Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милисаҳоро барои мусоидат дар фирори маҳбусон ҷарима бастанд


Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду маҳбуси фирорӣ ва ду корманди милисаро барои мусоидат ба фирори онҳо ба муҷозот кашид.

Тибқи ҳукми додгоҳ, ки пас аз зӯҳри 2-юми июл эълон шуд, Рӯзибой Чориев ва Рӯзибой Шерматов, сокинони ноҳияи Шаҳритус, бо иттиҳоми «фирор аз маҳбас» (моддаи 365-и КҶ ҶТ) мутаносибан ба 8,5 ва 7,5 соли маҳбаси дорои низомаш шадид маҳкум шуданд.

Раҳмат Қосимов, додраси мурофиа зимни эълони ҳукм гуфт, ба ҷазои маҳбусони фирорӣ, ки қаблан ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буданд, аз 1,5 то 2,5 соли маҳрумият аз озодӣ илова карда шуд. Онҳо ҷазои худро дар колонияи дорои низомаш шадид адо хоҳанд кард. Додраси додгоҳ ҳамчунин гуфт, ки фарзандони ноболиғ доштану гуноҳи худро иқрор намудани афроди маҳкумшуда боиси як андоза сабуктар таъин шудани ҷазои онҳо гардидааст.

Рӯзибой Чориев ва Рӯзибой Шерхонов 14 марти соли ҷорӣ аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Шаҳритус барои “дуздӣ ба миқдори махсусан калон” (моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии ҶТ) ба 6 соли маҳбас маҳкум шуда буданд ва ба ҳангоми интиқолёбӣ ба маҳкамаи муваққатӣ ё СИЗО-и шаҳри Қӯрғонтеппа, бо мусоидати ду корманди милиса, фирор намуданд.

Рӯзибой Чориев ба ҳангоми фирор боздошт, аммо Рӯзибой Шерхонов, ки нопадид гардида буд, танҳо пас аз 6 рӯзи кофтукови кормандони милиса ва кумитаи амният дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён дастгир шуд.

Сулаймон Султонов, адвокати нафарони маҳкумшуда, гуфт, ки ҳукми додгоҳ нисбати афроди таҳти ҳимояти ӯ “оқилона” буд, аммо дар мавриди шикоят бурдан ё набурдан ба додгоҳи таҷдиди назар, пас аз гирифтани нусхаи ҳукми додгоҳ тасмим хоҳад гирифт.

Ба ҷуз ин ду маҳбуси фирорӣ, додгоҳи Қӯрғонтеппа ҳамчунин ду корманди милиса - Миралӣ Тошматов, сардори тавқифгоҳи муваққатии шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳритус ва Мусулмон Холматов, корманди ҳамин тавқифгоҳро барои мусоидат ба фирори маҳбусон ва сӯйистифода аз мақоми давлатӣ ба муҷозот кашид.

Миралӣ Тошматов ба пардохти 36 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум ва то ду соли оянда аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ маҳрум шуд. Ҳамзамон Мусулмон Холматов, корманди ҳамин боздоштгоҳ, барои ҳамдастӣ дар ҷинояти мазкур 7820 сомонӣ ҷарима шуд. Ҳаҷми ҷаримаи таъиншуда бештар аз ин буд, аммо Раҳмат Қосимов, додраси мурофиа, гуфт, азбаски ин афрод тайи 109 рӯзи охир дар маҳбас нигоҳ дошта мешуданд, қисмате аз маблағи ҷаримаи онҳо ихтисор гардидааст.

Ғулом Бобоев
Ғулом Бобоев
Ғулом Бобоев, вакили дифои кормандони милиса гуфт, додгоҳ соҳиби фарзандони ноболиғ будани маҳкумшудаҳо ва тайи солҳои тӯлонӣ бе иштибоҳ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор карданашонро ба назар гирифта, нисбати онҳо ҷазои маҳрумият аз озодиро тадбиқ накард.

Ғулом. Бобоев: Бо ҳукми додгоҳ хеле розӣ ҳастам. Нафарони таҳти ҳимоятам низ мақсади шикояти кассатсионӣ бурданро надоранд, зеро воқеан, тибқи моддаи 314 пурра гунаҳкор буданд.

Озодӣ: Додгоҳ яке аз нафарони зерҳимояи шуморо ба пардохти 36 ҳазор сомонӣ ва дувумиро ба 7820 сомонӣ ҷарима маҳкум кард. Аммо додраси мурофиа зимни эълони ҳукм гуфт, ки ин кормандони милиса аслан молу мулки қобили мусодира надоранд ва амалан, одамони чандон доро набудаанд. Бо ин ҳол, маблағи ҷаримаро имкони пардохтан доранд?

Ғулом. Бобоев: Маблағи ҷаримаро хешу таборашон гирд овардаанд. Магар пардохти ҷарима беҳтару қулайтар аст ё чанд сол дар маҳбас нишастан?! Аз ин рӯ, бо ҳар роҳ пайвандонашон маблағи ҷаримаро ҷамъ карданд, то ки онҳо раҳоӣ ёбанд…

Миралӣ Тошматов, собиқ сардори тавқифгоҳи шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус, низ дар сӯҳбати кӯтоҳ бо мо гуфт, ки ба гуноҳи худ иқрор аст ва ҳукми додгоҳ, аз нигоҳи вай, одилона аст.

Мақомоти додситонӣ мегӯянд, дар вилояти Хатлон ин якумин ҳодисаи фирори маҳбусон аз ҳабс намебошад. Чанде пеш додгоҳи ноҳияи Ёвон низ маҳбусеро аз муассисаи ислоҳии маҳаллӣ барои фирор ба муҷозот кашида буд.

Аммо пурсарусадотарин ҳодисаи фирори маҳбусон аз маҳкамаҳои Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2010 сар задааст, ки он замон аз маҳбаси кумитаи амният, воқеъ дар шаҳри Душанбе, 25 нафар фирор карда буданд. Мақомот охирин маҳбуси фирориро дар поёни соли 2011-ум боздошт ва маҳбас карда буданд.
XS
SM
MD
LG