Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ампаро" гуфт, зери фишори мақомот қарор гирифтааст


Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси "Ампаро"
Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси "Ампаро"

Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон - "Ампаро" аз дахолати баъзе сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти ин созмон нигаронӣ кардааст.

Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро" дар Хуҷанд бо нашри баёнияе аз фишор ва дахолати намояндагони бархе аз сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти ин созмон ба шиддат изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар баёнияе, ки ин Анҷуман мунташир кардааст, гуфта мешавад, дар роҳи иҷрои барномаҳои маърифатии онҳо барои ҷавонон аз сӯи ин намояндагони мақомот монеа эҷод шуда ва фаъолияти "Ампаро" бидуни кадом зарурат аз ҷониби ниҳодҳои гуногун мавриди бозрасӣ қарор мегирад.

Дилрабо Самадова, роҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро" рӯзи душанбеи 13-август ба Радиои Озодӣ гуфт, асноди пешниҳодии онҳо ҷиҳати сабти номи такрорӣ ва табдили мақоми ин созмон ба як созмони ҷумҳуриявӣ аз тарафи Раёсати адлияи вилояти Суғд рад ва баръакс ин ниҳод бо аризаи шикоятӣ аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд хостааст, фаъолияти "Ампаро"-ро қатъ намояд.

Раёсати адлияи вилояти Суғд ин созмонро дар нақзи баъзе аз муқаррароти оинномавӣ, аз ҷумла фаъолият дар берун аз ҳудуди пешбинишуда ва табдили суроғаи ҳуқуқӣ муттаҳам кардааст.

Дилрабо Самадова, роҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро" гуфт, баъд аз баҳсу баррасии зиёд ва овардани далелҳо Раёсати адлияи вилоятро водор кардааст, ки асноди онҳоро ҷиҳати сабти дубора қабул кунад.

Анҷумани ҳуқуқшиносони "Ампаро" соли 2005-ум ташкил ва сабти ном шуда, дар вилояти Суғд амал мекунад. Ин созмон асосан ҳимояти ҳуқуқии даъватшавандаҳо ба сафи артиш ва хидматчиёни ҳарбӣ, кӯдакони ятиму бепарастор ва маълулро ба ҳадаф қарор додааст.

Анҷумани мазкур бештар аз 20 ҳуқуқшиносро даври ҳам оварда ва яке дигар аз аҳдофаш, роҳандозии хидмати алтернативии сарбозӣ дар Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG