Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияҳо: Лимит, афзоиши нархи барқ ва мактаби ҲНИТ


Боло рафтани қимати истифода аз нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз матолиби муҳими ҳафтаномаҳои чопи Душанбест.

"ФАРАЖ"

Мавзӯи мушкилоти таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқро ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, "хушҳолии мардум барои дарёфти нерӯи барқ дер давом накард. Зеро акнун масъулони ҳукумат гуноҳи Норакро бар дӯши Вахши бечора бор карданд." Ба навиштаи нашрия, ин баҳона сабаб шудааст, ки "дар 24 соат танҳо 2-3 соат ба мардум барқ бидиҳанд." Аммо нашрия дар хитоб ба Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноат ва Абдулло Ёров, раиси "Барқи тоҷик" гуфтааст, "охирин бор кай зан ва фарзандони Шумо дар торикӣ нишаста буданд? Шояд дар асри бист?"

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Эҷоди маҳдудият дар таъмини аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқро дар матлаби "Ба Тоҷикистон барқ намерасад, зеро нерӯи барқ дуздида мешавад?" ба чолиш кашидааст. Ба навиштаи нашрия, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистон ба Афғонистон фурӯхта мешавад. Зеро нашрия ба нақл аз раиси нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ва коршиноси соҳаи энержӣ Ғуломиддин Сайфиддинов навиштааст, "ду хатти интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон бо иқтидори 220 кв ҳанӯз ҳам бо тавонии комил фаъол аст. Ин амр далели фурӯхта шудани барқро собит намекунад?"

"ИМРӮЗ-НЮС"

Дар матлаби "Тасмими Гул Шералӣ ва Абдулло Ёров ба нооромӣ меорад?" аз баланд шудани қимати нерӯи барқ изҳори ташвиш кардааст. Зеро ба навиштаи нашрия, тасмим барои боло бурдани ҳар киловат соат нерӯи барқ аз моҳи апрел болои мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум меафзояд. Нашрия менависад, "мешавад, боло бурдани арзиши нерӯи барқро як амри табиӣ ва маъмулӣ ҳам номид, аммо на барои шароити имрӯзаи Тоҷикистон." Ба навиштаи нашрия, "Худо накунад, ки бемасъулиятии раҳбарияти "Барқи тоҷик" ва вазорати энержӣ ва саноат ҳодисаҳои ғайриинтизорро бар сари мо ораду он вақт Гул Шералӣ ва Абдулло Ёров аз пайи ислоҳи камбудӣ гарданд..."

"НИГОҲ"

Назари ду нафарро овардааст, ки яке гуфтааст, "лимит"-и барқ боиси эътирозҳо шуда метавонад, аммо дигаре инро рад кардааст. Аввалӣ афзудааст, "ин (Душанбе) пойтахти кишвар аст. Ҷорӣ шудани реҷаи барқ боиси сарафкандагии миллат дар назди садҳо меҳмони хориҷӣ метавонад бошад. Ин чӣ ҳукумате, ки ҳатто наметавонад, пойтахти худро 24 соат бо нерӯи барқ таъмин намояд?" Аммо дувумӣ бар ин бовар аст, ки "мардуми мо кайҳо ба сахтиҳо "тобовар" шудаанд. Аз ин пеш ҳам "лимит"-и энергияи барқ дар пойтахти кишвар ҷорӣ гашта буд, аммо эътирозҳои мардум танҳо дар сӯҳбатҳои хусусӣ баён мегашт."

"ОЗОДАГОН"

Дар ин робита суолеро матраҳ кардааст, ки "Афзоиши нархи барқ давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистонро зери суол намебарад?" Амнияти Абдулназар, раҳабри созмони "Демократия" дар посух ба ин суол гуфтааст, болоравии нархи нерӯи барқ "теъдоди мардуми камбизоатро боз афзоиш хоҳад дод." Исмоил Талбаков, вакили порлумон низ гуфтааст, "новобаста аз он ки сатҳи камбизоатӣ дар кадом ҷомеа чанд фоизро ташкил медиҳад, болоравии нархи нерӯи барқ дар тамоми форматсияи ҷамъиятӣ ба мардум, ба истеҳсоли маҳсулот ва арзиши молҳо таъсири манфии худро мегузорад."

"МИЛЛАТ"

Дар матлаби "Нуфузи исломи сиёсӣ: иштибоҳи давлатҳои худкома ё кӯмаки Ғарб?!" навиштааст, "муҳимтарин иштибоҳи давлат ин аст, ки мехоҳад дар муқобили мактаб бо нерӯи шахсият, вазир, милиса ва ҳатто давлат мубориза кунад. Аммо ҳамаи ин шахсияту мақом бо ҳам тавони мубориза бо мактабро надорад." Дар ҳоле ки ба таъкиди нашрия, "ҲНИТ мактаб аст, мактаби исломи сиёсӣ. Дар муқобили он артиш ба кор намеравад. Дар муқобили он бояд мактаб дошт. Мактаби солим. Он мактаб мактаби ҳаракатҳои миллӣ ва демократӣ буд, ки аввал Фронти Халқӣ ва баъдан ҳамин давлат онҳоро саркӯб кард ва ба ҷои онҳо ҲНИТ-ро бузург сохт."

"СССР"

Аз болоравии нарху наво дар бозору дӯконҳо интиқод карда ва дар матлаби "Бизнеси мобилӣ наркобизнесро гузашт!" бар танзими нарх дар бозору дӯконҳои шаҳри Душанбе таъкид кардааст. Нашрия навиштааст, "муддати 20 соли фаъолияти иқтисоди бозорӣ дидем, ки нархҳо боло рафтан дораду пойин не. Барои ҳамин, дар Тоҷикистон тибқи мафкураи мардум бояд нархи ғизоворӣ зери назорат бошад ва мақомот нагузорад, ки нархҳо боло равад."

"НАҶОТ"

Ба баррасии вазъи роҳҳои вайрону валангори шаҳри Душанбе пардохта ва дар матлаби "Шаҳри калону роҳҳои вайрон" аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҳарчанд маблағҳое барои тармими роҳҳо ҳам аз сӯи ҳукукмат ва ҳам аз сӯи ронандагон пардохт мешавад, аммо боз ҳам мушкил боқӣ мондааст. Ба навиштаи нашрия, "дар ҳудуди шаҳри Душанбе бештар аз 705 километр роҳҳои мошингард ва 18 миллион метри мураббаъ роҳи пиёдагард вуҷуд дорад, ки аксари ин роҳҳо аз замони Шӯравӣ то имрӯз тармим нагардидаанд."
XS
SM
MD
LG