Ҷалолиддин Садриддин, яке аз масъулони дафтари матбуоти Вазорати коҳои дохилӣ гуфт, ки ин вазорат зимни ироъаи номае в азорати корҳои хориҷиро дар ҷараёни ҷуъиёти қазияи бархурди милисаҳо бо ду шаҳрванди Фаронса қарор додааст. Ӯ гуфт, ки як тан аз ин шаҳрвандон корманди Камисюни Аврупо мебошад. Ва ба ин далел вазорати корҳои хориҷӣ бояд ин қазияро бо дафтари ин ниҳоди аврупоӣ дар Душанбе дар миён бигузорад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки Камисюни Аврупоро дар ҷараёни қазия қарор додааст. ВКХ афзудааст, ки ба далели он ки яке аз иштикродорони ин қазия мақоми дипломатӣ дорад, худи Камисюни Аврупо ба қазия мазкур расидагӣ хоҳад кард.
Қаблан сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки рузи 4 июн, шабона, дар соати 23:00 дар назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, шаҳрвандони Фаронса хонум Малки Малика, атташеи Камисюни Аврупо ва ҷаноби Ҷалол Каззу, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, лейтенант Файзов Гулмурод, майор Шододов Далер, майор Қурбонов Рамазон дарафтода, онҳоро латукӯб намудаанд.
Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар ҳақиқат хонум Малика Малки, атташеи Камисюни Аврупо мебошад ва оғои Ҷалол Каззу шавҳари хонум ҳастанд.
Вай афзуд, ки феълан аз ин бештар дар робита ба ин ҳодиса чизе гуфта наметавонад ва ин масъала дар назди сафири Иттиҳодияи Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳодисаи мазкур мавриди омӯзиш қарор дорад. Ва шояд дар рӯзҳои наздик ҷузъиёти он ба матбуот гуфта шавад.