Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ду сокини шаҳри Душанберо, ки дар марги як корманди БДА – и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муттаҳам мешуданд, ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард. Додгоҳ Озодбек Одинаев 10 ва Саидмухтор Мирҷоновро 9 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо ба қавли Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои оилаи Шариповҳо, бар пояи Қонуни авф ҳукми аввал беш аз 3 ва дуввумӣ 3 соли расо кам карда шудааст.
Бино ба иттилои расмӣ, 27 апрели соли гузашта онҳо Равшан Шарипов, корманди БДА – ро ҳангоми ифои вазифа дар хиёбони Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе мавриди латукӯб қарор дода буданд. Равшан Шарипов пас аз чанд рӯз дар бемористон фавтид.
Дар оғоз додситонӣ бар асоси модаи 108-и қонуни кайфарӣ қатли Равшан Шариповро "амали дар натиҷаи беэҳтиётӣ" унвон карда, муттаҳамонро раҳо карда буд. Аммо хешовандони Шарипов аз ин ба мақомоти гуногун, аз ҷумла Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод муроҷиат карданд. Раиси ин ниҳод Фаттоҳ Саидов зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар ин маврид ба раисҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат карда, норизоиятии худро ба додситонӣ аз ин қазия иброз намудааст. Пас аз ин додгоҳ баррасии ин парвандаро аз сар гирифт.
Аммо ба қавли падари Равшан Шарипов, барои марги писараш танҳо Одинаев ва Мирҷонов муттаҳам шуданд, дар ҳоле ки ба бовари ӯ, дар латукӯб на ду, балки чаҳор нафар ширкат доштанд. Мурофиаи парвандаи куштори Равшан Шарипов чандин бор мавқуф гузошта шуд ва танҳо имрӯз баргузорр гашт.
Зимнан, ин дуввумин қазияи марги кормандони милиса тайи чанд моҳи ахир аст, ки раванди таҳқиқаш аз сӯи пайвандон таҳти суол гузошта мешавад. Қаблан Абдулло Пиров, бародари Саъдулло Пиров, раҳбари собиқи хадамоти амнияти дохилии вазорати корҳои дохилӣ, ки тибқи фарзияи ин ниҳод, дар Хуҷанд аз сактаи қалб фавтид, низ шикоят карда буд, ки бародараш кушта шудааст, на ба аҷали худ даргузаштааст. Додситонии кул ҳам марги Саъдулло Пировро «куштор» унвон кард ва ҳоло ин қазияро баррасӣ мекунад.