Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cуолу фарзияҳои матбуот дар бораи куштори Х.Сафаров


Куштори Холмӯъмин Сафаров, хешованди раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мавзӯъҳоест, ки дар меҳвари аксар нашрияҳои чопи Душанбе қарор гирифтааст.

"ТОҶИКИСТОН"

Ин кушторро асроромез арзёбӣ карда, дар матлаби "Асрори қатли Сафаров" ӯро "инсони заминӣ" хондаааст. Нашрия навиштааст, "ҳамкорон, ёру дӯстон, шиносу ношинос аз ин мард танҳо ба некӣ ёдовар мешаванд ва мегӯянд, фарзандонаш низ мисли падар инсонҳои хубу заминӣ ва боодобанд." Бо таваҷҷӯҳ ба ин, нашрия мепурсад "пас, кадом разил қасди ҷони ин марди некро кард? Мақсад аз ин куштор чист ва фармоишгару иҷрочии он киҳоянд?"

"СССР"

Сӯиқасд ба ҷони Холмӯъмин Сафаровро террори сиёсӣ номида ва дар матлаби "Шикори Бузург ё Террори президентӣ" навишт, "Холмӯъмин Сафаров, шавҳари хоҳар ва ё худ язнаи Эмомалӣ Раҳмон буд. Аксарияти кул бар ҳамин боваранд, ки маҳз ана ҳамин риштаи хешутаборӣ сабаби асливу усулии куштор буда метавонад." Нашрия менависад, "марҳум дар ягон бизнесу пули калон қӯш набудааст. "СССР" фарзияҳои эҳтимолии даст доштани Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги шӯришӣ, Абдумалик Абдуллоҷонов ва дасти хадамоти махсуси кишварҳои абарқудратро матраҳ мекунад.

"НИГОҲ"

Дар матлаби "Куштори язнаи президент" талош кардааст, то назари коршиносонро нисбати омилону ангезаҳои ин сӯиқасд матраҳ кунад. Нашрия менависад, "мантиқан куштори пурсарусадо кори дасти мухолифони сарсахт ва оштинопазири ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон бояд бошад, ки ба ҳангоми як чунин маъракаи ҷиддии низомӣ (размоиши "Рисолати сулҳ", ки ҳамон шабу рӯз дар Суғд баргузор шуд, дар назар аст), иттифоқ афтод." Ба таъкиди нашрия "ин нерӯ, ки бешак реша дар хориҷ дорад, хост адами амният дар Тоҷикистонро ба намоиш гузорад, паёме ба ҳукумати Тоҷикистон фиристод ва гӯиё гуфт, мо ҳастем."

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Дар матлаби "Кто заказал Холмумина Сафарова?" навиштааст, "куштори хеши наздики президент овозаҳои зиёдеро дар бораи сабабҳои ин ҷиноят ба бор овард". Ба навиштаи нашрия, ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ афтод, ки парвандаи Низомхон Ҷӯраев дар дасти баррасии мақомот аст ва "тибқи бархе маълумот дар ояндаи наздик интизор меравад, барканориҳо ва ҳатто боздошти дигар аз афроди мансабдор сурат бигирад." Ба ин далел, нашрия менависад, "инҷо набояд сарфи назар кард, ки мансабдорон аз ин тариқ тасмим ба фишор алайҳи ҳукуматро карданд, то аз амалкарди ногаҳонӣ худдорӣ ба амал ояд."
XS
SM
MD
LG