Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка гуфт, қабл аз додани иҷозати бозгашти сафирони ИА ҳар кадоми онҳоро шахсан баррасӣ хоҳад кард. Сафирони ИА дар моҳи феврал ба нишони эътироз ба вазъи ҳуқуқи инсон тарки Беларус карда буданд. Лукашенка гуфт, барои бозгашти ин сафирон, ИА бояд бархӯрдаш нисбат ба давлати ӯро тағйир диҳад. Минск ду моҳ пеш дар посух ба таҳримоти ИА аз сафири ИА ва Лаҳистон хост, то тарки Беларус кунанд. Ба навбаи худ ИА аз ҳамаи 27 кишвари узваш даъват кард, сафирони худро аз Минск фаро бихонанд.