Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари марҳиласози Шоҳзода Оғохон ба Тоҷикистон


Шоҳзода Карим Оғохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар сафари Бадахшон, 31 октябри соли 2006.
Шоҳзода Карим Оғохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар сафари Бадахшон, 31 октябри соли 2006.

Додугирифти охир байни ду тараф метавонад, оғози ҷанбаҳои тозае дар ҳамкориҳои зиёда аз 20-сола бошад.

Сафари пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Шоҳзода Карим Оғохони 4 ба Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта (4-уми апрел) ҳарчанд як андоза печхӯрда буд, ба беҳтарин натиҷаҳои мумкин расид. Оғохон аз сабти номи расмии Маркази исмоилиҳо дар Душанбе изҳори сипос кард ва дархостҳои тарафи Тоҷикистонро пазируфт. Баъд аз дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имоми исмоилиёни ҷаҳон гуфт, эътирофи ҳуқуқии марказ имкон хоҳад дод, ки "ҷомеаи исмоилиёни Тоҷикистон худро ҳамон гуна ки дар кишварҳои дигар аст, созмондиҳӣ кунад ва ниҳодҳои бунёдии ин ҷомеа фаъол гарданд."

Аммо Тоҷикистон аз ин мулоқот чӣ хоҳад гирифт? Мақомоти расмии Душанбе дар ин бора норӯшан ҳарф задаанд, аммо боз ҳам худи раҳбари исмоилиён масъалаҳоеро, ки дар мулоқот баррасӣ шудаанд, номбар намуд: “Он чӣ ба мулоқот бо ҷаноби раисҷумҳур рабт дорад, мо вазъи минтақаро таҳлил кардем ва қисмате аз сӯҳбатамонро ба масъалаҳои зербинои миллии иқтисоди Тоҷикистон бахшидем. Зеро ҳар кишвар ҷузъе аз равандҳои ҳамгироии минтақавист ва ин ки ин кишвар бояд фаъол бошад, хеле муҳим аст.»

“Вазъи минтақа” ва “зербинои миллии Тоҷикистон” дар ин сӯҳбатҳои имом Оғохон вожаҳои калидӣ буда метавонанд. Таври маълум рӯёрӯӣ бо Узбакистон, муносибатҳои начандон рӯшану ҳамвор бо Русия, вазъи Афғонистон дар ростои хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 метавонанд ба ибораи аввал ва шиддат гирифтани роҳбандон ё бунбасти коммуникатсионии Тоҷикистон, ниёз ба энержӣ ва зарурати сармоягузориҳои хориҷӣ ба дувум рабт гиранд.

Мамадшо Илолов
Мамадшо Илолов
Вале оё дар робита ба “вазъи минтақа” пешвои исмоилиёни ҷаҳон ба ҳалли мушкилҳои Тоҷикистон ёрӣ карда метавонад? Раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, Мамадшо Илолов мегӯяд, “фикр мекунам, ки метавонад, зеро дар таърихи 20-солаи мо чунин ҳолатҳо буданд ва чанд мисол ҳаст, ки ҳазрати Оғохон бевосита ба ҳалли мушкилоти Тоҷикистон сари кор гирифтанд ва натиҷаи хуб ҳам оварданд ва дар оянда ҳам чунин мешавад, чунки нигоҳи ин шахсияти барҷастаи байнулмилалӣ ба Тоҷикистон хеле нек аст. Тоҷикистонро дӯст медорад. Ва дар байни Оғохон ва президенти кишвар ҳамдигарфаҳмӣ хеле хуб аст. Ман боварӣ дорам, Оғохон тарафи Тоҷикистонро мегираду ба мо кӯмак мекунад.”

