Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши нерӯҳои СҲШ дар Суғд ба поён расид


Размоиши нерӯҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар шимоли Тоҷикистон бе ширкати Узбакистон ҷараён дорад.

Намояндагони Қазоқистон дар размоиши "Рисолати сулҳ-2012"-и нерӯҳои СҲШ (ШОС) дар Суғд гуфтанд, ки Тошканд иҷоза надодааст, то техникаи ҳарбии ин кишвар тавассути Узбакистон ба Тоҷикистон оварда шавад. Серик Ҷумадилов, кордори масоили низомии сафорати Қазоқистон дар Душанбе, гуфт, баъдан техникаи ҳарбӣ ва ҳайати шахсии воҳидҳои низомии Қазоқистон аз роҳи Қирғизистон ба вилояти Суғд интиқол дода шудаанд.

Полковник Ҷумадилов баргузории ин размоишро муҳим хонд, чун ба гуфтаи ӯ, пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз Афғонистон эҳтимоли сарозер шудани гурезагон ва миёни онҳо гурӯҳҳои террористӣ ба хоки Тоҷикистон вуҷуд дорад: “Ин ба амнияти ҳама кишварҳои минтақа таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, ин кишварҳо манфиатдоранд дар Тоҷикистон оромиву суббот бошад. Агар дар Тоҷикистон оромӣ бошад, ин бар нафъи Қазоқистон, Қирғизистон ва Русияву Чин ҳам хоҳад буд.”

Серик Ҷумадилов, кордори масоили низомии сафорати Қазоқистон дар Душанбе, гуфт, кишвараш аз хавфи гурӯҳҳои террористӣ ва боз шудани роҳи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ҷиддан нигарон аст: "Албатта, инро Худо нишон надиҳад. Барои пешгирӣ кардани чунин хатарҳо машқи ҳарбӣ мекунем. Агар мо омода бошем, гурӯҳҳои тундрав худ нерӯву тавони моро эҳсос хоҳанд кард. Бинобар ҳамин, барои размоиши муштарак махсус моҳи июн, давраи боз шудани ағбаву гузаргоҳҳо аз Афғонистон ба минтақаро интихоб кардем, ки одатан дар ин мавсим гурӯҳҳои террористӣ фаъол мешаванд."



Размоиши муштараки нерӯҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар размоишгоҳи Чоруқдарон, бисткилометрии шимоли Хуҷанд бо номи "Рисолати сулҳ-2012" ба поён расид. Дар ин размоиш беш аз 2 ҳазору 500 сарбозу афсари кишварҳои узви СҲШ (ШОС) ширкат ва аз 50 ҳавопаймову чархбол, 300 зиреҳпӯшу тӯп ва аслиҳаи гуногун истифода карданд.

Аммо аз миёни 6 кишвари СҲШ танҳо Узбакистон аз замони таъсиси ин ниҳод аз иштирок дар размоишҳои он, ҳамамкунун дар размоиши Суғд низ даст кашида ва сабаби ин иқдоми худро низ шарҳ надодааст. Зимнан, дар машқи ҳарбии нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Суғд таҳти унвони "Марз-2010" низ Узбакистон иштирок надошт ва ин баргузории чунин размоишҳои бомуваффақияти муштаракро каме хатчадор мекард.

Бо ин вуҷуд, намояндагони олии низомии давлатҳои иштирокдори размоиши СҲШ дар Суғд баргузории онро бомуваффақият номиданд. Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон дар анҷоми размоиш, ки бинобар барномаи он, нерӯҳои заминиву ҳавоии муштарак гурӯҳҳои фарзии террористии дар минтақаи кӯҳистон панаҳ бурдаро зери оташу тир гирифтанд ва маҳв карданд, гуфт: "Размоишгоҳи Суғд дар буриши Роҳи бузурги Абрешим ҷой гирифтааст. Имрӯз вазифаи мо пок кардани ин роҳ аз рақибони эҳтимолист, ки ба эҳёи ин роҳ халал мерасонанд."

Ма Сяо Тян, муовини раҳбари Ститоди кулли артиши Чин пас аз анҷоми размоиш гуфт, кишварҳои СҲШ дар баробари вазъи кунунӣ ва таҳдидҳои нав ба нав ба амнияти минтақа дар оянда ҳамкориҳои худро тақвият хоҳанд бахшид.

Размоиши муштараки нерӯҳои СҲШ тақрибан як ҳафта пеш дар размоишгоҳи Чоруқдарон оғоз ёфта буд, ки имрӯз (14-уми июн) ба поён расид. Давлатҳои узви СҲШ, ба ҷуз Узбакистон аз замони таъсиси ин ниҳод чанд машқи низомии муштарак таҳти унвони умумии "Рисолати сулҳ" баргузор кардаанд. Размоиши аввал дар моҳи августи соли 2003-юм дар қаламрави Қазоқистону Чин баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG