То имрӯз танҳо ҳизбе, ки дар мавриди шахси номзадаш алакай тасмим гирифтааст, ҳизби ҳокими халқӣ-демократист, ки мегӯяд, дар соли 2013 низ аз номзадии президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят хоҳад кард.
Номзади ҳизби ҳоким маълум аст
Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳоким гуфт, тасмими ниҳоиро, албатта, анҷуман хоҳад гирифт, вале инки номзади онҳо боз ҳам Эмомалӣ Раҳмон хоҳад шуд, ҷои ягон шакк надорад: “Номзади мо алакай маълум аст. Аксари ҳизбиҳо ба ин фикранд, ки арзандатарин дар ҳизби мо ҷаноби олист. Мо ният дорем, ӯро пешбарӣ кунем. Умеди қатъӣ дорем, ки ба пирӯзӣ бирасем ва пирӯз ҳам мешавем, чунки мо алакай дар ҳудуди 3 миллион нафар як электорати бисёр қавӣ дорем. Барои афзоиши шумори электорат бояд дар байни мардум кор барем. Ба ҳамин хотир, баъд аз маҷлисҳои ҳисоботии ҳизб маъракаи таблиғу ташвиқро сар мекунем.”
Дар интихоботи соли 2006 аҳзоби умдаи мухолиф номзаде пешбарӣ накарданд ва Эмомалӣ Раҳмон бар 4 номзаде, ки ба назари ағлаб, танҳо ба хотири алтернативӣ ва пуррақобат ҷилва додани ин маърака сабтином шуданд, ба осонӣ ғолиб омад. Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, инак 20 сол боз раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад ва бархе мунтақидонаш, аз ҷумла раиси ҳизби сотсиал-демократ Раҳматулло Зоиров, бо такя ба ин банди Қонуни асосӣ, ки замони раёсати як нафарро бо ду давраи ҳафтсола маҳдуд мекунад, як давраи панҷсолаву як давраи ҳафтсолаи раёсатро пушти сар гузошта, ҳаққи ӯ барои ширкат дар интихоботи соли 2013-ро ба чолиш кашидаанд.
Аммо имрӯз аз қонунмандии ҳаққи ҷаноби Раҳмон боз ба як давраи дигар дида, ин масъала доғтар аст, ки оё аҳзоби мухолиф инбор ба пешбарии номзади ҷиддие дар муқобили ӯ ҷуръат хоҳанд кард ва оё рақиби билқуввае дар саҳна ҳаст, ки битавонад бо ӯ дар интихоботи соли 2013 дасту панҷа нарм кунад?
Музокироти Масъуд Собиров
Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократ ахиран изҳор дошт, ки аҳзоби дигар музокиротро барои пешбарии як номзади ягона оғоз кардаанд. Собиров гуфт, ҳадафи онҳо на дар рӯи коғаз, балки дар воқеъ пуррақобат кардани майдони интихобот аст, ки бар қонунмандии пирӯзии барандааш ҳатман хоҳад афзуд. Масъуд Собиров мӯътақид аст, ки номзади ягонаи мухолифон шонси пирӯзӣ дар интихоботро ҳам дорад, вале дар сурати шикаст ҳам бо он фисаде ки ба даст меорад, метавонад даъвои ҳузур дар сохторҳои ҳукумати ояндаро кунад.
Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, ин ташаккули умдаи мухолифин дар ягон музокирот барои пешбарии номзади ягона ширкат надорад ва шеваи ширкат ва муборизааш дар интихоботи соли ояндаро низ ҳанӯз муайян накардааст: “Тасмими ниҳоиро ҳанӯз нагирифтаем. Танҳо тасмим ин аст, ки мо ҳамчун як ҳизби сиёсӣ дар интихобот ширкат хоҳем кард. Ҳатман бо номзад, иншоаллоҳ. Аммо ин номзад аз дохили ҳизб мешавад ё аз хориҷ, ин чизест, ки баъд маълум хоҳем кард.”
Аммо Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ, ки бо Радиои Озодӣ аз Маскав сӯҳбат мекард, гуфт, аҳзоби мухолиф танҳо дар сурати пешбарии як номзади ягона метавонанд бо Эмомалӣ Раҳмон рақобат кунанд: “Дақиқ аст, ки дар интихобот Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои сатҳҳои мухталифи ҳокимияти давлатиро, албатта, ба манфиати худ истифода мебарад. Бино бар ин, бо ҳам иттиҳод ҷустани раҳбарони ҳизбҳо боиси ҷиддитар доир кардани интихобот ва муттаҳид кардани нерӯҳои ақлониву молиявӣ низ мешавад, то як интихоботи ҷиддӣ доир шавад.”
