Ислоҳи қонун "Дар бораи истеҳсолоти иҷроӣ" аз сӯи вакилони порлумони Тоҷикистон ба додрасҳои иҷрогар ё "судиҷрочиҳо" ин ҳақро дод, ки бе санксияи додгоҳ шаҳрвандони қарздорро аз сафар ба хориҷа боздоранд. Ин тағйиру ислоҳ ба қонуни мазкур аз сӯи Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод ва аз сӯи ваиклон тасвиб гардид.
Маҳдуд кардани сафари шаҳрвандони қарздор ба хориҷ аз Тоҷикистон беш аз ҳама Давлатшоҳ Собиров, сокини 27-солаи Душанберо хушҳол кардааст. Ӯ умед дорад, ки ба дунболи эътибор пайдо кардани ин банди қонун шояд дӯсти ваъдахилофаш аз Русия баргардаду панҷ ҳазор доллари ӯро баргардонад. Давлатшоҳ манзили худро ба яке аз дӯстонаш фурӯхт, аммо харидор пас аз интиқоли санади манзил ба номаш, пардохти 5 ҳазор доллари боқимондаро ба таъхир гузошт.
Давлатшоҳ воқеаро ин гуна нақл кард: "Се сол пеш хонаамро ба як дӯстам фурӯхтам. Панҷ ҳазор доллар боқӣ монда буд ва дӯстам ваъда кард, ки ба Русия мардикорӣ мераваду қарзи маро бармегардонад. Вале чун ба Русия рафт, дигар на телефонҳояш ҷавоб медиҳад ва на худаш занг мезанад. Барои ин қарз, мо аз идораи нотариалӣ ҳуҷҷат гирифта будем."
Масъулони вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, маҳз ҳамин таъхир дар пардохти қарз аз сӯи шаҳрвандон ва бо фиребу найранг дар бозпас гардонидани қарз ин вазоратро маҷбур кард, ки ислоҳи қонун "Дар бораи истеҳсолоти иҷроӣ"-ро ба порлумон пешниҳод кунад. Ба қавли Аюбҷон Шарифов, муовини раҳбари раёсати судиҷрочиён дар вазорати адлия, дар кишвар мавридҳои зиёде сурат мегирад, ки як нафар аз нафари дигар қарздор мешавад, аммо нафари қарздиҳанда қарори додгоҳ дар даст наметавонад қарзи худро бозпас бигирад. Инчунин, ба гуфтаи ӯ, нафарони зиёде ҳастанд, ки аз пардохти алимент барои тарбияи фарзандони худ фирор мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир дар феҳрист (рӯйхат)-и танҳо вазорати адлияи Тоҷикистон номи бештар аз 100 нафар сабт шудааст, ки қарзҳои мухталифи худро барнагардондаанд. Вай афзуд, акнун ин феҳрист аз вазорати адлия ва додгоҳҳо ба фурудгоҳу вокзали роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои марзӣ низ ирсол мешавад: "Ин қонун танҳо ба хотири қарздорон аст, на ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ. Ба он хотир ки аксари афроди қарздор фиребгар ҳастанд, баъзеи онҳо аз 5-6 нафар қарз гироифта ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор мекунанд ва дигар барнамегарданд. Аммо мардуми қарздиҳанда ҳар рӯз ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд, ки мо чӣ кор кунем."
Ҷаноби Шарифов илова кард, қарздороне, ки дар ҳолати зарурӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон сафар карданианд, танҳо пас аз муроҷиат ва мушаххас кардани ҷои зист ва мӯҳлати бозгашташон аз хориҷа иҷозаи сафар пайдо хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки қарз метавонад мухталиф бошад, аз қарзи шахсӣ гирифта, то надодани андоз, пули обу барқу газ, алимент ва монанди инҳо. Барои мисол, танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 1000 зан ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардаанд, ки ҳамсарони собиқашон аз пардохти алимент худдорӣ мекунанд ва қарздоранд. Ҳамин аст, ки таҳлилгарон мегӯянд, маҳдуд кардани сафари қарздорон ба хориҷ аз кишвар бар изофаи он, ки нақзи ҳуқуқи инсон аст, имкон дорад бо ҳадафҳои сиёсӣ низ истифода шавад.
Амнияти Абдулназар, таҳлигари тоҷик мегӯяд, "як донишманди инглис гуфтааст, "қонун тор аст ва қонунбарор тортанак". Яъне тортанак дар торҳои худ чарх мезанад ва магасу дигар ҳашарот ба торҳои ӯ мечаспанд ва тӯъмаи тортанак мешаванд. Ба ҳамин монанд қонунҳоро мешавад бо ҳар ҳадаф истифода кард, агар ҳукумат хоҳад, ин қонунро ба манфиати худ истифода мебарад ва ҳар нафари дилхоҳашро муттаҳам ба ин қонун ва муҷозот кунад, яъне садди роҳи ӯ барои аз Тоҷикиситон хориҷ шудан шавад."
Бар асоси иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон феълан 470 ширкат дар кишвар аз пардохти андоз қарздор ҳастанд, ки қарзи аксари онҳо бештар аз 3 ҳазор сомонист. Ба ҳамин тартиб, шумораи зиёди мардум, ба хусус тоҷироне ҳастанд, ки андоз аз даромади худро сари вақт напардохтаанд. Тавре, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ ахиран аз сӯи додситонии кулли Тоҷикистон санҷида шуданд ва ҳадди ақал ду ҳизби мухолиф, коммунист ва наҳзати исломӣ барои напардохтани молиёт ҷарима шуданд.