Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон барномаи рушди забони давлатӣ тасвиб шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Ҳукумат барномаи рушди забони тоҷикӣ барои чаҳор соли ояндаро тасвиб кард, ки дар муддати як сол таҳия шудааст.

Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаи мазкур рафъи мушкилоти зиёд дар забони адабии имрӯза ва чопи фарҳангҳои навро дар назар дорад.

“Таҳияи дастуруламали танзим ва қабули истилоҳот дар Тоҷикистон, заминаҳои рушди забони давлатӣ нашри китоби “Таърихи забони тоҷикӣ”, таҳия ва нашри луғатҳои соҳавӣ, таҳқиқи лаҳҷаҳо ва забонҳои помирӣ... бахше аз ин барнома ҳастанд”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Додихудо Саймуддинов, як ҳадафи дигар - пок кардани забони адабӣ аз қолабҳои сунъӣ ва лаҳҷавист, ки онҳоро дар солҳои аввали Шӯравӣ ба забон ворид карда, ба пайкари он зарбаи сахте заданд. Ин дар ҳолест, ки дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ порлумони Тоҷикистон донистани забони давлатӣ, яъне тоҷикиро барои вакилони мардумӣ ҳатмӣ дониста буд. Он вақт ҳам Додихудо Саймуддинов гуфта буд, ки "ҳеҷ гоҳ дар муқобили забони меъёри форсӣ, дарӣ ё тоҷикӣ, сабки лаҳҷаи маҳаллаҳо, Бухоро, Миёнкол ва ғайраро қарор дода наметавонем."

Зимнан, тарҳи якуми Қонуни забон дар рӯзи 22-юми июли соли 1989-ум, дар пайи талошҳои як идда аз рӯшанфикрони тоҷик, тазоҳуроту гидиҳамоии ҷавонон ва баҳсҳои шадид дар матбуоти кишвар аз тарафи Шӯрои олӣ ё порлумони вақти кишвар қабул шуда буд.

Вале шурӯъ аз се сол боз рӯзи 5-уми октябр дар Тоҷикистон "Рӯзи забони тоҷикӣ" эълон шудааст. Дар ин рӯз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул карда буд, дар рӯзе, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадааст.

Баҳсбарангезтарин нуктаи Қонуни нави забони давлатӣ, ки лоиҳааш аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ҳазфи забони русӣ аз мақоми забони муоширати байни миллатҳо буд. Ҳазфи мақоми забони русӣ як силсила вокунишҳо дар расонаҳои Русияро ба бор оварда буд ва расонаҳои русӣ аз ин қонун интиқод карда буданд. Вале, дар ҳамин ҳол, мақоми забони русӣ ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо дар Қонуни асосии Тоҷикистон ҳифз шудааст.
XS
SM
MD
LG