Раёсати гумруки вилояти Суғд қочоқи маводи сӯхт аз Қирғизистонро тасдиқ кард, аммо гуфт, ин маводи сӯхти қочоқӣ на ба он андозаест, ки ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Афғонистон содир бишавад. Ба қавли масъулони ин ниҳод, тоҷикон бензину соляркаи арзони қирғизиро танҳо барои ниёзҳои дохилӣ истифода мекунанд.
Аз ин пеш, ҳукумати Қирғизистон ба мақомоти ин кишвар дастур дода буд, ки барои ҷилавгирӣ аз содироти ғайриқонунии маводи сӯхт аз вилояти Бодканди ин кишвар ба вилояти Суғди Тоҷикистон чораҷӯӣ кунанд. Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти Қирғизистон соли ҷорӣ дар ин қисмати марз 22 мавриди қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистонро кашф карда ва дар робита ба ин ҳодиса парванда ҳам боз кардаанд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар як шабонарӯз ҳудуди 400 тонна маводи сӯхт аз ин кишвар ба вилояти Суғд қочоқ ва аз ин тариқ ба Афғонистон фиристода мешавад.
Парвиз Шералиев, муовини сардори раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ин иддаоро, ки бензину соляркаи арзони қирғизӣ ба Тоҷикистон ворид ва сипас ба Афғонистон содир мешавад, нодуруст номид. Ӯ гуфт, "дар ҳақиқат, сокинон бо бушкаву бензингири нақлиёти худ бензину соляркаи қирғизро аз маҳалҳои наздимарзии Бодканд ба Суғд ворид мекунанд. Аммо ин ки дар мошинҳои бузург ба сӯи мо сӯзишворӣ кашонанд, ин кам мушоҳида мешавад. Бензину соляркае ҳам, ки аз Қирғизистон ворид мекунанд, кам буда ва фақат барои истифодаи дохилист. Содироти бензини қочоқии қирғиз аз Тоҷикистон ба Афғонистон умуман воқеият надорад."
Ба гуфтаи Шералиев, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 400 тонна сӯзишвории қочоқии қирғизиро дар хатти марзи Суғду Бодканд ошкор ва дар робита ба он парванда боз кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, дар ин муддат ба вилояти Суғд аз Русия бо роҳи қонунӣ ҳудуди якуним ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар нуқтаҳои фурӯши бензин дар Хуҷанд як литр бензини навъи А92 ба қимати 5 сомониву 90 дирам ба фурӯш гузошта шудааст. Бензину соляркаи қирғизӣ арзонтар аст, аз ин рӯ бештари сокинони наздимарзӣ ҳам ба он бартарӣ медиҳанд.
Рустам Юсуфӣ, сокини деҳаи Андараки ноҳияи Лайлак, ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, мегӯяд, "нархи бензин дар Бодканд назар ба Бишкек, ба пули тоҷикӣ гӯем, ду сомонӣ фарқ дорад. Масалан, ҳозир дар Бишкек нархи 1 литр бензин наздики 3 сомониву 20 дирам аст, дар Бодканд 4 сомониву 30 дирам. Дар бензинфурӯшиҳои манотиқи наздисарҳадӣ қариб панҷ соомнӣ нарх дорад."
Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон барои воридоти як тонна бензини русӣ 370 доллар боҷи гумрукӣ пардохт мекунад. Аммо Русия дар соли 2011, пас аз як соли ҷорӣ шудани чунин боҷ, бар ивази бидуни иҷорапулӣ дар ихтиёри худ гирифтани пойгоҳи низомии Кант ба Қирғизистон барои воридоти миқдори солонаи сӯзишворӣ боҷи гумрукиро бекор намуд. Моҳи феврали соли ҷорӣ қарордоди миёни Қирғизистону Русия дар ин бора барои соли 2012 тамдид шуд, аммо ба шарти он ки Қирғизистон ҳаққи монополияи содирот ва фурӯши сӯзишвориро дар ихтиёри ширкати "Газпромнефт-Азия", тобеи "Газпром"-и Русия бигузорад.
Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, акнун табдирҳои ҷилавгирӣ аз қочоқи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз сӯи ҳамин ширкат тақвият меёбад. Русия мехоҳад, роҳи қочоқи сӯзишвории арзонро бар рӯи харидори дигари бензини худ, Тоҷикистон, ки ҳозир нест мисли қирғизҳо замини худро бепул барои пойгоҳи ҳарбии Русия гузорад, бубандад. Афзун бар ин, Русия мехоҳад моҳи оянда боҷи гумрукиро ба 414,6 доллар боло барад. Аммо мусоҳиби мо Рустами Юсуфӣ мегӯяд, ҳаваси ба даст овардани фоида соҳибкорони қирғизро ба афзудани бензинфурӯшиҳо дар маҳалҳои наздимарзии Суғду Бодканд таҳрик медиҳад. Ҷойҳое, ки сокинони наздимарзии Суғд бемушкил метавонанд ба он бензинфурӯшиҳо дастрасӣ ёбанд.
Як сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам гуфт, дар чанд моҳи ахир танҳо дар қисмати қирғизии канори шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом дар ин мавзеъ шумораи бензинфурӯшиҳои қирғиз аз 1 то 6 адад афзудааст. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, чун сарҳад барои гузари сокинону нақлиёти ҳар ду ҷониб боз аст, ронандаҳои тоҷик низ метавонанд бидуни мушкил зарфи нақлиёти худро бо бензин ё солярка пур кунанд.