Шӯрои амнияти Тоҷикистон гуфт, масъалаи саммити раҳбарони кишварҳои узви СПАД ё ОДКБ дар нишасти вазирони умури хориҷии ин кишварҳо рӯзи панҷуми апрел дар Остона баррасӣ шудааст.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ ҳам даҳсолагии таъсиси ин созмон ва ҳам бистсолагии имзои Созишномаи паймони амнияти дастиҷамъӣ таҷлил карда мешавад.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми апрел дар нишасти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаркулманофеъ ва созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Остона ширкат дошт. Дафтари матбуоти СПАД ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, вазирони хориҷаи кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ бештар вазъи амниятии марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ва ҳамчунин масъалаи марбут ба интиқоли транзити нерӯҳои эътилофи зиддитеррор аз тариқи қаламрави кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаркулманофеъро баҳс кардаанд.
Бо ин ҳол, дақиқ нест, ки оё раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар ин саммит дар шаҳри Маскав иштирок хоҳад кард ё на. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ҳоло ин масъала ниҳоӣ нашудааст.
Ҳарчанд намояндагони созмони Паймони амнияти дастиҷамъӣ (ОДКБ) ба баргузории саммити сарони кишварҳои узв дар Маскав изҳори хушбинӣ мекунанд, вале коршинсон ҳузури ин созмонро дар ҳалли низоъҳо, ки дар дохили ин кишварҳо тайи як даҳсолаи ахир рух додааст, муассир намеҳисобанд. Баръакс, онҳо барномаҳои созмони НАТО-ро дар беҳбуд бахшидани вазъи амниятии кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, муваффақтар аз СПАД арзёбӣ мекунанд.
Дар созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ 7 кишвар - Арманистону Беларус, Русияву Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон узвият доранд. Паймони амнияти дастиҷамъӣ соли 1993 миёни бархе аз кишварҳои шӯравии пешин дар Тошканд ба имзо расида буд. Аммо дар соли 1998 Узбакистон аввалин кишваре буд, ки Паймони амнияти дастаҷамъиро тарк намуд.
Аммо дар соли 2005 ба дунболи ҳаводиси Андиҷони Узбакистон, ки садҳо нафар кушта шуд ва равобити Узбакистон бо Ғарб тира гашт, Тошканд дубора ба канори Маскав наздик шуд ва ҳамин тавр Узбакистон бори дигар узви Паймони амнияти дастиҷамъӣ шуд.
Аммо муносибати Тошканд бо ин Паймон, ки акнун ба Созмон табдил шудааст, ҳамеша ноҳамгун буда ва Узбакистон мехоҳад шароити ҳузури худ дар СПАД-ро амалӣ кунад. Ба ин манзур, Узбакистон аз ширкат дар чандин тарҳи Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ зарфи се-чаҳор соли гузашта худдорӣ кардааст. Аз ҷумла Узбакистон ба таъсиси нерӯҳои муштараки вокуниши сареи СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мухолифат карда буд.