7 бар зидди 1?
Бо ин ҳол, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов – раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ба эҳтимоли дар пешорӯи интихобот дар як эътилоф ба ҳам омадани тамоми аҳзоб зиёд хушбин нест: “Ман ба ин бовар надорам. Имкон надорад, ки дар як тараф ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бимонад ва дар тарафи дигар – 7 ҳизби гунонун. Чунки ҳам идеологияи онҳо, ҳам барномаҳои онҳо ва ҳатто характери раҳбаронашон ба ин имкон намедиҳад. 3 ё ҳатто 4 ҳизб шояд муттаҳид шаванд чун дар соли 2005, вале 7 бар зидди 1 ғайриимкон аст дар Тоҷикистон.”
Ба ақидаи Муҳаммадазимов, ҳатто дар сурати бастани эътилоф низ танҳо натиҷааш каме ҷонноктар шудани ҷунбиши ҳизбӣ дар кишвар хоҳад шуд, вале шонси ҳатто номзади ягона дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон камтар боқӣ мемонад: “Агар ягон ҳаводиси фавқулодда, чун камбуди шадиди барқ ё қатъ шудани интиқоли пули муҳоҷирон пеш наояд, имрӯз ягон номзади умумимиллие нест, ки бо Эмомалӣ Раҳмон рақобат кунад. Аз як сӯ, айб дар заифии худи аҳзоб аст. Аммо агар заъфҳо ва қувватҳои оқои Раҳмонро бубинем, шояд боз ҳам хидматаш дар сулҳ таблиғ шавад. Албатта, фишангҳои маъмуриву давлатӣ ҳаст, ки имкон медиҳад, то ӯ нисбат ба ҳама рақибони назариявиаш рақобатпазир бошад.”
Аҳзоб аз худ гила кунанд
Таҳлилгари тоҷик Ҷамшеди Қувват мегӯяд, аҳзоби мухолиф, ки маъмулан танҳо дар пешорӯи интихоботҳо аз “хоби зимистонӣ” бармехезанд, фурсати омодагӣ ба ин маъракаро алакай аз даст додаанд ва гумон аст, ки дар якуним соли боқимонда то интихобот ба натиҷаи зиёде ноил шаванд. Ба ақидаи Ҷамшеди Қувват, бо вуҷуди мушкилоти фаровоне, чун азоби муҳоҷирату бебарқиву бегазӣ ва фасоду амсоли ин, як бахши аъзами мардуми суннатгаро, ё ба таъбири Бозори Собир, “ҳокимпарвар”-и тоҷик боз ҳам ба Эмомалӣ Раҳмон раъй хоҳад дод, чунки дастикам дар ҳоли ҳозир алтернативаи билқувваеро дар муқобили ӯ намебинад.
Ҷамшеди Қувват мегӯяд: “Мардуми ҷангдида якбор ки заҳри инро чашид, дигар хеле боэҳтиёт қадам мегузорад. Ва шояд касеро арзандатар аз оқои Раҳмон барои ин мақом надорад ё намебинад. Аҳзоб ва шахсиятҳое мебояд бо барномаҳое, ки ба мушкилоти ин мардум расида битавонад. Ингуна шахсро шояд пайдо накарданд. Албатта, аҳзоб бояд аз нотавонии худ гила кунанд. Шикоят силоҳи заифон аст. Аҳзоби мо, ки заифанд, на дар танҳоӣ ва на дар кадом эътилофе кореро анҷом дода наметавонанд дар интихоботи пешорӯӣ.”
Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳоким ҳам мегӯяд, аҳзоби мухолиф ба маҳзи пойгоҳи заифи иҷтимоӣ ва нуфузи ночизе, ки доранд, қодир нестанд, рақиби билқувваи номзади ҳизби халқӣ-демократӣ шаванд: “Ба назари ман, онҳо дар ҷомеа он қадар такягоҳи иҷтимоӣ надоранд. Ва шояд дар мавриди интихоби номзади ягона ҳатто ба як қарор ҳам нарасанд, чунки ҳар ҳизб манфиати худашро дорад. Мо омода ҳастем ба ҳар ҳизбу созмоне, ки мехоҳад дар баробари мо номзади худашро пешбарӣ кунад. Вале аниқ аст, ки муваффақ намешаванд, чунки нуфуз надоранд. Бо як ё ду ҳазор узв, ё ҳатто бо 10 ё 15 ҳазор ин ҳизбҳо чизеро ҳалл карда наметавонанд.”
Мухолифон: Мо ҳастем!
Аммо Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ гуфт, агар ҳизби ҳоким ба ҳимояти мардум инқадар мутмаин бошад, пас чаро то ҳол ба як интихоботи дар воқеъ озод роҳ намекушояд? Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, "Агар ҳарфи онҳо асос медошт, ниёз ба маҳдуд кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳо намемонд. Баръакс мусоидат мекарданд, ки дар садову симо бо намояндагони аҳзоби мухолиф низ мизҳои мудаввар ва сӯҳбатҳо сурат бигирад. Аммо камтарин фурсатро дар вақти интихобот медиҳанд ва он ҳам кӯшиш мекунанд, ки ҳангоми пахши сӯҳбати номзадҳои мухолифон ба мардум барқ надиҳанд, то ки мардум имкони шунидан ва муқоиса кардани барномаҳо ва шахсиятҳоро надошта бошад.”
Дар ҳоли ҳозир, барои пешбарии номзад ҳам қарори анҷумани ҳизб ё созмонҳои ҷамъиятие, чун Иттифоқҳои касаба ва Иттиҳоди ҷавонон, лозим аст ва ҳам камаш 200 000 имзо ба тарафдории ин ё он номзад, ки аҳзоби мухолиф миёншиканаш мехонанд. Аҳзоби мухолиф ҳамин тавр, ба зарурати тағйири ҳатмии қонуни интихобот ва ҷалби намояндагони аҳзоб ба ниҳодҳои интихоботӣ таъкид мекунанд.
Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, дар сурати дар дасти намояндагони ҳамон як ҳизби ҳоким боқӣ мондани умури куммиссиюни интихобот гумон аст, ки ягон раъйгирӣ дар кишвар озоду шаффоф баргузор шавад: “Шарти аввали мо ҳамин аст ва мо ҳоло дар фикри пешниҳоди тағйирот ба қонуни интихоботи президентием. Муҳимтарин талаб шомил кардани намояндагони аҳзоб ба қитъаҳои интихоботист. Дар чанд интихоботе ки гузашт, мо бо набудани аъзои ҳизбҳо дар қитъаҳо мушкил доштем ва ҳеҷ намедонистем, ки раъйи гирифтаи мо куҷо мешавад?”
Хориҷ аз низом
Таҳлилгарон мегӯянд, мардум аз дидани ҳамон як чеҳраҳои қадим дар саҳнаи сиёсӣ низ то ҷое дилгир шудаанд ва зуҳури гурӯҳҳои интернетие, чун Ҷунбиши миллӣ, ки дар хориҷ бо талаби таъмини шаффофияти интихоботи Тоҷикистон таъсис ёфт, ҳокист, ки дар оянда дар Тоҷикистон низ шояд чун дар Русия мухолифини хориҷ аз низом ба майдон бидароянд. Абдуғанӣ Муҳаммадазимов мегӯяд, ин таҳаввулоти нав дар дарозмуддат нақши ҷиддитар ба даст хоҳад овард, вале дар интихоботи пешорӯ таъсири чунин фаъолиятҳои маҷозӣ бештар ба қишри зиёӣ ва ҷавонон буда, аксарияти мардум ба маҳзи дастнорасии Интернет ва иттилоот ҳатто аз вуҷуди гурӯҳҳое чунин дарак надоранд.
Тоҷикистон аз замони касби истиқлолаш дар соли 1991 чор дафъа интихоботи президентӣ ва 4 интихоботи парлумонӣ доир кардааст, ки нозирони байналмилалӣ то кунун ҳеҷ кадомашро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи озод ва демократӣ дарнаёфтаанд. Ба ақидаи мусоҳибони мо, интихоботи соли 2013 – нахустин интихобот дар Тоҷикистон баъд аз силсилаи инқилобҳои “Баҳори Араб” - дар ҳеҷ сурат, шабеҳи ҳеҷ як аз интихоботҳои гузашта нахоҳад шуд, вале танҳо дар моҳи ноябри соли оянда маълум хоҳад шуд, ки ин маърака бардошти то ҳол манфӣ дар бораи табиати интихоботҳои Тоҷикистонро то куҷо дигар хоҳад кард?