Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти қотили язнаи президент ва баҳси пойгоҳи русӣ дар меҳвари нашрияҳои Душанбе


Баррасии матбуоти чопи Душанбе, рӯзи 19 июл.

Боздошти эҳтимолии қотили Холмӯъмин Сафаров, домоди президент Раҳмон ва баҳсҳо бар сари тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон аз мавзӯоти меҳварии матолиби аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

«СССР» боздошти ин фардро, ки ҳанӯз ҳувияти он ошкор нашудааст, ба професианализми кормандони милиса рабт додааст. Нашрия дар матлаби «Боздошти қотили №1... Террорист ё ниқорҷӯ» навишт, ки «расо як моҳи бутун ба баъд, ВКД қотилро ёфт, ки ҳалоли Рамазон Раҳимов — Вазири нави кишвар бод! Ба ин оперативӣ то ҳанӯз қатлу куштори пурсарусадоеро мо дар хотир надорем». Ба навиштаи нашрия «шахсан ба информатор ваъдаи инъоми бузург кардани худи Вазир низ дар кашфи воқеа роли ҳалкунанда бозид. Ва боз ҳам тақдими 2 ҳуҷрагӣ бори дигар аз професионализми Раҳимов дарак медиҳад. Зеро ба таъкид нашрия «акнун мардум ба дилхоҳ ваъдаи Милисаи №1 бовар хоҳад кард».

«Нигоҳ» дар матлаби «Се фарзияи як куштор» ба фарзияҳои эҳтимолии ин қатл пардохта ва маҳз тиҷорати шираи камол, баҳс бар сари кони тиллои «Шугнов» ва пули калону хотири ранҷидаро аз ҷумлаи фарзияҳои куштори Холмӯъмин Сафаров, раиси муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва язнаи президенти кишвар донистааст. Нашрия фарзияи саввумро асосӣ ва ҷиддитар медонад ва менависад, «фармоишгари ин ҷиноят метавонанд афроди гуногун бошанд: пулдода ва ранҷида. Ин аст, ки фарзияи ахир ишора ба фармоишгари ин ҷиноят мекунад». Афзун бар ин, нашрия менависад, «фармоишгарон метавонанд афроди гуногун бошанд: аз қабили директори кадом як бозор ва сарвари кадом як корхона, ки «Нигоҳ» ба хотири халал ворид накардан ба тафтишот аз онҳо ном намебарад».

«Фараж» ба нақл аз таҳлилгарон сӯиқасд ба ҷони Холмӯъмин Сафаровро рабте ба фаъолияти кории президент намедонад. Нашрия андешаи таҳлилгар Парвиз Муллоҷоновро овардааст, ки мегӯяд, «ин сӯиқасд ё ба ягон масъалаи кадрӣ дахл дорад, ё ба касе фаъолияти ӯ (манзур Холмӯъмин Сафаров) маъқул нашудааст, ё ин ки мумкин бо касе ягон рақобат пайдо кардааст». Дар ҳоле, ки назарҳо дар мавриди сабабҳои куштори домоди президент мухталифанд, нашрия менависад, ки «мақомот ғайр аз изҳороти расмӣ маълумоти бештареро пахш намекунад, ки ин вазъ боиси сару садоҳоро ва фарзияҳои гуногун дар миёни ҷомеа шудааст».

«Озодагон» баҳси Тоҷикистон ва Русия бар сари тамдиди пойгоҳи низомии ин кишварро дар пасманзари нишасти хабарии ахири вазири хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ, ба чолиш кашидааст. Нашрия дар матлаби «Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунад?» навишт, ки «масъулони вазорати хориҷа ва маркази таҳқиқоти роҳбурдии Тоҷикистон дар ҳоле аз талаби маблағ барои ҳузури низомиёни рус изҳори беэътилоӣ мекунанд, ки соле қабл ҳарфи ин мақомот дигар буд». Ба таъкиди нашрия, Ҳамрохон Зарифӣ, он замон гуфта буд, ки замини Тоҷикистон моликияти бобоии ҳеҷ як вазир ва ё мақомот набуда, он ройгон дар ихтиёри ҳеҷ кишваре гузошта нахоҳад шуд». Аммо нашрия хулоса кард, ки «бо таваҷҷӯҳ ба имконият ва дастдарозии Русия, коршиносон мегӯянд, ки агарчӣ ҳукумати Тоҷикистон хоҳиши талаби маблағ барои истифодаи заминро дошта бошад ҳам, беихтиёр аз ин даъвояш даст хоҳад кашид».Зеро ба таъкиди нашрия, «дар сурати ғайр Русия метавонад бо ҳар баҳонае бо роҳи «шикор» ба муҳоҷирони тоҷик ба ҳукумати Тоҷикистон фишор орад».

«Миллат» дар ин замина менависад, ки «Зарифӣ бояд истеъфои худро эълон кунад, агар суханони Чиркин рост бошад». Дар ин матлаб хонда мешавад, ки «ҷаноби зарифӣ як соли пеш, рӯзи 18 июли соли 2011 гуфта буд, ки «Агар ягон нафар дар хориҷи кишвар ҳисоб кунад, ки пойгоҳи низомӣ ва ё элементҳои он бояд дар Тоҷикистон ройгон бошад, мо чунин посух дорем, ки сарзамини Тоҷикистон моликият ё ин, ки сармояи падари вазири корҳои хориҷӣ ва ё вазири дифоъи Тоҷикистон нест. Он арзиш дорад... дар мавриди бе музд истифода бурдани сарзамини Тоҷикистон низ ҳоҷати гап нест». Нашрия ин суханонро "мавқеи солим ва назари мардуме донистааст, ки худро, миллати худро ва давлати худро эҳтиром мегузоранд". Аммо нашрия менависад, ки «акнун Владимир Чиркин, фармондеҳи неруҳои хушкигарди Русия гуфтааст, ки Тоҷикистон ба мӯҳлати 49 сол ва ройгон пойгоҳи Русияро ҷой хоҳад дод...». Ин аст, ки нашрия менависад, «ҳоло агар дар воқеъ чунин тавофуқе сурат гирифта бошад ва замини Тоҷикистон бе пул дода шуда бошад, пас аз назари ахлоқӣ ва усули футуват Ҳамрохон Зарифӣ бояд барои дар мавқеи худ истиқомат накардан, бояд маъзарат бихоҳад ва истеъфо диҳад. Он гоҳ шахсияти мондагори таърих хоҳад буд».

«Наҷот» дар матлаби «Такякуниҳо ба Русия ё Амрико?» таҳаввули ахирро ба баррасӣ гирифта ва изҳоротҳои ахири мансабдорони русро ба маънии
«нороҳатӣ» -и онҳо аз сиёсати мустақили Тоҷикистон арзёбӣ кардааст. Зеро ба навиштаи нашрия, «аз изҳороту суханрониҳои гаҳе тунду тез ва гоҳе дипломатонаи генералу сиёсатмадорони рус бармеояд, ки онҳо то андозае аз сиёсати мустақили Тоҷикистон, ки то чанд муддат зери навои мусиқаи онҳо мерақсид, сахт нороҳатанд». Чун ба таъкиди нашрия, «як нафар афсари олирутбаи рус кишвари моро тарс аз он медиҳад, ки Тоҷикистонро инқилоби мухолифин таҳдид дорад, нафари дуввум аз ҳамлаи толибони афғону тоҷик ҳушдор медиҳад, саввумӣ хулоса мекунад, ки агар Тоҷикистон шартҳои аз ҷониби Русия пешгузоштаро амалӣ насозад, он гоҳ «артиш» -и ду миллионнафараи неруи кории тоҷики муқими Русия, хориҷ карда мешаванд, низоми раводид байни ду кишвар ҷорӣ мегардад ва ғайраву ҳоказҳо». Аммо нашрия таъкид дорад, ки «чандон рӯшан нест, ки Тоҷикистон ба чӣ ва ё кӣ такя дорад ва дар қиболи Русияи абарқудрат худро устувор нишон дода, нозу нузи бародари бузургро бардоштанӣ нест».
XS
SM
MD
LG