Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтӯгуи Эмомалӣ Раҳмон бо дипломатҳо дар бораи Хоруғ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар робита ба ҳодисаҳои Бадахшон бо гурӯҳе аз дипломатҳои хориҷӣ мулоқот намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот зимни ишора ба ҳодисаҳои чанд рӯзи охир дар Бадахшон гуфтааст, “тамоми чораҳои лозим андешида мешавад, то гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ силоҳро ба замин гузошта ва ба қонун итоат кунанд.”

Ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора зимни мулоқот бо сафирони Фаронса, Бритониёи Кабир, Олмон, роҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо, кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кордори муваққатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сухан гуфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатҳои хориҷӣ гуфтааст, “ҳадафи амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷиноятпеша, пеш аз ҳама қотилони сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулло Назаров мебошад.”

Дар навбати худ дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ изҳор доштанд, ки “зарурати амалиёти зидди гурӯҳҳои ҷиноятпешаро хуб мефаҳманд” ва изҳори умедворӣ кардаанд, амнияту оромии аҳолии осоишта таъмин карда хоҳад шуд ва муттаҳамон ба ҷиноят дар додгоҳи одилона ва бо риояти қонун муҳокима хоҳанд шуд.

Баъди қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи Давлати Амнияти Миллӣ дар Бадахшон дар рӯзи 21 июл, маъмурони амниятии Тоҷикистон рӯзи 24 июл амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карданд, ки дар натиҷаи он 42 нафар, аз ҷумла, 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ ва 12 нафар аз маъмурони амниятӣ кушта шуданд ва 23 тани дигарашон захм бардоштанд. Ба гуфтаи мақомот ҳамчунин 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG