Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Олмон шарики иқтисодии Тоҷикистон дар Аврупост"


Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон

Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон 20 сол мегузарад.

Соли 1991 Олмон истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор кард. Олмон нахустин кишвари берун аз густураи Шӯравии собиқ буд, ки Тоҷикистон соли 1994 дар он ҷо сафорати худро боз кард.

Ба муносибати 20-солагии барқарории равобити дипломатӣ, 29-уми феврал дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин маросиме баргузор шуд. Дар он намояндагони доираҳои расмии Олмон ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ роҷеъ ба собиқаи 20-соли ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои он сӯҳбат карданд. Дар ин маросим ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам ҷониби Олмон хостори густариши ҳамкориҳои бештари миёни ин ду кишвар шуданд.

Дар як гуфтугӯи ихтисосӣ Имомуддин Сатторов-сафири Тоҷикистон дар Олмон ба радиои Озодӣ гуфт, Олмон яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон дар Аврупо ба шумор меравад:

Сатторов: Аввалин шартномаҳои байни ҳукумати Тоҷикистон ва Олмон соли 1995 имзо шуда буданд. Яке аз онҳо кӯмаки башарӣ ба мардуми Бадахшон ба шумор мерафт. Сипас барои аввалин бор соли 1997 Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар ҳамин кишвари аврупоӣ баргузор гардид. Як ҳайати бузург аз Тоҷикистон омада буд. Дар таркиби он наққошон ва санъаткорон буданд. Олмон яке аз давлатҳои пуриқтидори Аврупо ва яке аз шарикони муҳиму стротегии мо дар Иттиҳодияи Аврупо ба шумор меравад. Ҳоло байни Олмон ва Тоҷикистон 40 ҳуҷҷати ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Ин шартномаҳо ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангиву сиёсии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Олмон яке аз давлатҳои аврупоист, ки дар рушди иқтисоди Тоҷикистон низ нақш дорад. Кӯмакҳои техникӣ ва молии Олмон ба Тоҷикистон то ҳол 150 миллион евроро ташкил медиҳад. Ширкатҳои зиёди олмонӣ дар иқтисоди Тоҷикистон то ҳол сармоягузорӣ кардаанд. Онҳо аз роҳи созмонҳои байналмиллалии молии ҷаҳон низ тарҳҳои иқтисодиро пиёда мекунанд. Масалан, дар соҳаи энергетика, дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ саҳм мегиранд. Барои тармими нерӯгоҳи Норак ҳам тарҳи нисбатан калон доштанд. Дар соҳаи кишоварзӣ ва нақлиёт низ саҳми худашро мегузорад.

Озодӣ: Оё намунаҳои дигар ҳам дар бораи тарҳҳои иқтисодии Олмон дар Тоҷикистон ҳаст?

Сатторов: Бале, масалан ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Маркази табобати бемориҳои сил кушода шуд ва дар маросими кушодашавии он раиси ҷумҳур ширкат доштанд. Арзиши сохтмони ин марказ 15 миллион евро буд. Мисоли дигар, азнавсозии подстанция ё шабакаи ёрирасони тақсимоти нерӯи барқи Норак ба маблағи 25 миллион евро мебошад. 17 миллион еврои он кӯмак аз ҷониби Олмон буд ва боқимондааш қарзи бонки рушди Олмон. Бисёр тарҳҳои хурди дигари олмонӣ низ ҳастанд, ки ширкатҳои олмонӣ
дар онҳо саҳм доранд. Дар оянда мо нақшаҳои зиёд дорем. Ба наздикӣ сафари раҳбари Ожонси энергетии Олмон ба Тоҷикистон сурат мегирад. Мо дар он ҷо дар бораи тарҳҳои энержӣ сӯҳбат мекунем. Шояд ширкатҳои бузурги Олмон ҳам дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Озодӣ: Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар кадом тарҳҳоро барои ҳамкорӣ ба ҷониби Олмон пешниҳод хоҳад кард?

Сатторов: Ҳамаи тарҳҳои энергетикие, ки вуҷуд доранд.

Озодӣ: Дар ин ҷо масъалаи сохтмони Роғун ҳам матраҳ хоҳад шуд?

Сатторов: Албатта мо натиҷаҳои экспертизаи байналмиллалиро мунтазир мешавем. Сипас аз ширкатҳои олмонӣ даъват мекунем, ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳам ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.

