Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар дар таркише дар Қумсангир


Роҳи Дӯстӣ-Панҷи Поён (акс аз бойгонӣ)
Роҳи Дӯстӣ-Панҷи Поён (акс аз бойгонӣ)

Бар асари таркиш дар як муассисаи коркарди нафт дар ноҳияи Қумсангир, ду нафар кушта ва ду тани дигар шадидан захмӣ шудаанд.

Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир ба Радиои Озодӣ гуфт, таркиш рӯзи панҷуми май дар маҳаллаи «Нефтянник» - и ҷамоати Панҷ, дар як муассисаи коркарди нафт мавсум ба «Сулола» рух додааст.

Вай афзуд, таркиш дар пайи аз ҳад зиёд ҷӯшидани систернаи ҳомили мазут ба вуқӯъ пайвастааст: «Он як хусусият дорад, ки агар аз ҳад зиёд ҷӯшад, мисли шир хаф пайдо мекунад. Маълум нест, шояд коргарон фаромӯш кардаанд, ки гармиро қатъ кунанд ё ягон кори дигар шудааст, ки систерна таркидааст.»

Ба қавли раиси ноҳияи Қумсангир, ду нафареро, ки сӯхтаанд, умуман шинохта намешавад, аммо вазъи сиҳатии онҳоро табибон мӯътадил арзёбӣ кардаанд. Вай афзуд, ба мардуми атроф зиёне нарасидааст.

Қудратулло, як сокини деҳаи Розиқобод, маҳалли зисти яке аз кушташудагон ва наздик ба корхона мегӯяд, як таркиши баландеро шунидаанд, ки мардумро ба ташвиш овардааст: «Баъд фаҳмидем, ки як систернаи 40 тонна кафидааст. Шунидем, ки ду кас ҳалок шудааст. Аммо вақте рафтем, маҳалли ҳодисаро милисаҳо печонда буданду мардумро намегузоштанд, ки дохил раванд.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00
Линки мустақим


Манобеъи расмӣ мегӯянд, корхонаи «Сулола», воқеъ дар 10 километрии шаҳраки Дӯстӣ - маркази ноҳияи Қумсангир, давлатӣ аст, аммо бино ба манобеи ғайрирасмӣ, он корхонаи хусусӣ буда, дар он ҳудуди 40 нафар кор мекунанд. Ин корхона бо тавлиди маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла мазуту салярка ва бензин аз нафт машғул буда, ба яке аз тоҷирони сатҳи кишвар тааллуқ доштааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таркиш дар корхонаи нафтро як таркиши хурд унвон кард. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, як систернаи 25 - тоннагӣ, ки дар дохили он 10 тонна мазут ҷой доштааст, таркида, ду нафар ба ҳалокат расидаанд ва касе ҷароҳат набардоштааст: «Кормандони хадамоти оташнишонӣ ба зудӣ вориди маҳалли ҳодиса шуда, нагузоштаанд, ки сӯхтор ба дигар систернаҳо ҳам гузарад. Айни ҳол тафтишот дар ин ҷо аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.»

Дар ҳоле, ки аз манобеъи гуногун иттилои мухталиф мерасад, як коршиноси маҳаллӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ин таркиши оддӣ набуда, эҳтимол меравад хисороти зиёде дар пай дошта бошад. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз хисороти ин инфиҷор ҳисоб карда нашудааст ва дар ҳоли ҳозир як комиссияи тафтишотӣ дар ҳайати мақомоти додситонӣ, пулис, амният барои муайян кардани сабабҳои он ва ҳаҷми хисороти ворида, оғоз ба кор кардааст.
XS
SM
MD
LG