Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарос аз риск ва ё чаро занҳо миллионер намешаванд?


Занон метавонанд дар ҳама риштаҳо комёб шаванд, агар аз ҳама гуна пешомад натарасанд ва ба нерӯи худ бовар кунанд.

Ин хулосаи равоншинос ва миллионери тоҷик Саидмурод Давлатов аст, ки бар пояи пажӯҳиши чандсола ҳосил шудааст. Ҷаноби Давлатов, ки ҳамзамон бо муваффақияташ дар соҳибкорӣ доктори илми равоншиносӣ низ аст, муддати зиёд омилҳои комёбии инсонҳоро таҳқиқ кардаву биниши 600 нафарро ба масъалаи тиҷорату соҳибкорӣ омӯхтааст. Вай мегӯяд, "ҳарос аз риск" сабаби камшумории занон дар байни миллионеру миллиардерон шудааст.

Аз назари ин миллионери тоҷик, занон аксаран комёбии худро аз тасодуф ва кӯмаки атрофиён медонанд. Дар ҳоле, ки мардон баръакс, муваффақияташонро ба дониш ва маҳорати худ рабт медиҳанд.

Барои рафъи ин мушкил ва боло бурдани маърифати молии ҷавонон ва ёрмандӣ ба ташаккули шахсиятҳои муваффақ, ҷаноби Давлатов, ки дар Қирғизистон фаъолият дорад, дар ин ҷо Маркази рушди шахсияти «Само»-ро ташкил додааст. Аммо то куҷо хулосаҳои ӯ асоси илмӣ ва воқеӣ доранд?

Парвина Ибодова, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, то андозае ба хулосаҳои Саидмурод Давлатов розист. Парвина меафзояд, худи ӯ бо кӯмаки атрофиён ва наздиконаш тавонистааст ба муваффақият даст ёбад. Аммо дар ҳамин ҳол Парвина тарсу ҳаросро танҳо хоси занон намедонад ва мегӯяд, «мардони зиёде ҳам ҳастанд, ки ҳамин эҳсосро доранд ва ин наметавонад танҳо хоси занон бошад. Масалан ман чандин зани муваффақеро медонам, ки бо нерӯи худ тавонистаанд, мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунанд, соҳиби кори худ шаванд ва ҳамзамон чандин нафари дигарро низ бо ҷойи кор таъмин кунанд».

Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Валӣ, як соҳибкори муваффақ, ки таҷрибаи 15-солаи тоҷириро дорад, комёбии худро танҳо марбут ба талошу кордониаш рабт медиҳад. Ба назари ин мусоҳиби мо, чун мардон назар ба занон дар тиҷорату бизнес таҷрибаи зиёдтар доштаву нисбатан озоданд, имконияти бештари муваффақ шуданро дар ин росто доранд.

Аҳмад Валӣ афзуд, «занҳо нисбат ба мардон дар кор ҷуръати камтар доранд, дар ҳоле, ки яке аз омилҳои аслии пешрафт дар тиҷорат ҳамин боҷуръатист. Аз сӯи дигар, занҳо ба ҳангоми тасмигириҳо зиёд андеша мекунанд, вале мардҳо қарорро тезтар қабул мекунанд. Аммо, ба ҳар сурат, ба назари ман, шояд 50 сол баъд шумораи занҳои миллионеру миллиардер нисбат ба мардон бештар гардад. Зеро ҳоло занҳо фаъолияти худро бештар ба ҳамин самт равона кардаанд».

Дар ин замина равоншинос Нафиса Муродова мегӯяд, пажӯҳишҳо собит кардаанд, ки занони Шарқ бе дастгирии атрофиён пеш рафта наметавонанд. Зеро заминаҳои бунёдии ҷомеаи суннатӣ ҳамин гуна сохта шудааст, ки занҳо хоҳу нохоҳ вобастаи мардон боқӣ мемонанд. Хонум Нафиса аз ҷумла гуфт, «умуман барои занҳо баромадан ба майдони калони мубориза бисёр душвор аст. Чун занҳо дар ҳаёт ва масъалаи муваффақ шудан монеҳои зиёде доранд. Масалан, барои баъзе чизҳое, ки гуноҳи мардон бахшида мешавад, занонро аслан намебхашанд», гуфт вай.

Бо ин ҳама ба андешаи Нафиса Муродова, ҳарчанд занҳо барои муваффақ шудан дар арсаҳои мухталиф талош мекунанд, аммо камҷуръативу набуди иродаи мустаҳкам онҳоро заъфпазир мегардонад.

Дар чанд соли ахир созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ лоиҳаҳоеро дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон рӯи даст гирифтаанд, ки боло бурдани сатҳи кордонӣ ва ташаббускории занон аз аҳдофи ин иқдомот аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки раҳбарии аксарияти созмонҳои ғайридавлатии марбут ба ҳуқуқи башар, маорифу фарҳанг ва беҳдоштро занон ба ӯҳда доранд.

Аммо занони соҳибкори тоҷик аз ҳамқавми худ Саидмурод Давлатов ин интизориро низ доранд, ки дар рафъи ҳарос ва бунёди эътимод ба тавоноиҳои худ ба онҳо низ мадад расонад.
XS
SM
MD
LG