Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон -- теннис, Раҳимов -- футбол, Кабирӣ -- гандбол...


Мушоҳида мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам ба варзиш шуғл варзидани раҳбарону сиёсатмадорон як навъ мӯд ва падидаи маъмулӣ шудааст.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло аз президент сар карда то вазирону раҳбарони идораҳои давлатӣ ба варзиши навъи теннис, футболу волейбол, гуштӣ ва асптозӣ таваҷҷӯҳ доранд.

Шореҳони варзиш ҳам мегӯянд, 8 сол пеш дар яке аз сабқатҳои наврӯзии гуштӣ дар майдони марказии варзишӣ президенти кишвар бо қаҳрамони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов ба майдон омада ва нозукиҳои гуштии миллиро ба ҳозирон нишон дода буд. Аммо ҳоло бештар дар рӯзҳои истироҳат ё баъд аз кор раисиҷумҳур ба варзиши теннис машғул мешудааст.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, устоди президенти Тоҷикистон дар ин навъи варзиш Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад. Вай афзуд, "ба теннис ва футбол шуғл меварзанд ҷаноби олӣ. Онҳо толорҳои худро доранд ва бештар пас аз кору рӯзҳои истироҳат ба ин навъҳои варзиш машғул мешаванд. Аслан роҳбарони давлатҳои тамоми дунё бозии теннисро меписанданд."

Теннис бозие дониста мешавад, ки ба он бештар саромадон ё элита ва мансабдорону раҳбарони кишварҳо шуғл меварзанд. Худи президент Раҳмон дар нахустин мусобиқаи байнуламилалӣ барои дарёфти ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки соли 2005-ум дар Душанбе баргузор шуда буд, дар бораи маъруфияти теннис чунин таъкид кард: "Имрӯз дар ҷаҳон теннис яке аз намудҳои маъмулии варзиш маҳсуб меёбад, ки бо шавқоварии худ таваҷҷӯҳи дӯстдорони зиёди варзишро ба худ ҷалб кардааст. Дар ояндаи наздик тенниси калон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарқӣ рушд карда, дар қатори дигар намудҳои варзиш мақоми арзандаи худро пайдо хоҳад кард."

Рустами Эмомалиро имрӯз чун футболбоз мешиносанд.
Рустами Эмомалиро имрӯз чун футболбоз мешиносанд.
Шояд бо пайравӣ ба президенти кишвар аст, ки ба гуфтаи шореҳони варзиш, имрӯз дар Қасри теннис афроди зиёди воломақому мансабдорро машғули ин навъи варзиш дидан мумкин аст. Аммо Рустами Эмомалӣ -- писари бузурги Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз чун футболбоз мешиносанд ва худи ӯ раёсати Федератсияи футболи Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Раиси кумитаи сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ҳам бештар футболро дӯст доштаанд.

Масъулони соҳаи варзиш ба маҳорати футболбозии Рамазон Раҳимов баҳои хуб медиҳанд ва мегӯянд, ӯ дар бозиҳои тими "Динамо"-и ин вазорат худ низ иштирок мекунад ва ҳамлагари хеле хуб аст. Вале вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, ки тими ССКА "Помир" дорад ва ин тим дар Лигаи олӣ бозӣ мекунад, ҳамчунин гимнастикаи бадеиро меписандидааст. Ӯ ҳатто клубу толори махсус барои ин навъи варзиш доштааст.

Бахтиёр Худоёров, роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам футболбоз аст ва ҳар шоми якшанбе бозӣ мекунад. Аммо Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба варзиши волейбол шавқ доштааст.

Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз хурдӣ ба ин бозӣ шавқ доштам ва хуб бозӣ мекунам. Бештар дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳамроҳ бо дӯстону ҳамкорон дар толорҳои махсуси ин навъи варзиш бозӣ мекунам. Ин барои саломатӣ, албатта, фоида дорад. Барои одаме, ки кори фикрӣ зиёд мекунаду ҳаракат кам мекунад, ин бозӣ имконият медиҳад, организм мустаҳкам шавад. Ман мухлиси бозиҳои футболу бокс ва гуштӣ ҳам ҳастам."

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ
Раиси ҲНИТ ва узви порлумони Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, чун бозигари навъи варзиши ҳандбол ё тӯби дастӣ маъруф аст. Ӯ муассис ва роҳбари Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон низ мебошад. Аммо дар баробари ин, ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, ба теннис ҳам шавқ дорад. Ӯ иқрор мешавад, ки дар тӯли 3-4 соли охир тақрибан, ки аз варзиш дур шуда буд.

"Шаш моҳ мешавад, ки барои худ барномарезӣ кардам ва ҳафтае ду-се бор барои худ соатеро барои тамрин ҷудо мекунам. Эҳсос кардам, ки ин ҳам барои саломатӣ ва ҳам барои фаъолияти кориам кӯмак мекунад. Ҳатто дар сафарҳои корӣ ҳам, ки бошам, кӯшиш мекунам, як соатеро барои анҷоми варзиш ва тарбияи бадан ҷудо кунам. Теннис бозӣ мекунам, медавам, вале бештар дар толорҳо машқ мекунам, на дар ҳавои кушод",-илова кард ӯ.

Аммо дар толорҳои варзишии Тоҷикистон роҳбарони зан қариб ба чашм намерасидаанд. Наргис Набиева, раҳбари раёсати рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин маврид мегӯяд: "Бо чашми худ мебинам, ки вазирони мард медаванд, дар сабқатҳо иштирок мекунанд. Аммо ягон занро то имрӯз дар ягон майдону толори варзишӣ надидаам."

Ба ин тартиб, Алимаҳмад Мирзоев мегӯяд, агар то 2 соли пеш мансабдорону роҳбаронро дар толорҳои варзишӣ кам дидан мумкин буду ба варзиш чандон тавааҷҷӯҳ надоштанд, пас аз соли 2010 ва баъд аз таъкидҳои президент ҷиҳати ба варзиш ва тарбияти бадан машғул шудани мансабдорон, шумори роҳбарони варзишгар бештар шудааст. Ҳоло аксар сохторҳои давлатӣ дорои толорҳои вижаи варзишии худанду роҳбарону кормандони он байни ҳам сабқатҳо доир мекунанд.
XS
SM
MD
LG