ дар Тоҷикистон китобе бо номи “Шоири шеърҳои орфтобӣ” ба нашр мерасад. Нусхае аз он ба дафтари Радиои Озодӣ расид, ки порчаҳояшро ин ҷо бознашр мекунем.

***

Мӯъмин Қаноат:

Мӯъмин Қаноат
Мӯъмин Қаноат

“Мастон Шералӣ аз зумраи он шоирони тавонотар ва таҳсилкардатаре буд, ки дар охири солҳои шастум вориди адабиёт шуданд. Ва онҳо аз назари теъдод нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд ҳам буданд. Шоирони ҳамин насл дарвоқеъ шоирони тавоно буданд.

Мастон ягона шоире буд ки тамаъ надошт, подоше аз гуфтааш, ҳунараш, кораш талаб намекард на аз ҳукумат ва на аз Иттифоқи нависандагон. Нек буд, бетамаъ буд ва чизе ҳам намехост, на мукофот мехосту на ҷоиза, на мақому ҳатто мансаб. Ба ин хотир ҳамон чеҳраи бетамаъ ва тамаллуқ ва озодманишу беолоишаш буд, ки шеъраш равшан, ноб ва шаффофу соф аст, мубарро аз ҳама олудагиҳо.

Мастон ба касе инояту ниёз надошт. Шояд ӯ ягона шоире буд ки ҳамин хел як хислати аҷиб дошт. Ягона шоире буд ки намедонист бадӣ чист, кори баду аъмоли бад чӣ шеваҳову равишҳои муқаддамотӣ дорад, чи гуна бояд онро амалӣ кард. Ба ҷуз некӣ пиндору андешаи бадро намедонист. Агарчи баъзеҳо ҳам некӣ кардаанду ва ҳам бад ва баъзеҳо фақат бад...! Ӯ аз бун намедонист, ки дар дунё бадӣ кардан ҳам ҳаст ва вуҷуд дорад. То ҷое ки мегӯему гуфтаем, шеъраш, хизматҳояш дар зиндагониаш қадр нашуданд, як сабабаш ҳам ҳамин аст.”

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ:

Муҳаммадҷон Шакурӣ
Муҳаммадҷон Шакурӣ

“Аз нимаи солҳои 50-и садаи гузашта дар сиёсати шӯравӣ андак нармӣ пайдо шуд. Дар натиҷа дар адабиёту санъат баъзе равандҳои нав, дигаргуниҳои назаррас пайдо гардид, дар сартосари кишвари шӯравӣ, аз он ҷумла, дар Тоҷикистон. Хусусан, дар солҳои 60-70-ум як гурӯҳ ҷавононе вориди арсаи адабиёт шуданд, ки дар шеър тағйироти бисёр ва ҷиддие дароварданд. Дар шеър боз мавзӯи миллат ва тақдири таърихии он, ғами мардум, мавзӯи Ватан ва ғайра пайдо шуд. Андаке монанди он, ки дар адабиёти маорифпарварии тоҷикӣ буд. Пештар мегуфтанд, ки одами советӣ магар ғаму ғусса дорад? Аммо аз солҳои 60 адабиёт мардуми беғамро маҳкум кард. Мастон гуфт, ки "ғаму ғуссаи ман ғами мардумам аст ва ман дарди миллатамро, мардумамро фикр мекунам":

Ман ғам хӯрам аз беғамии мардуми беғам,

Ман ғам хӯрам аз беғамии мардуми беор.

Ин "Ғам"-и Мастон Шералӣ сухани наве дар адабиёт буд. Албатта, гуфта наметавонем, ки дар шеъри Мастон ё шоирони дигари ҳамзамони вай таблиғи сиёсати ҳамон рӯз набуд. Буд, лекин бештар аз ҳама мавзӯъҳои миллӣ, таҳқиқи бадеии воқеияти иҷтимоии рӯз ё ин ки таърихи миллат бештар аҳамият пайдо кард."

