Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адолати Мирзо: "Муборизаи мо барои ҳақиқат буд"


Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи ҳафтаномаи «Миллат»-ро бекор кард.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар моҳи марти соли гузашта даъвои вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов алайҳи нашрияи “Миллат”-ро қонеъ карда ва ин ҳафтаномаро барои пардохти 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ва узрхоҳӣ муваззаф карда буд.

Ин қарори додгоҳро зинаи кассатсионии додгоҳи шаҳри Душанбе низ таъйид карда буд. Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе акнун ҳам ҳалномаи додгоҳи Фирдавсӣ ва ҳам қарори додгоҳи кассатсиониро лағв карда ва ба баррасии такрорӣ ирсол кардааст.

Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд.

Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.

Ба пай лағви ҳалнома алайҳи нашрияи "Миллат" аз сӯи Додгоҳи шаҳри Душанбе, аз хонум Адолати Мирзо, сардабири ин ҳафтанома пурсидем, ки ин қарорро чӣ гуна истиқбол карданд?

Адолати Мирзо: Табиист, ки хуш истиқбол кардем. Ва ман қабл аз ҳама ин қадами нахуст дар ростои пирӯзиро ба ҷомеаи журналистии Тоҷикистон, ба ҳамаи онҳое, ки барои озодии баён кор мекунанд, табрик арз мекунам. Воқеан ин пирӯзии журналистикаи тоҷик аст, пирӯзии журналистони тоҷик аст, ба хотири он ки аз ҳамон рӯзи аввале, ки додгоҳ шурӯъ шуд, ба мо пешниҳоди оштӣ дода буданд то мо аз қазия берун биравем. Вале мо ба хотири он ки, ҳақ ба ҳақдор бирасад, ба хотири он ки қонун дар ҷои худ бошад, эҳтироми қонун аз сӯи мансабдорони тоҷик риоят бишавад, ин баҳси додгоҳиро идома додем.

«Озодӣ»: Хуб пас аз ин, қадами баъдии шумо чист, оё дар баробари вазорати кишоварзӣ даъворо идома хоҳед дод ё хайр. Зеро дар оғоз, мавриди содир кардани ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, шумо гуфта будед, ки мо то охир баҳсро идома медиҳед.

Адолати Мирзо зимни гуфтугӯ бо хабарнигори "Озодӣ"
Адолати Мирзо зимни гуфтугӯ бо хабарнигори "Озодӣ"
Адолати Мирзо: Ҳоло мо мунтазири марҳилаҳои баъдии додгоҳӣ ҳастем, ки шурӯъ бишаванд. Аллакай вакили мудофеи мо дар ин маврид омодагиҳо мегирад. Ва мо ҳатман барои расидан ба зинаи ниҳоии ҳақиқат, муборизаро идома хоҳем дод.

«Озодӣ»: Аммо фикр намекунед, ки ин қарор ба манфиати "Миллат" ба дунболи он содир шуд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар чанд рӯзи пеш зимни мулоқот бо хабарнигорон аз ниҳодҳои ҳукуматӣ хост, ки баҳсҳо бо нашрияҳоро камтар кунанду корро бештар. Яъне Шумо бовар доред, ки баъд аз ин сӯҳбатҳо баҳсҳои мақомот бо хабарнигорону рӯзномаҳо ва фишорҳо алайҳи рӯзнома камтар мешавад?

Адолати Мирзо: Бибинед, Тоҷикистон қонунҳои нонавишта дорад, ки пешгӯинашавандаанд. Ва ин ки додгоҳ бо чӣ амре ба ин иқдом даст зада ва баҳсро ба манфиати «Миллат» ҳал кард, ман наметавонам ҳадс бизанам. Вале ман ба адолати суд, адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар дорам. На танҳо суханронии раисиҷумҳур, балки талошҳои зиёде ҳам аз сӯи ҳамкорони мо сурат гирифта буд ва номаҳои зиёде мо ба мақомоти қонунгузории Тоҷикистон ирсол карда будем. Ва фикр мекунам, ки дар пайи муроҷиатҳои пай дар пайи мо, ин иқдом сурат гирифтааст.

«Озодӣ»: Шумо гуфтед, ки ин оғози муваффақияти журналистикаи тоҷик аст, ки як нашрия бар як мақоми ҳукумат то ҳадде ҳам бошад, муваффақ шуд. Шумо фикр мекунед, ки қазияи дигар нашрияҳо ва рӯзноманигорон дар баробари мақомот ба манфиати журналистон ва нашрияҳо анҷом хоҳад шуд?

Адолати Мирзо: Дар ҳар коре ирода баранда аст. Агар ин иродаро ҳамкорони гиромии мо дошта бошанд, ки мубориза бикунанд, муқовимат бикунанд, ҳатман баранда хоҳанд шуд. Чун бубинед, дар оғоз, ки қазияи додгоҳии «Миллат» сурат гирифта буд ва мо шарти оштиро напазируфта будем, ҳатто хеле аз масъулони созмонҳои байналмилалии мудофеъ аз озодии баён, бо изҳори таассуф гуфтанд, ки мо бояд ин оштиро мепазируфтем. Аммо мо исрор доштем, ки таки танҳо низ мубориза хоҳем бурд, зеро мақоли хуби тоҷикӣ ҳаст, «Мурдани кампир ҳеҷ масъала нест, аммо аҷал одат мекунад.»

Ҳайати эҷодии нашрияи «Миллат» ва ҳуқуқшиносҳои мо ба ин натиҷа расиданд, ки мо бояд ҳаққи қонунии матбуотро ба исбот бирасонем, ки воқеан қонун дар Тоҷикистон аз ҳама дигар амру дастуроту бозиҳои пуштипардагӣ волотар аст.

«Озодӣ»: Дар тӯли наздики дусоле, ки баҳси додгоҳии шумо бо вазорати кишварзӣ идома дошт, вазъият рӯи кори шумо таъсир гузошт?

Адолати Мирзо: Мо дар ҳеҷ маврид аз танқид, ки аслиҳаи аслии журналистон аст, даст накашидем. Сахттар аз қабл гуфтем, фоштар аз қабл гуфтем. Ва пинҳон намекунам, ки як муддат худдорӣ буд, он ҳам ба хотири таъсир нарасондан ба раванди марҳилаҳои додгоҳӣ буд. Вале дар ин байн мо ҳушёртар шудем.

«Озодӣ»: Аммо оё дигар рӯзномаҳо дар зимни баҳси тӯлонии догоҳии шумобо вазорати кишоварзӣ, зери таъсир монданд, яъне сахтгӯиро камтар карданд ва ба худсензурӣ роҳ доданд?

Адолати Мирзо: Бале, як замоне буд, ки сӯҳбатҳо миёни нашрияҳо буд, ки зарби дасти фалон вазир ё мансабдор сахттар асту эҳсосшаванда. Вале дар маҷмӯъ дар рафтори он нашрияву рӯзноманигороне, ки воқеан ҷасорату ҷуръат доранд, ман ақибниширо эҳсос накардам.

Дар ниҳоят мехоҳам аз ҳамаи онҳое, ки дар расидан то ин қарор моро ҳамроҳӣ ва кӯмак карданд, изҳори ташаккур ва сипос кунам.

«Озодӣ»: Ташаккур Адолати Мирзо барои сӯҳбат.

Ҳукми додгоҳ дар баробари "Миллат" (навор аз бойгонӣ)

Ҳукми "Миллат"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG