Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи тилоии қазоқҳо


Қазоқистон то кунун дар Бозиҳои олимпии Лондон шаш медали тилло ба даст овардааст.

Дар ҳоле, ки аксари ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ба мисли Тоҷикистон барои гирифтани аввалин медалҳои бозиҳои олимпии Лондон талош доранд, варзишгарони Қазоқистон то имрӯз шаш медали тило ва як медали биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби умумӣ як қадам пеш аз Русия- дар ҷои нуҳум қарор доранд.

Баъзеҳо мегӯянд, шаш медали тилои Қазоқистон тасодуф аст, дигарон таъкид мекунанд, ки истеъмоли қазӣ ё худ гӯшти асп ба варзишгарони Қазоқистон илҳом бахшидааст. Аслан пеш аз оғози бозиҳои олимпӣ идораи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ Қазоқистон иброз дошт, ки аз Лондон ҳадди ақалл се медали тило хоҳад овард. Вале Қазоқистон то имрӯз аллакай шаш медали тило касб намуда, чанд варзишгари дигари ин кишвар ба сабқати ниманиҳоии бокс роҳхат гирифта, ба этимоли зиёд соҳиби медали олимпӣ хоҳанд шуд.

Аввалин медали тилои бозиҳои Лондонро ба хазинаи Қазоқистон велосипедрон Александр Винокуров дар таърихи 28-уми июл овард. Баъд аз он се зани вазнабардори қазоқистонӣ-Зулфия Чиншанло дар вазни то 53 килограмм, Мая Манеза дар вазни то 63 килограмм ва Светлана Подобедова дар вазни то 75 килограмм соҳиби медали тилои бозиҳои олимпӣ шуданд. Дар сабқати мардони вазнабардор Иля Илин дар вазни то 94 килограмм ҷои аввалро гирифт. Баъд аз он 5-уми август Олга Рипакова дар ҷаҳиши секарата пирӯз шуда, ба хазинаи Қазоқистон медали шашуми тилоиро ҳавола кард.

Чор сол пеш дар бозиҳои олимпии Пекин Қазоқистон ду медали тило, чор нуқра ва ҳафт биринҷӣ касб намуда, дар ҳисоби умумӣ ҷои 29-умро ишғол карда буд.
Насиб Ҷунисбой- муҳаррири нашрияи “Спорт”, чопи Остона ва раиси Иттиҳодияи хабарнигорони варзишии Қазоқистон мегӯяд, сирри муваффақияти қазоқҳо махфӣ нест: “Таҷриба, матрин, пул ва бахти зиёд”.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тавассути телефон аз Лондон Ҷунисбой гуфт, ки дар ин бозиҳои олимпӣ чунин эҳсос мешавад, ки ба варзишгарони қазоқ худо кӯмак мерасонад: “Мо интизор надоштем, ки Винокуров пирӯз мешавад. Ӯ қариб 40 сола буда, як ҳафта пеш дар мусобиқаи Тур де Франс иштирок карда буд. Дар Фаронса ӯ ягон дар ягон марҳила ғолиб наомад. Мо фикр мекардем, ки ӯ дар байни даҳ велосипедрони беҳтарин ҷой мегирад ва агар дар байни се нафари аввал ҷой гирад, муваффақият хоҳад буд. Пирӯзии Винокуров дигаронро ба ғалаба ташвиқ кард.”

Набояд фаромӯш кард, ки Чиншанло, Манеза, Рипакова ва Илин ҳар яке қаҳрамони олам буда, чандин дафъа дар бозиҳои Осиё пирӯз шудаанд.
Қазоқистон бо ваъдаи тақдими шаҳрвандии ин кишвар ва тибқи баъзе гузоришҳо ҷоизаҳои бузурги молӣ варзишгарони ҷавони умедбахшро ба ин кишвар даъват мекунад.

Масалан, қаҳрамонони олимпӣ Манеза дар Қирғизистон, Чиншанло дар Чин, ба дунё омадаанд. Қаҳрамони дигари олимпӣ Подобедова аслан шаҳрвандии Русия дошт, вале баъд тобеияти Қазоқистонро қабул намуд. Имрӯз ин сармоягузориҳо самара доданд.

Коршиносон мегӯянд, Қазоқистон варзишро ба масъалаи авлавиятноки ҳукуматӣ табдил дода, ба ин соҳа сармоягузории зиёд мекунад. Ҳамчунон Қазоқистон беҳтарин муррабиҳоро ба кор дар ин кишвар даъват намуда, ба варзишгарони номдораш имкон медиҳад, ки дар беҳтарин толорҳои варзишии Қазоқистон ва кишварҳои дигар тамрин намуда, малакаи худро тақвият бахшанд.

Ҷунисбой мегӯяд, ки ҷоизаи молӣ ҳам дар ҷалби варзишгарон ва пирӯзиҳои онҳо саҳми бузург дорад. Вале вақте ба қаҳрамони олимпӣ Илин чунин суол доданд, ӯ гуфт, ки сирри пирӯзии варзишгарони қазоқ дар истеъмоли гӯшту шири асп, яъне қазӣ ва қумис аст.
XS
SM
MD
LG