Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "Мардум ба фарҳанги пасандозкунӣ ниёз доранд"


Ҳаштоду ҳафт дарсади хонаводаҳо дар Тоҷикистон дахлу ҳарҷи худро дақиқ намедонанд ва аз малакаи будҷасозию пешбинии вазъи молиявии худ, маҳруманд.

Ин хулосаи пажӯҳишест, ки Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон анҷом додааст ва дар он гуфта мешавад, танҳо 13 дарсади оилаҳо даромаду баромади будҷаи оилашонро ҳисоб мекунанд.

Ин пажӯҳиш собит кардааст, ки дарҳамбарҳамии дахлу харҷи хонаводаҳо на танҳо боиси бадтар шудани вазъи молиявии худи онҳо шудааст, балки ба яке аз сабабҳои суст рушд ёфтани бахши молиявӣ дар Тоҷикистон табдил гаштааст.

Раҳматшо Сайисмонов, раҳбари маркази таълимии Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон мегӯяд, аксар хонаводаҳои Тоҷикистон будҷаи оилаи худро тартиб дода наметавонанд ва ё намедиҳанд, ки ин номуайянӣ боиси бад шудани вазъи молиявиашон мешавад. Бинобар ин, маркази мазкур як давраи омӯзишии вижаеро таҳия карда, мехоҳад, онро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон баргузор намояд:

«Ҳукумати Тоҷикистон барномаи рушди бахши молиявиро барои солҳои 2010-2015 қабул кардааст. Як талаботи ин барнома баланд бардоштани савияи молиявии шаҳрвандон аст. Мо як барномаи омӯзишии молиявӣ таҳия карда дар вилояти Хатлон, Суғд ва дигар навоҳӣ нафарони зиёдеро омӯзиш додем».

Ҷаноби Сайисмонов гуфт, бархе аз афрод бо усули «аз Раҳмат пул гирам, то қарзи Аҳмадро баргардонам» зиндагӣ мекунанд ва харҷи ин оилаҳо аз даромадашон дида бештар аст.

Таври маълум, даромади аксарияти мардум, махсусан дар рустоҳоро заҳмати миёншикани наздикони муҳоҷирашон дар Русия ё кишварҳои дигар таъмин мекунад. Аммо ҳарҷи ин маблағҳо бар дӯши занон вогузор шудааст, ки на ҳама вақт сарфакорона амал мекунанд.

Саёҳат Раҳимова, сокини ноҳияи Ҳисор, ки тоза аз як бонки пойтахт пули интиқолдодаи бародарашро гирифта буд, мегӯяд ин маблағро барои харидории ҷиҳози арӯсии ҳоҳарзодаашон сарф хоҳанд кард: «Бародарам ду сол мешавад дар Русия аст. Ба умеде рафта буд, ки пул кор карда омада хона харад барои худаш. Порсол бо пули ӯ маро ба шавҳар доданд, имсол хоҳарамро ба шавҳар доданием. Як миқдор пул фиристод, нарасид, чун қимати либосворӣ гарон шудааст. Боз имрӯз ками дигар фиристод то ҷиҳози арӯсии хоҳарамро харем».

Константин Бондаренко, раҳбари ниҳоди ҷамъиятии «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» бар ин аст, ки аксари афрод дар Тоҷикистон бинобар дониши ниҳоят маҳдуди молиявиашон танҳо дар бораи имрӯз ва ояндаи хеле наздики худ андеша мекунанд. Ӯ мегӯяд, дар гирудорҳои ҷанги шаҳрвандӣ одамон одат кардаанд, ки ёфтаашонро имрӯз истеъмол кунанд, чунки фардо норӯшан буд.
Вай афзуд, тавваруми шадиди солҳои 90-ум, ки пасандози чандинсолаи одамонро ба пули пучак баробар кард, фарҳанги пасандоз карданро то андозае аз байн бурд ва аммо акнун инро дубора бояд эҳё кард:

«Бисёр чизҳое мехаранд, ки барои онҳо сахт зарур нест. Масалан чизе мехаранд, ки баъди чанд муддат сифаташро аз даст медиҳад, ё ин ки мошин мехаранд вале барои харидории сӯзишворӣ пулашон намерасад. Бинобар ин, мардум ба як фарҳангӣ молиявӣ ва ё пасандозкунӣ эҳтиёҷ доранд. Агар одати пасандозкунӣ дубора эҳё шавад фикр мекунам сатҳи зиндагии мардум беҳтар хоҳад шуд».

Ҷаноби Бондаренко мегӯяд, агар дар мактабҳои Тоҷикистон як фанни иловагии дониши молиявӣ ҷорӣ карда мешуд, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG