Мақомоти додгоҳии Русия танҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ва танҳо аз Маскав 151 муҳоҷири хориҷиро ихроҷ кардаанд. Беш аз 200 муҳоҷири дигар дар боздоштгоҳҳои пойтахти Русия мунтазири судури ҳукми ихроҷ будаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, аксари ин афрод аз Тоҷикистону Узбакистон ва Арманистону Ветнам мебошанд.