Гулрухсори Сафӣ:

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ

“Диле дошт мисли суфраи орд сафед, гарм, рӯшан, ошиқи оламу одам. Ба ин дунё барои ин омада буд, ки ишқ биварзад, шеър бигӯяд, тарона бихонад ва асло ёди олами дигарро дар сар надошта бошад. Афсӯс, ҳайҳот! Ҳар омада бояд биравад, дар вақту соати қаламкаш фармуда…

Бо вуҷуди ин ногаҳон рахти сафари ҷовидона бастани шоир моро ҳайрон кард, зеро дар симои офтобии ӯ ҳич гардеву ғубореву абре наменамуд, нишондиҳандаи сафархоҳияш ба дунёи торикиву танҳоиву хомӯшӣ.

Мастон моро гирёнда рафт. Рӯзи маргаш офтобӣ буд, монанди шеъраш, ҳастияш, дилаш. Дӯстон дидаи гирён доштанд, зеро касе ба марги нобаҳангоми шоир бовар намекард.

Камина дар рӯзҳои сарсониву саргардонӣ бори дигар ашъори офтобии Мастон Шералиро хонда, барои худ панду андарзи тамкину таҳаммулу тасалло ёфтам. Шоир чун суханвари асил ҳанӯз дар даврони шукуфоии бахту саодати мардуми шӯравӣ пешгӯйии аҷибе карда буд, бехабар аз фоҷиаи миллии тоҷикон, бехабар аз ҳазорон фирориёни иҷборӣ. Ҳанӯз зиндагӣ ором буду тоҷикон бо вожаи "гуреза" ноошно, аммо шоири дилбин ҳолатеро тасвир кард, ки баъдан зиндагӣ онро бо ҳама ҷабру ҷафояш намоён сохт:

Даврони пур аз ҳаводиси мо,

Бо чархи фалак ситеза дорад.

Зиндони ҷаҳони номуросо,

Ҳар рӯз дусад гуреза дорад.

***

Бе Ватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст!

Ин банд дар рӯзҳои пурдаҳшати фоҷиаи миллии тоҷикон тасаллобахши ҳазорон фирории ватанхоҳи дур аз Ватан буд, ки камина низ истисно нестам. Алҳақ, худи ҳамин як байти дар боло зикр шуда кифоя аст, ки номи шоири зиндаёд Мастон Шералӣ дар дафтари шеъри оламгири форсизабонон ҷовидон сабт гардад.”

Бозор Собир:

Бозор Собир
Бозор Собир

“Дар зумраи мо Мастон шоире буд, ки ғайр аз шеър ҳеч чизи дигареро ҷиддӣ намегирифт. Ғайр аз мавзӯи шеър дар мавзӯи дигаре суҳбат намекард. Ғайр аз шеър дар забонаш чизе набуд. Ғайр аз шеъри нағз ҳар гапи дигаре аз ин гӯшаш даромада аз он гӯшаш баромада мерафт. Баъдҳо Мастон хушлибостарин шоир буд. Ба қавли мардум, саропо пуфкардаю чашмкарда ва худаш нарасида бӯи атраш ба димоғ мерасид. Аммо табиатан ишқварзию аёшӣ намекард. Дар вақте ки мо ҳама ба дили худамон шефтаю шайдо будем. Ва дар сурате, ки ба қавли Нодирпур шеъру ишқу қимор, ки моли шайтонанд ҳамаро васваса хоҳанд дод:

Иблис, эй худои бадиҳо, ту шоирӣ,

Шоир туӣ, ки ин ҳама шӯр офаридаӣ,

Ғофил манам, ки ин ҳама афсӯс хӯрдаам.

