Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия дар "чангол"-и таҳримҳо


Гӯшае аз даргириҳо дар маҳаллаҳои атрофи шаҳри Ҳимс.
Гӯшае аз даргириҳо дар маҳаллаҳои атрофи шаҳри Ҳимс.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе дар Бруссел дар бораи бештар кардани таҳримҳо алайҳи Сурия ба мувофиқа расиданд.

Ин таҳримот мунҷамид сохтани ҳисобҳои Бонки марказии Сурия, манъи ироаи раводиди сафар ба 7 мақоми наздик ба Асад ва маҳдуд кардани тиҷорат ва парвозҳоро дар бар мегирад. Ҳамчунин бар асоси ин таҳримҳо хариди тилло, алмос ва дигар металҳои гаронбаҳо аз Сурия мамнӯъ шудааст.

Дар баёнияи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо омадааст: ”Ин иттиҳодия таъкид мекунад, касоне, ки масъули хушунатҳо дар сартосари Сурия ҳастанд, ба хотири ин амалашон мавриди таъқиб қарор хоҳанд гирифт.”

Дар бахши дигари ин баёния омадааст: «Иттиҳодияи Аврупо аз мухолифони Сурия дар муборизаашон барои озодӣ, каромати инсон ва демократия ҳимоят мекунад.»

Бар гузориши Ассошиэйтед Пресс, Иттиҳодияи Аврупо аз замони оғози даргириҳо дар Сурия то ба ҳол ёздаҳ бор ин кишварро мавриди таҳрим қарор додааст. Ин таҳримҳо алайҳи беш аз 100 мақоми давлатӣ ва низомӣ, ҳамчунин 38 ниҳод ва муассисаи ин кишвар ҷорӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, хушунатҳо рӯзи душанбе низ идома дошт ва дастикам 15 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак кушта шудаанд.

Фаъолони сиёсии суриягӣ мегӯянд, аз замони оғози нооромиҳо дар ин кишвар то ба ҳол ҳудуди 8 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG