Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истироҳати тобистона дар хона, лаби баҳр ё осоишгоҳ?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино бар пешгӯиҳои ҳавошиносон, сокинони Тоҷикистонро тобистони гарме дар интизор аст.

Маъмулан дар чунин мавсим аксарият талош мекунанд ба рухсатӣ бираванд ва аз офтоби сӯзони шаҳр ҷое панаҳ бубаранд. Аммо оё сокинони кишвар барои тобистони имсол чӣ нақша доранд? Қарор аст дар куҷо истироҳати худро пушти сар кунанд ва оё аслан мардум истироҳат хоҳанд кард ё на?

Ҷумъа Сараев, як сокини Тоҷикистон мегӯяд, рухсатии имсолаи ӯ, ки ба моҳи май рост омад, қариб анҷом меёбад, аммо мисли солҳои дигар истироҳати ӯ на дар ягон фароғатгоҳу осоишгоҳҳои дохил ё хориҷи кишвар, балки дар хона бо иҷрои баъзе корҳои шахсӣ мегузарад: «Нияти тафреҳу истироҳат ҳам надоштам. Чанд сол шуд ба нияти истироҳат ҷое нарафтаам. Шароит ба ин иҷозат намедиҳад ва бинобар ин феълан беҳтарин истироҳат бароям дар назди фарзандон будан аст.»

Давлатмурод Ҷумъаев
Давлатмурод Ҷумъаев
Ҳоло дар Тоҷикистон ягон пажӯҳише дақиқ накардааст, ки чанд дарсади сокинони кишвар имкони истироҳату фароғат дар осоишгоҳҳои хуб ва мавзеъҳои хушбоду ҳавои дохил ё хориҷи кишварро доранд ва чӣ теъдод аслан аз истироҳат дар осоишгоҳҳо маҳруманд. Аммо иқтисодшинос Давлатмурод Ҷумъаев мегӯяд, имрӯз онҳое имкони дамгирӣ дар осоишгоҳҳои нисбатан хуби дохили кишварро доранд, ки маошашон ҳадди аққал болотар аз 300 доллар аст. Дар маҷмӯъ ӯ дар ин маврид сокинони кишварро ба 3 қишр тақсим мекунад: қишри доро, миёнаҳол ва камбизоат.

Ба ақидаи ҷаноби Ҷумъаев дар шароите, ки нисфи аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли фақр ба сар мебаранд, барояшон рӯхсатӣ ва рӯзҳои истироҳатӣ ягон аҳамияти вижае надорад ва ин рӯзҳо ҳам барои ин қишр чун рӯзҳои дигар пайи дарёфти қути лоямут сипарӣ мешавад: «Беш аз 50-60 дарсади аҳолии Тоҷикистон камбизоатанд ва дар ҳоли фақр қарор доранд ва ин қишри аҳолӣ аз истироҳат дар осоишгоҳу фароғатгоҳҳо маҳруманд. Бубинед, як роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳои дохили кишвар аз 150 доллар болотар аст, ин ба маошу моҳонаи аксар сокинон баробар нест, бинобарин барои ин қишр рӯзӣ кориву истироҳатӣ як аст.»

Аммо қишри дигари сокинони кишвар, ки зиндагии нисбатан беҳтару миёнҳолона доранд, ба худ иҷозаи истироҳати як ё дуҳафтаина дар бархе аз осоишгоҳҳои кишварро медиҳанд. Фаррух Иззатуллоев, сардори раёсати рушди саёҳии Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, солҳои ахир дар баробари сайёҳони хориҷӣ, таваҷҷӯҳи мардуми шаҳрнишини кишвар ҳам ба минтақаҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу мавзеъҳои хушбоду ҳавои кишвар бештар мешавад.Ба қавли ӯ, имрӯз дар ҳудуди кишвар 76 минтақаи сайёҳӣ, аз ҷумла осоишгоҳҳои табобативу фароғатӣ фаъолият мекунанд ва истироҳат дар осоишгоҳҳои дохили кишвар ба ҳисоби миёна аз 500 то 1000 сомониро ташкил медиҳад.

