Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғазола Ҷовид -- овозхони маъруфи паштуро куштанд


Овозхони пашту Ғазола Ҷовид
Овозхони пашту Ғазола Ҷовид

Шоми рӯзи душанбе, 18 июн, дар шаҳри Пешовари Покистон Ғазола Ҷовид -- овозхони машҳури пашту ба қатл расид.

Шоми рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Пешовари Покистон афроди номаълум дар ҳамлае овозхони маъруфи пашту, Ғазола Ҷовидро ҳадафи тир қарор доданд. Дар ин ҳамла падари ӯ низ кушта шудааст.

Дар гуфтугӯе бо Фархунда Вазир, корманди бахши покистонии Радиои Озодӣ, дар бораи Ғазола Ҷовид маълумоти бештаре хостем. Ӯ гуфт, "Ғазола Ҷовид соли 2004-ум ба майдони ҳунари овозхонӣ дар Покистон, ба хусус дар аёлати шимоли ғарби Паштунхво ворид шуда буд. Вақте вай ба овозхонӣ шурӯъ кард, ба зудӣ на танҳо дар Покистон, балки дар Афғонистони ҳамсоя низ ҳаводорони зиёд пайдо кард. Вай ду соли пеш бо марде дар шаҳри Пешовар-маркази идории Хайбар Паштунхво издивоҷ кард. Матбуоти маҳалии Покистон гузориш додааст, ки Ғазола мехост, аз шавҳараш талоқ бигирад ва вай ин корро кард. Мутмаин нестам, вале баъзе гузоришҳои матбуотӣ аз Покистон ҳокист, ки вай аз шавҳараш чанд дафъа таҳдид гирифтааст, ки бояд ба шаҳри Пешовар наояд. Матбуоти маҳаллии Покистон ҳамчунин мегӯяд, вай шаш тир хӯрдааст. Падараш низ дар ин ҳодиса дирӯз кушта шудааст."

Суол: Оё дар бораи сабабҳои куштор хабаре нашр шудааст?

Фархунда Вазир: "Албатта, дар бораи сабаби куштор сӯҳбат кардан ҳанӯз зуд аст, вале медонед, ки дар ҷомеаи Покистон ва Афғонистон барои як зани ҷавон вориди саҳнаи ҳунару мусиқӣ шудан хеле душвор аст. Заноне, ки бо ҳунари овозхонӣ машғул мешаванд, маъмулан аз шавҳаронашон талоқ мегиранд. Дар чунин ҷомеа онҳо аксар вақт ба чунин мушкилиҳо гирифтор мешаванд. Вале то ҳол маълум нест, ки вайро тундравҳо ба қатл расонданд ва ё ин куштор натиҷаи баҳсҳои хонаводаӣ буд. Барои ҳамин, ҳоло чизе мушаххас гуфта наметавонем."

XS
SM
MD
LG