Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба Шабакаи аввал барои расман узрхоҳӣ ва ё пахши раддия як моҳ фурсат додааст.
Шаҳрдорӣ бо эътироз аз як гузориш дар барномаи «Ахбор”-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон хостори нашри раддия шуда, зимни сарпечии ин шабака арз ба додгоҳ бурда буд. Дар гузориш бархе аз сокинони пойтахт, ки манзилҳояшон бар асари ярч хароб шудаанд, аз беамалии шаҳрдорӣ шикоят мекарданд. Эътирози шаҳрдорӣ бар он асос меёфт, ки назари мақомоти шаҳрдорӣ дар гузориш бозтоб наёфтааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории пойтахт мегӯяд, муҳим он нест, ки баҳси додгоҳӣ ба нафъи кадом ҷониб ҳал шуд, асос он аст, ки волоияти қонун таъмин гардид: «Дар аризаи даъвогӣ ягон талаби ҷуброни зарари маънавӣ ҷой надошт, танҳо нисбати гузориши пахшшуда раддия оварда шавад ва аз шаҳрдорӣ расман узр пурсанд. Мӯҳлати муайяннамудаи қонунгузорӣ як моҳ аст, баъд аз он ҳар тасмиме, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, шаҳрдорӣ дар доираи он амал хоҳад кард.»
Шавкат Саидов афзуд, шаҳрдорӣ ба ҳеҷ ваҷҳ намехост ин баҳс то ба додгоҳ кашида шавад, аммо чун Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон аз пахши раддия дар ин мавзӯъ сарпечӣ кард, дигар чорае ба ҷузъ аз муроҷиат ба додгоҳ набуд.
Дар ҳамин ҳол раҳбари Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон тасмими додгоҳро қабул надорад. Муҳаммад Ғоиб, мудири барномаҳои Шабакаи аввал дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт: «Мо узр намепурсем. Навор танқидӣ буд ва мо онро пахш кардем. Вақте, ки адолати судӣ риоя нашавад, мо ҳам фикру ақидаи худро дорем. Агар лозим буд, ба дигар ҷой муроҷиат мекунем».
Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон Тоҳир Хоҷаев, дар ҳоли ҳозир ҳукми додгоҳ аз тарафи мақомоти телевизион мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва пас аз чанде тамими ниҳоии ин мақомот эълон хоҳад шуд.
Дар ҳамини ҳол Нуриддин Қаришибоев, роҳбари Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон тариқи додгоҳ ҳал шудани чунин баҳсҳоро падидаи хуб арзёбӣ мекунад. Ба андешаи ӯ, баҳси мазкур бояд барои рӯзноманигорон ба мисли як сабақе бошад, ки онҳо ба ҳангоми баррасии мавзӯъҳои мухталиф тавозуни назарро риоя кунанд:
«Агар сатҳи касбияти рӯзноманигор боло бошад, ӯ бо як маротиба баррасӣ шудании қазияааш дар додгоҳ аз фаъолитяи минбаъдааш даст намекашад. Аммо бояд таъкид кард, ки ба ҳангоми мода кардани гузоришҳои таҳлилӣ-танқидӣ, ба поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои ҷонибҳои дигар набояд роҳ дод.»
Норозигӣ аз гузоришҳои якҷониба дар васоити ахбори умум падидаи нав нест ва борҳо сабаби кашокаш дар додгоҳҳо шудааст. Аммо бори аввал аст, ки шаҳрдорӣ бо телевизиони давлатӣ вориди чунин баҳс шуда, шахси дуввуми раҳбарияти кишвар, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсайид Убайдуллоев дар он шомил мебошад. Ба ақидаи коршиносон, ҳаддалмикон одилона ҳал шудани ин қазия ҳам барои ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам барои расонаҳои ахбори ом намунаи боаҳамияте хоҳад шуд.