Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба бознигарии "қонуни масъулияти волидон"


Пас аз қабули қонуни масъулияти волидон шумораи наврасони душвортарбия дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ҳудуди 40 дарсад афзудааст.

Аз қабули қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон наздики як сол сипарӣ мешавад. Аммо масъулону намояндагони марказҳои кор бо кӯдакон аз он нигаронӣ доранд, ки ин қонун дар боло бурдани масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд чандон мусоидат накарда, баръакс теъдоди кӯдакони душвортарбияро дар муассисаҳои махсуси ислоҳӣ бештар намудааст.

Намоз Бобоев, роҳбари мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ мегӯяд, агар то қабулу баррасии қонуни масъулияти падару модар дар мактаби онҳо ҳудуди 40-50 наврси аз 11 то 16-солаи душвортарбия нигаҳдорӣ мешуд, ҳоло теъдоди онҳо қариб ба 90 нафар расидааст. Ба қавли Бобоев, онҳо ҳар ҳафта 2 ё 3 хонандаи навро қабул мекунанд.

Омили аслии ин, ба қавли Намоз Бобоев, на дар афзоиши шумораи душвортарбияҳост, балки бо ин роҳ волидон бори масъулиятро аз шонаҳои худ холӣ мекунанд. Бинобар ин, ҷаноби Бобоев пешниҳод дорад, ки ин масъалаҳо ҷиддан баррасӣ шуда ва қонуни масъулияти падару модар ҳам бозбинӣ гардад.

Мутобиқи оинномаи мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ, ки бештар бо номи "Спецшкола" маъруф аст, дар он бояд танҳо кӯдакону наврасоне барои ислоҳшавӣ ва тарбия фаро гирифта шаванд, ки ҷинояте содир кардаанд. Аммо ба гуфтаи Намоз Бобоев, раҳбари ин муассиса, ҳоло қариб 50 дарсади кӯдакону наврасони мактаби махсус дар ҷурму ҷинояте даст надоранд. Онҳо кӯдакони одии шӯх, вале аксарият аз оилаҳои камбизоату миёнҳол ё носолиманд, ки бар асоси санадҳои нодуруст ба ин муассиса оварда шудаанд.

Шариф ҳам яке аз чунин наврасон аст. Ӯ 16 сол дорад ва 2 моҳ боз дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ба сар мебарад. Вай ҳангоми сӯҳбат беист ашк мерехту хеле мехост ба назди модар ба хонаводааш баргардад. Ин навҷавони тоҷик гуфт, ҳеҷ гуноҳе накардааст, фақат ба иллати нодорӣ дар соатҳое, ки бояд дар дарси мактаб бошад, дар маршруткаҳо ба ҳайси пулчин кор кардаву маблағ ба даст меовард. "Падарам бандагӣ крадааст, ду хоҳари бемор дорам, кор мекардам. Гапи модарамро гӯш намекардаму кор мекардам ва модарам маро ба ин ҷо овард. Мехоҳам модарам маро аз ин ҷо бигирад. Ба мактаби худамон меравам, он ҷо беҳтар аст",-афзуд ин ҳамсӯҳбати мо.

Аммо Рустам Қодирқулов, навраси дигарро, ки низ модараш иҷборан ба ин мактаб овардааст, мегӯяд, ӯ дарсҳояшро хуб мехонд ва ягон кори ношоям ҳам намекард. Ҳоло Рустам мегӯяд, агар аз ин муассиса берун ҳам шавад, дигар ба назди чунин модар, ки аз ӯ даст кашидааст, бар нахоҳад гашт: "Ҳамааш хуб буд. Яке модарам гуфт, ки туро ба "спетсшкола" мебарам. Ман нафаҳмидам, ки ин ҷо куҷост ва нафаҳмидам чаро. Падару модарам дар хурдсолиам аз ҳам ҷудо шудаанд ва модарам, ки кадом марде дошт, бо ин роҳ аз ман халос шуд, ба фикрам."

Зимни сӯҳбати мо бо ин бачаҳо дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ модаре ба аёдати фарзандаш омад. Ӯ, ки худро Саодат муаррифӣ кард, мегӯяд, ҳеҷ модар намехоҳад ҷигарбандашро аз худ дур кунад, аммо иқрор шуд, ки ба танҳоӣ аз ӯҳдаи таълиму тарбияи фарзандаш набаромада ва ӯро ба ин ҷо овардааст.

Ин дар ҳолест, ки масъулони кор бо кӯдакон мегӯянд, дар муассисаҳои ислоҳӣ гузоштану рафтани фарзандон ва бо ин худро аз масъулияту ҷарима дур кардан, роҳи ҳалли масъала нест. Онҳо таъкид мекунанд, ки ин атфол ба оғӯши гарми волидонашон ниёз доранд ва бояд дар миёни ҷомеа, дар хонаводаҳои худ тарбия ёбанд, на дар муассисаҳои пӯшидаву ислоҳӣ. Намоз Бобоев, раҳбари мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ мегӯяд, ин амали волидон боис ба он мешавад, ки дар кӯдакон як навъ эҳсоси бадбинӣ ва бемеҳрӣ нисбати волидону ҷомеа бедор мешавад. Ин амалҳо метавонад, наврасонро оянда ба ашхоси хатарнок дар ҷомеа табдил диҳад.

Масъулони мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар дур мондани кӯдакону наврасон аз тарбия, носолимии хонаводаҳо ҷомеа ва мактабҳои миёнаро айбдор медонанд, ки наметавонанд бо ин гурӯҳи наврасон ба қавле забон ёбанд.

Дар зимн, ёдрас мешавем чанде пеш додгоҳи шаҳри Хуҷанд як модари соҳиби 3 фарзандро барои монеа эҷод кардан дар таҳсили фарзандонаш ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Гуфта мешавад, дар ин минтақа дар соли ҷорӣ чаҳор падару модар барои риоя накардани қонуни масъулияти волидон ба пардохти ҷарима муваззаф шудаанд.
XS
SM
MD
LG