Оқои Иззатулоев меафзояд: «Имрӯз гурӯҳе аз сокинон барои истироҳат ба осоишгоҳҳои маъруфи минтақаҳои Бадахшону Зарафшон, мисли Гармчашмаву, Хоҷаоби гарм ё Шамбарӣ ва Варзобу лаби баҳри тоҷик Қайроқум мераванд. Маъмулан ба ин осоишгоҳҳои мардум барои як ҳафта мераванд. Ҳамчунин дар тобистон аксари хонаводаҳои миёнҳол дар рӯзҳои истироҳатии худ ба навоҳии наздики шаҳр Варзобу Ваҳдат мераванд.»

Ҳамдулло Ибодуллоев, як сокини кишвар, ки дар соҳаи моҳипарварӣ фаъолият доштааст, мегӯяд, ба наздикӣ аз як фароғатгоҳи Ромит баргашта ва барои як ҳафтаи истироҳат дар ин мавзеъ беш аз 300 сомонӣ сарф кардааст: «Ҳоло дар рухсатиам. Як ҳафта дар Ромит будам, бисёр манзараҳои зебо, хеле хастагиам рафъ шуд. Шароитҳо ҳам беҳтар шудааст. Тарзи муносибат бо истироҳаткунандагон ва хизматрасонӣ ҳам хубтар аст имрӯз. Барои ҷои хоб ҷудогона маблағгузорӣ мекунӣ , барои хурду хӯрок ҷудогона. Ман 350 сомонӣ сарф кардам»

Кӯли Сарез
Кӯли Сарез
Аммо ба фарқ аз ин мусоҳиби мо ва ҳам онҳое, ки истироҳат дар кишварҳои хориҷро орзӯи амалинашавандае медонанд, як қишри дигари аҳолӣ, ки аз афроди сарватманду доро иборатанд, тайи 3- 4 соли ахир дар мавсими гармо роҳи кишварҳои хориҷиро пеш мегиранд. Бинобар иттилои Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар, дар соли 2011 бо кӯмаки ширкатҳои ҷаҳонгардӣ ҳудуди 18 ҳазор сокини Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардаанд.

Аммо Мирзоназар Мирзоев, раҳбари ширкати сайёҳии «Дидори Шарқ» мегӯяд, дар соли қаблӣ танҳо бо ҳадафи сайру саёҳат ва истироҳат ҳудуди 3 ҳазор тоҷикистонӣ ба хориҷа сафар кардаанд. Ба қавли ҷаноби Мирзоев ин гурӯҳи аҳолӣ барои сафар бештар ба кишварҳои Туркия, Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб бартарӣ медиҳанд, зеро нархи сафару истироҳат ба ин давлатҳо нисбатан дастрас будааст:

«Бештари тоҷикон ба Анталияи Туркия барои истироҳат дар лаби баҳр мераванд. Нархи истироҳат дар ин кишварҳо масалан ба фарқ аз Тайланд- минтақаи машҳури истироҳатӣ хеле арзон аст. Агар танҳо сафар кунед ҳадди аққал шумо бояд то 2000 доллар дар даст дошта бошед. Агар 2 нафар ва бештар аз ин бошед, албатта ки маблағи боз бештар лозим аст. Аммо дар маҷмӯъ барои истироҳат дар ин кившарҳои номбурда ками кам бояд то якуним ҳазор доллар дошта бошад ва он тарафаш вобаста аз худи истироҳаткунанда мебошад, агар хоҳад то 1000 ҳазор доллар ҳам метавонад сарф кунад.»

Аммо аксари сокинони кишвар баробари фарорасии мавсими тобистон ва мураххасиҳо мисли як хоби ширин аз замони шӯравӣ ёд меоранд, ки он замон мардум метавонистанд тариқи роҳхатҳои бепул ва иттифоқҳои касаба дар осоишгоҳу урдугоҳҳои дохилу хориҷи кившар истироҳат кунанд. Албатта, имрӯз ҳам иттифоқҳои касаба фаъолият доранд, аммо гуфта мешавад кори онҳо чандон чашмрас нест ва ҳам ин иттифоқҳо тавони ҳар сол бо роҳхат таъмин кардани аъзои худро надоранд. Барои ба даст овардани роҳхат ҳоло мардум солҳо навбат мепоянд ва иттифоқҳои касаба дар як сол танҳо тавони таъмини 2 ё 3 нафарро бо роҳхат доранд ва он ҳам на бо нархи арзону дастрас пешниҳод мешавад.
XS
SM
MD
LG