Ишқу қимор шеъри худо нест, шеъри туст,

Дар ишқу дар қимор касе порсо намонд…

Вале Мастони мо дар ин бобат поку покизаю порсо монд, ки монд. Зеро фарзанди Мулло Шералӣ буд. Ман падари бузургворашро низ дида будам, дар қишлоқаки Зериҳисори дараи Панҷрӯд, дар дами дарвозаашон. Зоҳиран аз мӯсафедони хоколуди офтобу шамолхӯрдаи қишлоқи мо фарқ надоштанд. Ва ҳамчун муллову махсумҳои мо мӯт кардаю ришро панҷа кашида шурӯъ намекарданд. Балки ҳамчун Мастон ҳадаҳа ва бо шеъру мақолу зарбулмасал сухан меронданд. Байти зеринро аз забони он кас шунида будам:

То тавони пардаи мардон мадар,

То надаррад пардаат марди дигар.

Мастон дар забони миллати худ беҳтарин шеърҳо ба ёдгор гузорида. Ҳар ҷо, ки сухан аз ватану ватандорӣ равад мудом байти зерини ӯ вирди забонҳост:

Бе Ватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст.

Мо дар Амрикои дурдаст худамонро бо ҳамин байти Мастони шодравон таскин медиҳем."

Алиризо Қазва (Эрон):

"Дар миёни насли саввум (шоирони мутаваллиди авоили даҳаи бист то авосити даҳаи сийи Тоҷикистон) ин номҳо бештар ҷилва мекунанд: Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Мӯъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Салимшо Ҳалимшо ва Мастон Шералӣ. Дар ин насл, дар канори қасидаҳои шукӯҳманд ва хуросонии Салимшо Ҳалимшо, ки дар навъи худ мумтоз аст, шоирони навгарое чун Мӯъмин Қаноат ва Мастон Шералӣ вуҷуд доранд, ки ин наслро ба унвони яке аз наслҳои пуртакопӯ дар шеъри тоҷик муаррифӣ кардаанд.

Вай дар қолабҳои мухталиф ва дар тӯли се даҳа (даҳаи 50 то 80-и милодӣ) дар шеъри Тоҷикистон хуш дурахшид. Таваҷҷуҳи ин шоир ба ҳувият ва ҳайсияти шеъри воқеӣ ва шоири воқеӣ бисёр дарунӣ аст.

Дар мавриди Мастон Шералӣ, бояд бигӯям, ки тоҷикҳо аз канори номи ин шоири ба шиддат навгаро ба осонӣ гузаштаанд! Навовариҳо ва тавоноиҳои ин шоир, истеҳқоқи инро дорад, ки дубора осорашро мавриди диққат ва таҳқиқ қарор диҳанд.”

Ҳақназар Ғоиб:

Ҳақназар Ғоиб
Ҳақназар Ғоиб

“Ман ӯро дӯст медоштам, ҳамчун шоир, ҳамчун инсони хайрхоҳу дилсӯзи шеъри ҷавонон, ҳамчун одами самимию заминӣ. Ӯ ба касе бад намехост ва бузургияш он буд, ки бадӣ карда наметавонист. Чашми ӯ аз зиндагӣ ҳамеша нафаси поку зебоиро меҷуст ва онро пайдо мекарду бо ҳунари волои шоирӣ устодона ба дафтари ашъораш мекӯчонд. Дафтари шеърҳои устод Мастон дафтари фикру андешаҳои поку зебо ва шоирона аст. Онҳо бо мавзӯе аввалу охир, яъне ҷамъбасти ибратбахше доранд. Ӯро бо шеърҳои зебояш ба ёд овардан, як саҳифаи бузурги дилномаи меҳру меҳрубониро бо ғаниматҳояш ба хотир овардан аст.

Мо ҳушу гӯш шуда устод Мастонро мешунидем, ки ӯ ғарқи дарёи шеър буд: сухани шоирона, симои шоирона ва меҳрубонии шоирона дошт. Ӯ лоф намебофт, ӯ дилдодаи ҷунуни шеъру шоирӣ ҳам не, чунон ки ин хел менамуданд, балки шоир буд. Ман ҳис кардам, ки устод Мастонро дар шоирӣ шеваи чун дарё лаб заданҳо, ҳатто дар муносибат ҳам писанд меояд."

XS
SM
MD
LG