Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандагон: Ҳаққи IRS-ро диҳем ё аз БДА-ро?


Аксари ронандаҳо аз вуҷуди постгоҳҳои зиёди пулиси роҳ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе шикоят мекунанд.

Ба қавли онҳо, ин постгоҳҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар миёнароҳи тарозуҳои IRS меистанд ва ронандагон маҷбур мешаванд, ки бар иловаи пардохти пули тарозуҳо ба маъмурони пулиси роҳ низ “ҳақ” диҳанд.

Саидбурҳон Бодомов, як ронанда, мегӯяд, ин постгоҳҳои БДА дар як моҳи ахир пайдо шуда ва шумораашон ҳам зиёд аст: "Вақте аз Хуҷанд берун мешавем ва пули тарозуи IRS-ро медиҳем, дар роҳ то Ғончӣ мебинед, ки се пости милиса истодааст. Аз Ғончӣ то даромади Истаравшан ҳам ду пости милисаро мебинед, ки мошинҳоро манъ мекунанд ва ҳуҷҷатҳоро дида, бо ҳар баҳона пул мегиранд. Аз Истаравшан то Шаҳристон низ боз постҳои дигари милиса истодаанд."

Як ронандаи дигар, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, бинобар чунин вазъ онҳо маҷбур мешаванд ё бо роҳҳои пинҳонӣ убур бираванд ва ё ҳангоми шаб ҳаракат кунанд. Аммо як намояндаи ширкати IRS гуфт, тибқи як қарордод бо вазорати умури дохила дар миёнароҳҳои тарозуҳои ин ширкат постгоҳҳо бардошта шудаанд.

Навбатдори Идораи БДА Файзулло Назаров мегӯяд, бо хоҳиши Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ахиран ду постгоҳ барои назорати ҳаракати нақлиёт дар роҳ ба сӯи ағбаҳо расман таъсис дода шудааст, вале дар бораи постгоҳои дигар хабар надорад: "Албатта, панҷ пост не, вале ду нуқта расман амал мекунад. Ин ҳам бо фармони муштараки Вазорати нақлиёту вазорати умури дохила ташкил дода шудааст. Як постгоҳ дар Шаҳристон ва дигарӣ дар баромади ноҳияи Истаравшан гузошта шудааст. Ҳозир медонед, ки дар ағбаҳо бар асари барфбориҳои зиёд вазъият чӣ гуна аст ва ин постгоҳҳо барои назорат гузошта шудаанд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00
Линки мустақим


Ин дар ҳолест, ки ҳатто мусофирон ҳам мегӯянд, дар постгоҳҳо аз мошинҳо пул ҷамъ меоранд ва бо ҳар роҳе ҳуҷҷатҳои онҳоро мебаранду дар бинои постгоҳҳо нигоҳ медоранд. Як мусофире, ки тоза аз Ғончӣ ба тарафи Душанбе омадааст ва худро Бахтиёр Фахриддинов муаррифӣ кард, дар сӯҳбати телефонӣ бо мо чунин гуфт: "Инҳо гӯиё мошинҳоро танзим мекунанд, лекин аз мошинфурӯшҳое, ки аз Хуҷанд ба Душанбе мошин мебаранд, пул мегиранду баъд иҷоза медиҳанд."

Ба ин тартиб, аксари ронандаҳо аз он норозӣ ҳастанд, ки имрӯзҳо ҳам пули ширкати IRS-ро мепардозанд ва ҳам дар постгоҳҳое, ки дар миёнароҳи тарозуҳои ин ширкат амал мекунанд маҷбур мешаванд як миқдори дигар маблағ диҳанд, то ба роҳашон идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG