Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Юсуф Абдусаломов дар Лондон


Юсуф Абдусаломов
Юсуф Абдусаломов
Имрӯз, 11-уми август, Юсуф Абдусаломови 34-сола, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин-2008, дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило дар даври муқаддамотӣ бо Ҳоҷимурод Нурмагомедови 25-сола аз Арманистон рақобат кард. Даври аввал бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи Абдусаломов хотима ёфт.

Вале дар ду даври дигар Нурмагомедов бо ҳисоби якхелаи 2:0 пирӯз шуд ва ҳисобро баробар – 4:4 кард. Дар замони изофӣ паҳлавони Арманистон бо ҳисоби 3:1 дастболо шуд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале намояндаи Тоҷикистон аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.

Рӯзи шанбе дар Лондон, инчунин, Алишер Гулови 22-сола, ки барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таэквондо ширкат варзид, дар вазни беш аз 80 кг дар ҳаштякфинал бо варзишгари итолиёвӣ Карло Молфеттаи 28-сола, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012, қувваозмоӣ кард. Дар ин рақобат Молфетта бо ҳисоби 7:3 (2:1, 0:1, 5:1) пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад. Вале Гулов аз идомаи мубориза маҳрум гашт.

То ҳоло 14 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст. Мавзуна дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Сездаҳ варзишгари Тоҷикистон - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров, даванда Владислава Овчаренко, таэквондочиён Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, гуштигирони тарзи озод Николай Ноев ва Юсуф Абдусаломов аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Ду гуштигири дигари тоҷик - Зелимхон Юсуфов дар вазни то 66 кило ва Искандари Рустам дар вазни то 96 кг дар мусобиқаи гуштии озод дар рӯзи охирини Олимпиадаи Лондон - 12-уми август ширкат меварзанд.

Тақвими охирин сабқати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

12-уми август

Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG