Сомонаи интернетии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон акси ҷинояткори эҳтимолӣ Худойназар Одинаевро нашр намуд, ки рӯзи якшанбе ҳангоми боздошт худро бо норинҷак мунфаҷир кардааст. Ин торнамо дар шарҳи хабар навиштааст, Одинаев раҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ буд, ки дар таърихи 3-юми марти соли ҷорӣ ба шаҳрвандони Чин ҳамла кардааст.
Дар хабар омадааст, дар он ҳодиса, ки дар корхонаи "Обшорон"-и шаҳри Душанбе сурат гирифт, шаҳрвандони Чин мавриди ҳамлаи раҳзанона қарор доштанд. Дар пайи ин ҳодиса 7 нафар ҷароҳати вазнин бардошт. Авохири моҳи март пулис ба боздошти панҷ узви гурӯҳи роҳзан муваффақ шуд. Вазорати дохилӣ гуфтааст, “ин гурӯҳи муташаккилро ҷинояткори махсусан хавфноки дар кофтуков қарордошта, Одинаев Худойназар Шарипович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар содир кардани ҷиноятҳои роҳзанӣ, куштор, ва бандтизм даст дошт, роҳбарӣ мекард.”
Дар идома ВУД Тоҷикистон тафсилоти ҳодисаи кушта шудани худи Одинаевро шарҳ дода гуфтааст, ки ҳангоми боздошти ӯ дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе назди бинои Автовокзал “муайян карда шуд, ки ӯ бо худ ду адад норинҷак дорад”. Дар идома омадааст, ба ҳангоми кӯшиши боздошти ӯ аз ҷониби кормандони ВУД, “ҷинояткор норинҷакро ба кор даровард. Вале кормандони милиса тавонистанд бо истифодаи яроқи оташфишон ӯро безарар гардонанд ва ин ҳангом норинҷаки ба кор даровардашуда ба таркиш омад, ки ҷинояткор Одинаев аз ҷароҳати вазнини бардошта ба ҳалокат расид.” Ин сохтори қудратӣ мегӯяд, дар ҳодисаи рӯзи якшанбе ҳеҷ як аз кормандони милиса ва шаҳрвандони мулкӣ осеб надидаанд.
Ин ҳодиса дар рӯзи таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ, ки бо ширкати сарони Афғонистону Эрон ва Покистон дар Душанбе баргузор шуд, рӯй дод. Аммо манобеи Вазорати корҳои дохилӣ рабти ин таркиш ба барномаҳои ҷашнии Наврӯзи байналмилалиро рад намуданд. Маҳалли ҳодиса то дер боз таҳти назорати нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ буд. Бархе аз сокинони маҳаллаи "Автовокзал" гуфтанд, ки пеш аз таркиш дар он ҷо садои тирандозӣ низ шунида шудааст.
Хабарнигори "Озодӣ", ки пас аз чанд лаҳзаи таркиш дар он ҷо буд, мегӯяд, дар маҳалли ҳодиса осори хуну латтапораҳо боқӣ мондааст. Яке аз шоҳидони воқеа, сокини 34-солаи шаҳри Душанбе менависад, "чанд лаҳза пеш аз ҳодиса ман аз хонаам (9-этажаи якуми рӯ ба рӯи автовокзал) баромада, тарафи мағозаҳо барои дору равона шудам, ки яке садои тир баланд шуд. Аввал бовар накардам, ки тирпарронӣ шуд. Хаёл кардам, ки ягон хлопушка буд, вале вақте наздиктар ба ҷои ҳодиса шудам, боз садои тир баланд шуду мардум ба ҳар сӯ давидан гирифт."
Муаллифи нома навиштааст, марде ба тарафаш дод задааст, ки худро паси девори истодгоҳи мошинҳо пинҳон кунад. Аз чунин пинҳонгоҳ ӯ чизеро дида натавонистааст, вале шунидааст, ки баъд аз ҳар 10-20 сония тирпарронӣ сар мешуд ва ҳар дафъа, ба навиштаи ӯ, шиддати бештар мегирифт: "Ба назари одам ҳамин хел мерасид ки гӯиё тирпарронӣ аз ду тараф меомад. Дар ҳамин лаҳзаҳо яке бо як садои баланд таркиш ба амал омад, чанд сония оромӣ шуд ва мардум сӯи ҳодиса давиду ман ҳам рафтам. Ҳама чиз бароям намоён шуд. Дидам, одаме, ки худашро кафонд, дар қадди раҳ дар замин хоб буд. Камтар дуртар аз вай гурӯҳи одамон бо автомату пистолет бе формаи милиса. Яъне бо формаи гражданӣ истода буданд. Одами дар замин хоб либосҳояш пури хун ва сӯхта буданд. Бӯи сӯхтор ҳамаро иҳота кард."
Ба навиштаи ин шоҳиди воқеа, садои тирандозӣ мардуми зиёдеро ҷамъ овард ва кормандони милисаю ҳарбиён ба пароканда кардани онҳо иқдом намудаанд. Аммо дар бораи шахсе, ки пулис ӯро Одинаев меномад, хонандаи торнамои "Озодӣ" ин гуна меафзояд: "Одаме, ки ӯро аввал паррондан баъд худро кафонд, зинда буд, чунки милисахо фақат пояшро захмӣ карданд. Ӯ зинда буд, вайро дар як "старекс", ки дар он "Цум" навишта шуда буд, савор карда, бо ҳамроҳии милисаҳо бурданд. Дар ҷои ҳодиса ман бо шофёри "старекс"-е, ки милисаҳо ба сӯи он тир холӣ карданд ва ҷои тир ва тирезаҳои пеши мошиинаш шикаста буданд, ҳамсухан шудам. Бечора як мардаки калон, одами ба хайр будааст, ки зинда мондааст. Гуфт, вақте ки милисаҳо ин фардро сур (таъқиб) карданд, аз қафояш давиданд ва тирпарронӣ карданд, шахс ҳар тараф медавидааст ва тарафи "старекс" давида чӣ коре карданӣ буд, ки маҳз дар пеши "старекс" ӯро захмӣ карданд ва каме дуртар аз он ӯ худро тарконд. Шофёри "старекс" мегӯяд, "худоро шукр, ки ӯ худро дар пеши ман натарконд, чанд одам дар даруни старекс ҳам буданд". Ба фикри ман барои шофёр ёрии психологӣ лозим, вале дар ҷои мо чунин чизҳо ҳоло ба назар гирифта намешаванд. Ана ҳамин буд, чизе ки ман дидам."
Сипосгузорем аз хонандаи торнамои "Озодӣ" барои дар зудтарин фурсат навиштани ин нома ба мо, ки манзараро аз дидгоҳи дигар тасвир мекунад.