Ба ақидаи бисёре аз таҳлилгарон, ёриҳои Оғохон ба Тоҷикистон дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97 ва бозсозии баъдиҷангии Тоҷикистон шиддати иҷтимоиро коҳиш дода, мавзеъгирии сиёсии ӯ ба нармиши мухолифони ҳукумати Раҳмон ва пешрафти гуфтушуниди сулҳ мусоадат кард. Сармоягузориҳои Шабакаи Рушди Оғохон дар риштаҳои энержӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба намунаҳое табдил ёфтанд, ки сармояҳои бештари хориҷиро ба кишвар ҷалб намуданд.
Шабакаҳои Оғохон дар наздик ба 40 давлати ҷаҳон фаъолият доранд ва гардиши солонаи онҳо зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бо нашри хабар дар бораи бунёди чаҳорумин пул рӯйи рӯдхонаи Панҷ ва байни Тоҷикистону Афғонистон як маҷаллаи ғарбӣ худи Оғохонро ба пуле монанд кардааст, ки ҷомеаҳо ва қораҳо, дин ва бизнес, даромад ва накӯкорӣ, Ғарб ва Шарқ, сарватмандон ва камбағалон, ҳукуматҳо ва мухолифонро ба ҳам мепайвандад. Моҳи октябри соли 2006 ҳангоми ифтитоҳи пули нав дар Ишкошим пешвои исмоилиён гуфта буд: “Вақте ки ҳамсозӣ мешиканад ва низоъ сар мезанад, пеш аз ҳама пулҳоро тахриб мекунанд, аммо вақти оштӣ ва ва бунёдкорӣ пулҳое месозанд, ки бояд ба рушду рифоҳ хидмат кунанд.”

Артем Улунян
Артем Улунян
Ба ақидаи Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, Тоҷикистон аз Оғохон пеш аз ҳама кӯмакҳои молиявӣ мехоҳад ва Оғохон бо назардошти манфиатҳои худ, яъне суботу амният дар Тоҷикистон, некӯҳолии мардуми он ва аз ҷумла ҷомеаи исмоилиҳо ва рушди “Исломи фарҳангӣ” тайи солҳои дароз чунин имдодро расондааст. Вай меафзояд, аз эҳтимол дур нест, ки ҳоло мақомоти Душанбе аз Оғохон як навъ миёнаравӣ бо Ғарбро низ хоста бошанд: “Тоҷикистон ҷӯёи пуштибонии муайян дар хориҷ аз минтақа аст ва пеш аз ҳама дар байни онҳое, ки дар умури минтақа дахиланд, аммо ҳамзамон ба Тоҷикистон бегона нестанд. Дар ин самт он аз ягонагии миллатҳои форсизабон низ истифода мекунад, яъне Тоҷикистон, Эрон ва шимол ё тамоми Афғонистон. Гузашта аз ин Оғохон ба доираҳои ҷамъиятӣ ва метавон низ гуфт, сиёсии Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида таъсири муайяне дорад. Биноан, барои Душанбе як канали муайяни муколама бо Ғарб, як канали мустақил, хеле муҳим шудааст.”

Аммо корманди Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Комёб Ҷалилов сафари Оғохонро як сафари корӣ барои баррасии тарҳҳои нави иқтисодӣ мешуморад ва мегӯяд, вазъи минтақа ё робитаҳо бо Узбакистону Русия дар ин ҷо нақше надоранд. Ҳамзамон ӯ низ равобити наздики Оғохон бо Ғарбро тасдиқ мекунад, аммо меафзояд, ки “дар ҳамаи ҳаракатҳо манфиат муҳим ва ҳалкунанда аст ва пас манфиате дар байни ду ҷониб мавҷуд аст, ки онҳоро ба ҳам меорад.”

Комёб Ҷалилов
Комёб Ҷалилов
Яке аз аввалин тарҳҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон бозсозӣ ва такмили нерӯгоҳи “Помир 1” буд, ки мафҳуми “лимити барқ”-ро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз байн бурд. Баъдан тарҳҳои дигари энержӣ иҷро шуданд ва дар ин сафараш Оғохон ҳамчунин қарордодеро ба имзо расонд, ки интиқоли барқ ба Афғонистонро дар назар дорад. Дар солҳои баъд шӯъбаҳои Бонки сармоягузории хурди Оғохон дар ҳамаи вилоятҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Оғохон дар Тоҷикистону Қирғизистон боз шуд&

Дар соли 2002, ҳангоми мулоқот бо раисиҷумҳури вақти Русия, Владимир Путин, Оғохон иқрор кард, ки “хайру саховат ба маънии фақат ба одамон тақсим кардани пул нест.” Вай гуфта буд, ҳадафаш сармоягузориест, ки одамон худ соҳиби пул шаванд ва ба дигарон ёрӣ кунанд. Ба қавли Мамадшо Илолов, ҳоло дар намояндагиҳои ин ду ниҳод дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 шаҳрванди кишвар машғули коранд ва ниҳодҳои бонкии Оғохон ба даҳҳо ҳазор нафар қарзҳои боимтиёз дода, бо ин роҳ дар рушди соҳибкорӣ саҳм мегиранд.

