Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани як мадрасаи ғайри қонунӣ дар Восеъ


Мақомоти корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки дар деҳаи Олимтоийи ноҳияи Восеъ як мадрасаи ғайриқонунии диниро ошкор кардаанд.

Ин манзилро кормандони Райёсати умури дохилаи минтақаи Кӯлоб ошкор кард ва, нисбат ба Масеҳиддин Абдуллоев, таъсидиҳандаи ин мадраса парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Дар ин мадраса 17 нафар наврас таълими динӣ мегирифтаанд.

Абдулваҳоб Искандаров, сардори Раёсати умури дохилаи минтақаи дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ба ин мадрасаи ғайриқонунӣ наврасони аз 12 то 14 сола ҷалб шуда буданд. Ба гуфтаи Искандаров, наврасон дар ин мадраса танҳо таълимӣ динӣ мегирифтанд аз таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дур монданд.

Дар бастагӣ ба мавзӯъ Искандаров гуфт: «Дар ин хона умуман шароит барои таълим вуҷуд надоштааст. Ин хонандагон умуман ба мактаб нарафта, дар ин ҷо таълим мегирифтаанд. Кормандони мо дар ин маврид мавод тартиб дода, ба суд равон кардаанд».

Ба гуфтаи мақомот муассиси ин мадраса хатмкунандаи яке аз Донишгоҳҳои исломии Ирон будааст.

Парвандаи ин нафар дар додгоҳи ноҳияи Восеъ баррасӣ мешавад ва инчунин волидайне, ки фарзандонашро аз таҳсил дур кардаанд, мувофиқи қонуни танзими расму оинҳо ҷарима хоҳанд шуд. Бархе аз падарони ин наврасон аз сӯҳбат бо мо худдорӣ карданд.

Аммо Сабоҳат, модари яке аз ин наврасон гуфт, ӯ розӣ набуд, ки фарзандаш дар чунин мадрасае таҳсил кунад, вале падараш ба ҳарфи ӯ гуш надод. Бо ин ҳол, Сабоҳат мегӯяд, хонаводаи онҳо як хонаводаи рӯҳонист ва бо назардошти ин бояд таълимоти исломоро омӯзанд. Ӯ мегӯяд, барои ҷилавгирии ин бояд дар мактбҳо таълими дини исломро ба роҳ монанд.

«Мехоҳам, ки фарзандам таълимӣ исломӣ гирад, аммо набояд, дар чунин мадрасаҳо. Аз аввал ба ин розӣ набудам, лек падараш хост, ки рафта таълим гирад. Агар дар мактабҳо таълими исломиро ягон соат ба роҳ мемонданд, хубтар мешуд».

Бархе аз волидайн аз баста шудани чунин мадрасаҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Аммо Саттор Наботов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, дар чунин мадрасаҳо таълимӣ равияҳои ғайриисломӣ эҳтимол дорад ва беҳтар он аст, ки наврасон дар марасаҳо расмӣ таълим бигиранд.

«Кӣ назорат мекунад, ки дар чунин мадрасаҳо чи гуна таълим мегиранд. Хубтараш ҳукумат ҳамаи инҳоро зери назоарт гирад ва нагузоард, ки чунин мадрасаҳо таъсис ёбанд».

Масъулини Раёсати умури дохилаи Кӯлоб мегӯянд, дар минтақа ду мадрасаи исломӣ, яке дар шаҳри Кӯлоб ва дигаре дар ноҳияи Ховалинг фаъолият мекунад. Ба гуфтаи онҳо хуб мешуд агар наврасони ташнаи таълимоти мазҳабӣ дар ин ду мадраса таълим мегирифтанд.
XS
SM
MD
LG