Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Миллат": "Оё дар воқеъ матбуоти мо озод аст?"


Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар ҳошияи таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот - 3 май, дар меҳвари матолиби бештаре аз нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор дорад.

«Фараж» дар матлаби «Озодӣ» рӯзи байналмилалии озодии баёнро ба танз «рӯзи матбуоти мустақил» ном бурдааст. Нашрия сабаби инро чунин шарҳ додааст, «мақомоти масъули давлатии вобаста ба ВАО рӯзи таҷлили аввалин нашрияи мустақили хусусӣ - «Бухорои шариф» - ро дар санаи 11 март аксар ҳолат ба хотири ҷудоиандозӣ миёни журналистону нашрияҳо истифода мебаранд. Яъне ба таъкиди нашрия, «агар солҳои пеш фақат аз матбуоти давлатӣ ҳарф мезаданду мукофот медоданд, имсол ҳамон матбуоти мустақилро вобаста ба муносибати шахсиашон ба худиву бегона ҷудо карданд». Ин аст, ки нашрия менависад, «ва рӯзи севвуми май ҳамасола бештар сӯҳбатҳо аз матбуоти озод мешаваду соҳибмукофотҳо журналистони мустақил.»

«СССР» низ дар матлаби «1 рӯзи озодӣ» вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Муаллиф ин суолро матраҳ кардааст, ки «озодии матбуот бештар ба кӣ даркор аст? Ба рӯзноманигорон ё мардум?». Муаллиф инро суоли стратегӣ хонда ва навиштааст, ки «рисолати «ҳокимияти чорум» будани матбуот дар он сурат маълум мешавад, ки дар симои мардум ва хонандаи худ нашрияву журналистон ҳомии худро пайдо кунанд». Зеро ба таъкиди муаллифи матлаб, «агар озодии матбуот ва мушкилоти онро танҳо ба журналистон вогузоред, ҳеҷ гоҳ ба озодӣ намерасед!. Ин ҳақиқатест, ки ахиран бояд дуруст ҳазм шавад». Ҳамзамон муаллиф бар ин ақида аст, ки «то ҳукумат қавӣ набошад, матбуот наметавонад худро озод ҳис кунад!».

«Нигоҳ» дар ин замина дар матлаби «Озодӣ ва пул» навиштааст, ки «агар ҳукуматро зарур аст, ки фазои амнияти иттилоотиаш таъмин ва дар ҳимояи манфиатҳои аслии миллати тоҷик дар ин фазо саҳмгузор бошад, бояд пеш аз ҳама дар ташаккули журналистикаи воқеан миллӣ саҳм гирад». Ба таъкиди нашрия, «агар матбуоти мустақил аз ҷониби ҳукумат кӯмаки молӣ карда шавад, аз манфиат берун нест.»

«Миллат» ҷӯёи посух ба суоли «Оё дар воқеъ матбуоти мо озод аст?» шуда ва рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова, гуфтааст, ки «матбуоти мо озод аст, вале озодии мо махсусияти худро дорад». Зафари Суфӣ, муассиси нашрияи «Озодагон» гуфтааст, «дар Тоҷикистон матбуот озод аст ё нест, ба унвони муассиси як расона гуфтани ман, то ҷое шояд зери суол равад. Ин ки баъзе мавзӯъҳо дар Тоҷикистон манъ шудааст, ҷойи баҳс нест, ҳамчуноне, ки дар ҳар кишвари дигар низ, хатҳои сурхе кашида шудааст, ки намешавад, аз онҳо гузашт». Аммо Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» бар ин бовар аст, ки «ВАО -и Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи президентии соли 2013 эҳтимол дорад бо мушкилоти тоза ба тоза, ки бо аз нашр мондан анҷом меёбад ва одатан пеш аз интихобот сурат мегирад, рӯ ба рӯ шавад».

«Озодагон» мусоҳибаеро бо сафири Русия дар Тоҷикистон зери сарлавҳаи «Юрий Попов: Русияву Тоҷикистон бидуни ҳамдигар наметавонанд», чоп кардааст. Попов вазъияти сиёсии Тоҷикистонро «дар умум мӯътадил» арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки «воқеаҳои араб, ки мо шоҳиди он будем, ба Тоҷикистон ҳеҷ рабте нахоҳад дошт». Ҳамчунин ба таъкиди сафири Русия, «раҳбарияти Тоҷикистон бо вазъияти начандон хуби хориҷӣ барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони ҷавон талош дорад. Агар мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодие пеш омад, он зуд бартараф мегардад.»

«Азия плюс» низ гуфтугӯи хонандагонашро бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дарҷ кардааст, ки вай гуфтааст, «на танҳо ҳукумат, балки мухолфин низ масъулияте дар баробари кишвар доранд». Кабирӣ, дар бораи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» гуфтааст, ки «мо бояд ин нерӯгоҳро оромона месохтем, он гуна, ки дигарон чунин мекунанд. Мутаассифона, ин тарҳи муҳими иқтисодиро ба сиёсӣ табдил додем ва он қадар афсонаҳо атрофи он бофтем, ки ҳатто ҳамсояҳо низ бовар карданд». Вай дар робита ба равобити Тоҷикистон ва Узбакистон бар ин назар аст, ки «муносибот миёни ҳар ду ҳамсоя ҳангоме беҳбуд меёбад, ки ба фикру андешаи мардум ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Узбакистон эҳтиром қоил шавад.»

«Наҷот» мавзӯи рисолати зиёиён ва уламо дар дифоъ аз манофеъи миллиро ба чолиш кашидааст. Нашрия бо ишора ба мизи гирде, ки таҳти ин ном дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, «ҷудо кардани зиёиёнро зиди манофеъи миллӣ арзёбӣ кардааст». Чун ба бовари академик Мӯсо Диноршоев, чунин бардошт мешавад, ки дар гузашта қишри рӯҳоният шомили аҳли зиё шумурда намешуда, вале алъон бардошти дуруст ин буда, ки рӯҳониён ҳам ҳамчун зиёӣ шинохта шаванд». Зеро ба қавли Диноршоев, уламо ду қисмат буданд, ки яке дар самти дунявият ва дигаре дар самти динӣ фаъолият доранд ва ба ин далел наметавон уламои диниро аз суфуфи ашхоси зиёӣ берун донист, балки онҳо низ шомили ин қишранд. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратежии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ гуфтааст, ки «вақте сухан аз манфиатҳои миллӣ меравад, ҷудо кардани зиёиён маънӣ надорад». Вай афзудааст, «танҳо зиёиёнро аз нигоҳи фалсафию идеологӣ метавон ба диниву дунявӣ ҷудо кард, лекин дар масъалаҳои манфиатҳои миллӣ ҳар касе онҳоро ҷудо мекунад, бар зидди манфиатҳои миллӣ сухан кардааст».
XS
SM
MD
LG