Комил Арешов, муассиси созмони “Дасти ёрӣ“ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои сабти ном кардани созмон бештар аз як моҳ зарур шуд ва созмон ба зудӣ дафтари худро дар Маркази “Шарқи Озод” дар шаҳри Душанбе боз хоҳад кард ва нахустин кӯмаки хайрияи созмон ба ятимхонаҳои шарқи Тоҷикистон хоҳад буд: “Аз якум то сеюми июн ба ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол меравем, ки се ятимхона доранд ва 45 нафар дар онҳо тарбия мегиранд. Мо барои онҳо либосҳои зиёде ҷамъ кардем ва мехоҳем барояшон 145 баста васоили рахти хоб бихарем. Ҳамчунин барои ин кӯдакон як зиёфати идона меороем.”
Созмони “Дасти ёрӣ” дар заминаи гурӯҳи Кӯмак ба кӯдакони Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар Фейсбук фаъол буд ва бо истифода аз ин шабака низ барои кӯдакони мӯҳтоҷ дар ятимхонаҳои Тоҷикистон кӯмак ҷамъ мекард. Комил Арешов ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ин кори хайр ба онҳо афроди хайрхоҳ аз ҳар гӯшаву канори дунё, аз ҷумла тоҷикони бурунмарзӣ пул мефиристанд: “Чун ҳамеша ба мо оҳиста оҳиста ва кам-кам кӯмак мекунанд, чанде пеш аз Канада 300 доллар фиристоданд. Аз Русия, Америка ёрдам мекунанд. Одамон ба ҳар роҳе саъй доранд, аз тариқи мо саҳми худро дар кӯмак ба кӯдакони мӯҳтоҷ гузорад.”
Комил Арешов бо истифода аз минбари худ, яъне гурӯҳи Кӯмак ба кӯдакони Тоҷикистон аз панҷ моҳи пеш то кунун барои чандин ятимхонаву интернатҳои махсус кӯмак расонидааст, аз ҷумла ба се ятимхона дар Душанбе ва ҳам парваришгоҳи кӯдакони маъюб дар маҳаллаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор. Комил Арешов мегӯяд, аз таваҷҷӯҳи мардум ба масъалаи кӯдакон дар Фейсбук маълум аст, ки мардум мехоҳанд, то дар ҳаққи ятимон ғамхории бештар сурат бигирад ва сабти ном шудани созмони “Дасти ёрӣ” дар вазорати адлия имкон медиҳад, бо ҷалби маблағҳои бештар аз созмонҳои имдодӣ дар ҳаққи ятимони тоҷик бештар некӣ кунанд.
Ӯ мегӯяд, аксаран баъди тарки ятимхонаҳо дар ёди ӯ чашмони маъюси кӯдакон мемонад: “Ҳамеша лаҳзаи тарки ятимхона дар ёди кас мемонад. Вақте ба ятимхона меояд, ҳамаи онҳо бо шодиву хурсандӣ туро пешвоз мегиранд, вале вақте онҷоро тарк мекунӣ дар чашми кӯдакон ғамро мебинӣ ва дар чашми онҳо мехонӣ, ки чаро шумо инҷо бо мо намемонед ва ё мо мехоҳем, ки шумо зуд зуд ба хабаргирии мо биёед. Шумо инро аз нигоҳашон мефаҳмед. Онҳо ташнаи муоширати бештар ҳастанд, аммо деворҳои интернат ин чизро барои онҳо маҳдуд мекунад.”
Комил Арешов мегӯяд, умедвор аст, мардуми хайрхоҳ аз ин баъд ҳадди аққал моҳе 20 сомонӣ барои кӯмак ба ятимони чашмбароҳу мӯҳтоҷ ба ҳисоби созмони хайрияи “Дасти ёрӣ” мегузоранд. Маблағе, ки шояд касе барои як наҳор хӯрданд сарф мекунад. “