Созмондиҳӣ шудани ҷомеаи исмоилиёни Тоҷикистон аз як сӯ ба густариши фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Бунёди Оғохон ва ҳам Шабакаи Рушди Оғохон роҳ боз мекунад, аммо аз сӯи дигар мумкин аст, хатти байни суннӣ ва шиъаро дар ин кишвар намоёнтар кунад. Сабаб дар он аст, ки сохтори ниҳодҳои иқтисодии Оғохон дар ҳамаи кишварҳо шаклбандии ҷамоатҳои исмоилиро такрор мекунад. Муаллифони ғарбӣ чунин шабоҳатро дар мисоли “кумитаҳои тиббӣ” ва ҷамоатҳо таҳқиқ кардаанд. Пас аз мулоқоти рӯзи 4-уми апрел бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Шоҳзода Оғохон “ниҳоди оштӣ ва доварӣ”-ро намуна овард, ки хоҳад тавонист, мисли додгоҳҳои ҳакамӣ баҳси байни одамонро дар ҷомеаи исмоилиён ҳал кунад ва онҳоро оштӣ диҳад. Шарҳ дода нашуд, ки баррасӣ бар пояи қонунҳои шариат сурат хоҳад гирифт ё кодексҳои мавҷуда.

Коршинос Улунян мегӯяд, таваҷҷӯҳ ва ҳамкории наздики Тоҷикистон бо Оғохон як руҷӯъ ба Исломи мӯътадил ё ба таъбири ӯ, “фарҳангӣ” низ аст ва он ҳам дар ҳоле ки “ҳукумати Тоҷикистон ахиран нигаронии бештаре аз исломгароӣ, равияҳои шабеҳи салафӣ ё куллан сиёсатзадагии ислом нишон медиҳад.”

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
Таҳлилгари маркази “Диалог” ва узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода мегӯяд, бархӯрди мақомоти кишвар бо Ислом солҳои охир “як навъ духелагӣ ё думеъёрӣ пайдо кардааст. То ҷое ки низоми феълии Тоҷикистон худро ҳомии мазҳаби ҳанафия мешуморад ва онро мазҳаби расмӣ эълон кардааст, аммо дар ин байн Исломи сиёсиро зери фишор қарор медиҳад." Ба ақидаи Комёб Ҷалилов, дар ин раванд баҳси байни мақомоти расмии динӣ ва хонадони Тӯраҷонзодаҳо, ки ба шиъагарӣ муттаҳам шудаанд, "як иштибоҳи тарафайн" мебошад. Ҳарду ҳамсӯҳбатони мо бар инанд, ки Тоҷикистон аз баҳсҳои байнимазҳабӣ, ки дар дигар кишварҳо фоҷиа ба бор меоранд, орист ва бояд чунин бимонад.

Назарияи худи Шоҳзода Карим Оғохони 4 дар масъалаи Ислом ба гунаест, ки ӯро ба пули байни ду мазҳаб монанд мекунанд. Вай хостори ин аст, ки дин ниёзҳои маънавии инсонро бароварда созад ва дар ҷомеа на ба тундравӣ, балки созгорӣ ва ҳамкорию ҳамоҳангӣ, озодии андеша ва таҳкими сулҳ мусоадат намояд. Аз сӯи дигар талошҳои ӯ ба он равона шудаанд, ки пайравонаш таҳсилдида, пешсаф ва мардумсолор бошанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва ҳам Русия то солҳои 2000-ум зимни тамаркузи Оғохон ба аҳолии Бадахшон ба ин фаъолиятҳо бо чашми шубҳа менигаристанд. Он давра буд, ки баъзе матолиби манфӣ ва танқидӣ дар Душанбе ва Маскав мунташир шуд. Дар яке аз онҳо Помири Тоҷикистон барои Оғохон ба Тибет барои Далай-лама ташбеҳ шудааст. Ҳарду раҳбар ҳамзамон динӣ ва мулкиянд, аммо қаламрави алоҳидае барои давлатдорӣ надоранд. Вале таърихи 20 соли охир нишон дод, ки ҳарду ҷониб аз ҳамдигар розӣ боқӣ монда, Тоҷикистон Оғохонро дӯсти худ мешуморад ва дар лаҳзаҳои мушкил ба ӯ рӯйи ниёз меорад.

Таблиғи филми мустанаде аз ҳаёту корнома ва андешаву ақидаҳои пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони 4:

XS
SM
MD
LG