Дар хабарҳое, ки матбуоти Русия шитобзада чоп кард, гуфта мешавад, гӯиё ин муноқиша барои як зан ё духтаре рух дода ва дар ин муноқиша таппончаи пневматикӣ ё бодӣ низ истифода шудааст.
Вале асли воқеа кадом аст? Решаи ин муноқиша то ба куҷо меравад? Дар мусоҳибае бо Раҳматуллоҳ Мазориев, яке аз шахсиятҳои мӯътабари ҷамъияти тоҷикон дар Перм, ба ин суолҳо аз ӯ посух хостем.
Мазориев: "Сабаби асосӣ ин аст, ки як мошини боркаши арманиҳо ба мошини сабукрави муҳоҷирони тоҷик бархӯрдааст. Ронандаи арманӣ қоидаи ҳаракати роҳро риоят накардааст, бо вуҷуди ин арманиҳо баромада, зӯрии худро нишон додаанд. Ҳамин тавр, муноқиша сар зада ва ба моҷаро оварда расондааст."
Озодӣ: Оё аз ҷониби тоҷикон ва ё арманиҳо касе ҷароҳат бардоштааст?
Мазориев: "Як тоҷик ва 3 арманӣ ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд."
Озодӣ: Мегӯянд, ки ҷониби арманиҳо аз таппончаи пневматикӣ ё бодӣ истифода кардааст. Ин гуфтаҳо то куҷо дуруст аст?
Мазориев: "Ин гуфтаҳо дар ҳақиқат дуруст аст ва онҳо аз таппонча истифода бурдаанд. Онҳо мегӯянд, ин кор гӯиё барои ҳимояти худашон будааст."
Озодӣ: Оё ҳамин муноқишае, ки дар байни арманиҳову тоҷикон рух дод, решае дорад, ки ҷавонони ин ду миллат бо якдигар эҳсоси дӯстиву хайрхоҳӣ надоранд?
Мазориев: "Аслан ин беасос нест ва решаи муайян ҳам дорад. Дар шаҳри Перм як бозори яклухтфурӯшӣ ҳаст. Намояндагони ҳамаи миллатҳо, масалан, озариҳо, арманиҳо, гурҷиҳо ва мардуми Осиёи Марказӣ тоҷикону қирғизҳо ва узбакҳо тиҷорат мекунанд. Соли 2010-ум дар ҳамин бозор як зани арманӣ аз тоҷири тоҷик меваву сабзавот мегирад. Дар вақти доду гирифт миёни онҳо ихтилоф сар задааст. Тоҷири тоҷик тақрибан 10 нафари дигарро ба кӯмаки худ хостааст. Ин 10 нафар зани арманиро лату кӯб карда ва аз ҳар ду тараф ба якдигар гапҳои нозасо ҳам гуфтаанд. Чанд арманӣ ба кӯмаки зан омадаанд. Вале маъмурияъти бозор ин моҷароро ором кард. Бо вуҷуди ин баъд аз 3-4 соат арманиҳои зиёде дар даст чӯбу пораҳои оҳан ба муқобили тоҷикон омаданд. Азбаски шумораи тоҷикон дар бозор зиёд буд, шояд чашми арманиҳо тарсид ва ин ҷанҷол тамом шуд. Фикр мекунам, дар ин шаҳр хусумати арманиҳо бо тоҷикон аз он вақт боқӣ мондааст."
Озодӣ: Ҳисси бадбинии миёни тоҷикону арманиҳо ҳамон вақт бедор шуда буд?
Мазориев: "Бале. Як сабаби дигар ҳам ба назари шахсии ман ин аст, ки кор кардан дар соҳаи тиҷорат дар зери дасти мардуми Қафқоз он қадар мувофиқи мақсад нест. Мо боҳо гуфтаем, ки кӯшиш кардан даркор, то мардуми мо ягон кори мустақил ёбанд, барои он ки онҳо ҳангоми кор мардумони Осиёи Марказӣ, масалан узбакҳову тоҷиконро фиреб медиҳанд. Музди корашонро намедиҳанд. Ҳамин гуна корҳо бисёр буд. Дар гузашта мо бо намояндагони арманиҳо, ки обрӯю эътибор доранд, борҳо сӯҳбату маслиҳатҳо доштем. Лекин ба ҳар ҳол мардуми моро фиреб медоданд. Ин чиз ҳам ба назари ман таъсири манфии худро гузоштааст."
Озодӣ: Ҳоло, ки ин моҷаро рух додааст ва имкони қасосгирӣ ҳанӯз боқӣ мондааст, оё аз ҷониби мақомоти интизомии шаҳри Перм барои такрор нашудани ҳамин гуна моҷароҳо чорае андешида мешавад?"
Мазориев: "8-уми август соати 12 дар раёсати корҳои дохилаи шаҳри Перм раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр намояндагони ҳамаи миллатҳоро ҷамъ кард. Сабаби аслии ин ҷамъомад ҳамин муноқиша буд. Ду соат машварат баргузор шуд. Имкони муноқишаҳои дигар ҳам баррасӣ шуд. Дар радиои “Эхо Перм” низ сӯҳбати мизи гирд баргузор шуд. Дар он кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони миллатҳои гуногун иштирок доштанд. Дар чорабиние, ки дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд, кормандони ҳокимият, намояндагони губернатор ва намояндагони ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ ширкат доштанд."
Озодӣ: Шумо шахсонеро дар назар доред, ки аз ҳар ду ҷониб дар байни муҳоҷирон обрӯву эътибор доранд?
Мазориев: "Дар ҳақиқат ҳамин тавр. Фикри онро дорам, ки раҳбари ҷамъияти арманиҳо Саркисян Вагаршак Борисович шахси фарҳангист ва ин муноқиша бояд ба таври мусбат ҳал шавад."
Озодӣ: Шумо ва ҷамъияти тоҷикон ҳам дар оянда дар байни ҷавонон корҳое хоҳед кард, то онҳо фирефтаи ҳар гуна таҳрикоти миллӣ нашаванд ва худашонро зери маломат нагзоранд, ки тоҷикон ҷангҷӯ ҳастанд?
Мазориев: "Мо ин хел чорабиниҳо зиёд гузарондаем. Вале як нукта таъсири манфии худро дорад, ки ҳар сол ба шаҳри Перм ё кишвари Перм муҳоҷирони нав меоянд. Дар миёни онҳо ҷавононе ҳастанд, ки нав мактаби миёнаро хатм мекунанд. Яъне ҳар сол таркиби муҳоҷират нав мешавад. Агар мо донем, ки таркиб тағйир намеёбад, кор осонтар аст. Лекин ҳар сол иваз мешавад. Бо вуҷуди ин мо мехоҳем, ки тоҷикон дар байни миллатҳои дигар хуб зиндагӣ кунанд, худро нишон диҳанд. Мардуми фарҳангдӯст будани худро исбот кардан даркор. Рӯзҳои фарҳангӣ дар кишвари Перм баргузор кардем. Ҳадафи он чӣ буд? Ҳадаф он буд, ки ба мардумони дигар ва таҳҷоӣ бигӯем, ки бубинед, мо соҳибфарҳанг ҳастем, тамаддуни ғанӣ дорем. Бо вуҷуди ин мо тарбияи ҷавононро дар назар мегирем, медонем, ки ҳар сол муҳоҷирони нав меоянд. Бо артиши калони муҳоҷирон кор кардан ҳам мушкил аст."