Ин таҳримҳо ҷиддитарин иқдом алайҳи Эрон аст, ки то кунун дар робита ба барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо эъмол шудааст.
Иттиҳодияи Аврупо ба кишварҳои узви худ то 1-уми июл фурсат дода буд то воридоти нафти хоми Эронро мутаваққиф кунанд. Ширкатҳои бимаи (суғурта) аврупоӣ низ аз ин ба баъд аз бима кардани таҷҳизоти ҳамл ва нақли нафтии Эрон манъ мешаванд.
Пешнависи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи саноати нафти Эрон дар моҳи январи соли ҷорӣ тасвиб шуд ва давлатҳои аврупоӣ имзои қарордодҳои нави нафтӣ барои хариди нафти хоми Эронро мутаваққиф карданд.
Ба гуфтаи хабаргузориҳо, коршиносон тахмин мезананд, ки бо ин таҳримҳои нав даромади нафтии Эрон то нисф коҳиш меёбад. Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо 20 дарсади нафти Эронро ворид мекунанд. Ба гуфтаи Оҷонси байналмилалии энержӣ, содироти нафти хоми Эрон дар соли 2012 ҳудуди 40 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар як мусоҳиба бо Меҳрдод Эмодӣ-мушовири иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо дар Лондон нахуст аз вай пурсидам, ин таҳримҳо чӣ пайёмадҳое дар иқтисоди Эрон метавонад дар пай дошта бошад?
Меҳрдод Эмодӣ: Агар ин масъаларо дар се марҳала арзёбӣ кунем, дар кӯтоҳмуддат асари таҳримҳо ин хоҳад буд, ки як мавҷи нави таваррум ба хотири коҳиши даромади арзи Эрон мушоҳида хоҳад шуд ва нархи колоҳои воридотии Эрон хеле боло хоҳад рафт. Даромади арзи Эрон аз содирот поин меояд ва ин худаш сабаб мешавад, ки таварруми колоҳои воридотӣ, ба колоҳои бумӣ ҳам асар гузорад.Таъсири он дар миёнмуддат ин хоҳад буд, ки Эрон бозорҳоеро, ки барои танзими онҳо солҳо ва даҳаҳо кор карда буд, то қарордодҳои дарозмуддат бибандад, онҳоро аз даст хоҳад дод. Аҳамияти стратегии Эронро ҳам дар ОПЕК ва ҳам дар ғарби Осиё ночиз хоҳад кард. Дар марҳалаи саввум, ки ба назари ман муҳимтарин аст, зербинои санъатии Эрон ва рушди санъатии Эронро ба шиддат поин хоҳад зад. Ҳатто мумкин аст бахши санъатии Эрон кӯчактар шавад. Дар ин чаҳорчӯб, ин бисёр хабари бадест барои Эрон.
Озодӣ: Раиси Бонки марказии Эрон гуфтааст, ки дар ҷавоб ба ин таҳримҳо Эрон хомӯш нахоҳад нишаст. Ин ҳушдори Эрон ба чӣ маънист? Чӣ кор метавонад бикунад?
Меҳрдод Эмодӣ: Дар ин чанд моҳи ахир аз манобеи мухталиф паёмҳои мухталиф шунидем. Якеаш ин аст, ки агар Эрон ҳар гоҳ натавонад содироти нафтро идома диҳад, тангаи (гулӯгоҳи) Ҳурмузро ба таври маҳдуд ё ба таври комил мебандад. Ба назари ман, ин кор дар тавони низомии Эрон ҳаст, вале ҳазинаи он барои Эрон хеле боло хоҳад буд. Сӯҳбати дигар ин аст, ки агар нафти Эронро таҳрим кунанд, Эрон низ тамоми колоҳои онҳоро таҳрим мекунад. Боз ҳам ин як бозии бохт-бохт хоҳад буд. Ҳеҷ як аз ин ҳушдорҳое, ки Эрон аз онҳо аломат додааст, натиҷаҳои мусбат ва созанда барои худи Эрон нахоҳанд дошт.
Озодӣ: Фикр намекунед, ки мақомоти Эрон таъсири манфии ин таҳримҳоро ночиз арзёбӣ мекунанд, вале дар асл ин тавр нахоҳад буд?
Меҳрдод Эмодӣ: Бале, ман бо ин гуфта ҳамсӯ ҳастам. Кӯчак кардани асари таҳримҳо ба хотири ин аст, ки аз назари равоншиносӣ нагузоранд, ки дар ҷомеа як диди манфӣ ва ноумедкунанда барои оянда вуҷуд дошта бошад. Чунин вазъ барои ҳар ҳукумат нигаронкунанда аст. Дар ин ду сол шояд асари таҳримҳо бештар аз он аст, ки мо аз берун мебинем ва ё дар Теҳрон мегӯянд.
Озодӣ: Оё имкон дорад, ки Эрон барои нафти худ дар кишварҳои дигар бозор пайдо кунад ва ин бозорҳо ҷойгузини Аврупо шавад?
Меҳрдод Эмодӣ: Ман тасаввур мекунам, ки Эрон мисли ҳар кишвари дигари зери фишор кӯшиши худро хоҳад кард ва бояд бикунад, то бозорҳои ҷадид пайдо шавад ва тавонии арзии худро заъиф накунад. Аммо воқеият ин аст, ки харидорони аслии нафт дар ҷаҳон мушаххас ҳастанд ва ба Эрон даромади зиёд медоданд. Онҳо барои худ ҳоло ба ҷои Эрон ҷойгузин пайдо кардаанд. Мумкин аст Эрон баъзе бозорҳои ҷадид пайдо кунад, вале ба онҳо бояд сабукиҳои қобили таваҷҷӯҳ диҳад, яъне нархи арзони нафт, пӯшиши бима барои интиқол ва мисли ин, ки онҳо сабаби поин омадани нархи нафт барои ҳар бушкаи содиршуда хоҳад буд.