Муовини вазири умури хориҷӣ ва духтари раисҷумҳури Тоҷикистон, Озода Раҳмонова, рӯзи ҷумъаи 25-уми май дар Душанбе дар мавзӯи “Рушди қонунгузориҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои занон дар солҳои 1917-2011 дар Тоҷикистон” рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, 15 узви Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқ аз рисолаи номзадии ӯ якдилона пуштибонӣ карда ва онро як пажӯҳиши илмии муҳим хондаанд.
Озода, ки унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд, ин тадқиқотро бо раҳбарии собиқ ректори Донишгоҳи давлатӣ, академик Фозил Тоҳиров ба анҷом расондааст. Котиби Шӯрои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи Назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқ, Галина Азизқулова, дар бораи аҳамияти ин рисолаи номзадии муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, “вақте дар Ғарм “ташкилотҳои ғайридавлатӣ” барои ҳифзи ҳуқуқи занон ташкил мешавад, занони кӯҳансол нафақаи ночиз мегиранд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ танҳо ба ташкили кофе-брейкҳо машғуланду занҳои камсаводи мо дар саҳни хонаҳои баландошёна рӯз то бегоҳ менишинанд, мавзӯи рисолаи ҳимояшуда хеле муҳим аст.”
Хонум Галина гуфт, бо вуҷуди он, ки унвонҷӯ обистан (ҳомиладор) буд ва мавзӯи рисолааш низ ба ҳуқуқи зан рабт дошт, ба ҳайси мунаққидони рисолаи ду олими мард сафарбар шудаанд. Олими риштаи ҳуқуқ дар Русия Сергей Бабурин ва дотсенти Академияи корҳои дохилии Тоҷикистон Каримбой Солиев дар ин имтиҳон ба ҳайси мунаққид ва ё оппонентҳои Озода Раҳмонова иштирок карданд. Аммо азбаски ворид шудан ба толори ҳимояи рисола имкон надошт, гуфтан душвор аст, ки Озода Раҳмонова ва мунаққидони ӯ нақши қонунҳои кишвар дар рушди озодии занонро дар 90 соли гузашта ва маҳорати пажӯҳишгарии муаллифи рисоларо чӣ гуна арзёбӣ карданд.
Бо он ки рӯзи ҳимояи рисолаи номзадии Озода ва мавзӯи пажӯҳиши ӯ аз тариқи интернет эълон шуда буд, боз ҳам ҳузури ходимони пулис ва кормандони амниятӣ ба хабарнигорон имкон надод, ки ба толор ворид шаванд ва ҷараёни баҳси унвонҷӯ ва мунаққидони ӯро аз наздик бубинанд. Ҳамчунин аксбардорӣ аз духтари раисиҷумҳур ва рисолаи ӯ низ ғайриимкон буд. Гузашта аз ин дар ҳоле, ки муовини вазири хориҷӣ дар дохили толор аз пажӯҳиши худ гузориш медод, гаштугузори донишҷӯёну корафтодагон дар дохили бино мамнӯъ буд.
Озода Раҳмонова сеюмин фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон буда, моҳи сентябри соли 2009 муовини вазири хориҷӣ таъйин шуд. Пеш аз ин, ӯ бахши консулгарии вазоратро таҳти назар дошт. Бо доштани 9 фарзанд -- 2 писар ва 7 духтар, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон серфарзандтарин президенти қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ шумурда мешавад.
То соли 2007 президент Раҳмон талош кардааст, ки фарзандонаш дар маҳзари ом набошанд. Ин қолаб дар соли 2007, бо шурӯи фаъолияти Озода Раҳмонова дар бахши консулгарии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шикаста шуд ва фарзандони дигари президент пушти сари ҳам ба ҷомеа муаррифӣ шуданд.
Рустами Эмомалӣ писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарфи назар аз синну сол се масъулияти хеле муҳимро бар дӯш гирифтааст. Вай ҳамзамон сарвари Раёсати мубориза алайҳи қочоқ дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон, муовини раиси Созмони ҷавонон ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон аст. Ӯ муддате ҳам узви маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе буд.
Ду сол пеш духтари дигари раисиҷуҳмур -- Заррина Раҳмон, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунад, ба сифати гӯяндаи ахбори телевизиони давлатӣ ба забони англисӣ зуҳур кард. Мақомоти телевизион гуфтанд, ин як озмоиш ва таҷрибаомӯзӣ буд.
Соли 2010 Фарзона Раҳмон, духтари кӯчаки раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар яке аз литсейҳои бонуфузи пойтахт таҳсил мекунад, дар як сабқати байналмилалии миёни хонадагони мактабҳои миёна дар Екатеринбурги Русия медали тило ба даст овард. Ҳафтаи гузашта Сомони Раҳмон, писари хурдии раисиҷумҳур дар як Олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия, дар бахши барномасозии компютерӣ баранда шуд ва медали тило гирифт.