Озодӣ: Ҷаноби сафир, ҳар кишваре, ки бо кишвари дигар ҳамкорӣ мекунад, албатта манофеи худро низ хоҳад дошт. Олмон дар Тоҷикистон чӣ манфиат дорад?

Сатторов: Албатта, пеш аз ҳама Олмон мехоҳад манофеи сиёсии худро дар минтақа чун кишвари бузурги Аврупо ва ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо дошта бошад. Соли 2006 баъд аз боздиди вазири корҳои хориҷаи Олмон ҷаноби Штанмайер аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо пешниҳоди Олмон дурнамои ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул шуд. Кишварҳои минтақа аз Қазоқистон гирифта то Узбакистону Тоҷикистон ҳам нафт доранд, ҳам газ доранд ва дорои захоири ғании энержӣ ҳастанд. Канданиҳои дигари фоиданок низ ҳастанд, ки барои иқтисоди Олмон заруранд. Олмон кӯшиш мекунад бо ин кишварҳо ҳамкории наздик дошта бошад.

Озодӣ: Амрико ба нақша гирифтааст, ки нерӯҳои худро то поёни соли 2014 аз Афғонистон фаро мехонад. Дар матбуот ҳам гаҳ-гоҳе хабарҳо ба назар мерасад, ки гӯё Олмон мехоҳад нерӯҳои худро, ки дар Афғонистон мустақар ҳастанд, ба марзи Тоҷикистон наздиктар орад. То чӣ андоза ин навиштаҳо ҳақиқат доранд?

Сатторов: Аз мулоқот бо шахсиятҳои расмии Олмон медонем, ки нерӯҳои ин кишвар дар 50 километрии марзи Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон ҷойгир ҳастанд. То ҷое, ки мо огаҳӣ дорем, Олмон низ мехоҳад, ки то поёни соли 2014 нерӯҳояшро аз Афғонистон фаро хонад. Мо
Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон, моҳи июли соли 2011
Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон, моҳи июли соли 2011
ҳаминро медонем. Лекин нақшае, ки ин нерӯҳо ба марзҳои Тоҷикистон наздиктар оянд, вуҷуд надорад. Ин ба он маъност, ки ин нерӯҳо ҳоло дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҳастанд. Вале боз ҳам дар бораи нақшаҳои оянда сӯҳбат кардан мушкил аст. Ахиран намояндаи Олмон дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз хонум Флора дар сӯҳбате ёдоварӣ кард, ки имрӯзҳо дар бораи хуруҷи нерӯҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон бисёр менависанд. Мо медонем, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамсояи Афғонистон дар минтақа аҳамияти стротегӣ дорад.

Озодӣ: Шумо Олмонро кишвари муҳиму бузурги Иттиҳодияи Аврупо арзёбӣ кардед. Оё ба музокира нишастан бо намояндагони чунин кишвар ба сафири Тоҷикистон содда аст ё мушкилиҳо ҳам дорад?

Сатторов: Содда ҳам нест, мушкил ҳам нест. Муносиботи хуби мо барои анҷом додани чунин музокирот кӯмак мекунад. Ин кишвар бо Тоҷикистон муносиботи хубу дӯстона дорад.

Озодӣ: Масалан, вақте ки дар музокирот масъалаи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон матраҳ мешавад, дар музокирот мушкилӣ эҳсос намекунед?

Сатторов: Барои ман мушкил нест. Барои он ки мо он мушкилотеро, ки дорем, пинҳон намекунем, дар бораи рафъи ин гуна мушкилиҳо сӯҳбат мекунем. Соли гузашта ҳайате аз аъзои Бундестаги Олмон аз Тоҷикистон боздид кард. Гурӯҳи ҳуқуқи башари Бундестаги Олмон дар таркиби ин ҳайат буд. Онҳо ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар карданд. Бо вазъи ҳуқуқи башар ошно шуданд, бо созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ, бо ҳизбҳои сиёсӣ сӯҳбату мулоқот доштанд. Баъд аз бозгашти ин ҳайат, ман бо аъзои он сӯҳбат доштам. Онҳо гуфтанд, ки ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи ин мушкилиҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад. Барои ҳамин ба ман роҷеъ ба ин масъалаҳо ба музокира нишастан мушкил нест. Мо ин масъалаҳоро як ҷо баррасӣ мекунем ва онҳо омодаанд барои рафъи ин мушкилиҳо ба мо кӯмак кунанд.
XS
SM
MD
LG