Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо ин ҳафта чӣ навиштанд?


Худро таслим кардани Толиб Айёмбеков, яке аз 4 фармондеҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон дар меҳвари матолиби аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор дорад.

«Азия плюс» таслим шудани Толиб Аёймбеков ба мақомотро аз муҳимтарин таҳаввулот дар Хоруғ дар ҳафтаи сипаришуда арзёбӣ кардааст. Аммо нашрия дар матлаби «Кӣ посух мегӯяд?» дар ҳаводиси хунини Хоруғ вазорати дифоъ, КАДМ, Додситонии кулл ва ҳатто Оҷонсии назорат бар маводи мухаддирро масъул медонад. Зеро ба навиштаи нашрия, «дар ҳодисаи ахир дар Хоруғ сохторҳои қудратӣ низ айбдоранд».

«Нигоҳ» дар пасманзари таслим шудани Толиб Айёмбеков пешравии нерӯҳои ҳукуматӣ дар ин минтақаро бармаҳал донистааст. Зеро ба навиштаи нашрия, «аз сӯҳбатҳои Толиб Айёмбеков ва Имумназар Имумназаров, бармеояд, ки онҳо пешравиҳои ҳукумат дар Бадахшон, раванди халъи силоҳ ва таслим шуданҳоро на хизмати ҳукумат, балки Имом Оғохони Чорум медонанд». Нашрия бо такя ба гуфтаи «Имумназар Имумназаровро, ки «агар аз паси мо оянд, мо мубориза мебарем. Бигзор бо дасти холӣ, аммо то охир», менависад, «ин суханони раҳбари аслии фармондеҳони Бадахшонро мавқеи умумии се фармондеҳи дигар пиндорем, пас хулосаи таслим шудани Толиб Айёмбеков ин мешавад, ки тарҳи ба суд кашидан ва ё нобуд кардани онҳо дар Бадахшон хеле ба сахтӣ пиёда мешавад ва ё намешавад, яъне бозиҳои ҳар ду ҷониби қазия идома дорад».

«Имрӯз нюз» мусоҳибаеро бо Раҳматилло Зойиров, раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон дар робита ба таслим шудани Толиб Айёмбеков ва қазияи бозпурсии вай анҷом додааст. Ҷаноби Зойиров мегӯяд, «ҳанӯз зуд аст, ки бигӯем Толиб Айёмбеков дар ҷинояти куштори генерал Абдулло Назаров айбдор аст. Агар омилони куштор аз Айёмбеков фармони бевосита нагирифта бошанд, дар ин вақт Толибро гунаҳкор кардан ғайриимкон аст». Аммо ҳамзамон Зойиров меафзояд, «Аёймбеков бегуноҳ нест, лекин гуноҳҳои вай дар асоси фактҳои ҳуқуқӣ исбот карда мешавад, на ин ки эҳтимолӣ ва на аз рӯи супориши сиёсӣ».

Аммо «СССР» анҷоми ҷанг дар Хоруғро на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақаи Осиёи Миёна дар маҷмӯъ хеле пураҳамият арзёбӣ кардааст. Нашрия дар матлаби «Почерк» - и шинос» навишт, «ҳоло ин ҳам муҳим нест, ки бо Толиб Айёмбеков аз кадом тарз муомилаву созиш сурат гирифта ва ба ивази чиву кӣ онҳо ба қавле худро таслим карданд. Яъне дар маҷмӯъ, агар ҳолати дигаре пеш наояд, ҳоло як таркиши ҳадди аққал минтақавӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд».

«Озодагон» ба дунболи то ҷое ба эътидол омадани вазъ дар Хоруғ, мавзӯи истеъфои ваъдагии Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшонро ба чолиш кашидааст. Нашрия ҳарчанд менависад, «дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал аст, ки як мансабдори сатҳи баланд ваъдаи истеъфо медиҳад, аммо таҳлилгарон ба иҷрои ин қавл бовар надоранд». Зеро ба навиштаи нашрия дар Тоҷикистон ҳеҷ мансабдоре қодир нест бидуни ишорае аз «боло» дар алоҳидагӣ тасмим бигирад, ҳатто агар исми ӯ Қодир бошад» . Ба таъкиди нашрия «ҳар чӣ ҳам бошад фарҳанги истеъфо дар кишвари мо ҳанӯз шакл нагирифтааст ва агар Қодири Қосим ба ваъдаи кардааш амал намояду ба истеъфо равад, дар таърихи давлатдории тоҷик номаш бо ҳарфҳои бузург сабт хоҳад шуд».

«Наҷот» бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти ахире, ки нисбати ҳизб, ба хусус таъқибу фишор болои аъзо ва масъулони ҲНИТ, қазияи кушта шудани Сабзалӣ Мамадризоев дар Бадахшон ва ба оташ кашида шудани дафтари ин ҳизб дар шаҳри Ваҳдат сурат мегирад, бархе аз курсинишинон ва мақомдоронро барҳамзанандаи сабру суботи ҷомеа донистааст. Нашрия дар матлаби «Таъқибу куштор» менигорад, «ба ҳар ҳол агар ҳукуматдорон ҷинояткореро пайдо намекунанд ва ӯро бо ҳукми суд ҷазо намекашанд, пас дар бесуботии ҷомеа ҳамин гуна масъулин посухгӯ бояд бошанд». Нашрия ба ин гуна ҳукуматдорон хитоб зада менависад, «Бояд иқрор бошед, ки ҷузъ шумо барҳамзанандаи сабру суботи ҷомеа каси дигаре нест! Ва ҳама кирдор ҳадду ҳудуд дорад, нашавад, ки боиси лабрез шудани косаи сабри мардум бигардед».

Ва «Фараж» баҳсҳои додгоҳии шабакаи аввал алайҳи шаҳрдори Душанбе ва нафари дуввум дар ҳукумат Маҳмадсайид Убайдуллоев ва телевизиони маҳаллии «Суғд» алайҳи рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро ба наздик расидани интихоботи президентии 2013 рабт додааст. Нашрия менависад, «танқиду айбдорсозии собиқ қозикалон падидаи нав нест, аммо перомуни шаҳрдорӣ, ки дар садраш Маҳмадсаид Убайдуллоев меистад, аксар ҳолат журналистон аз эҳтиёт кор мегиранд, ҳарчанд худи вай ҷонибдори «танқиди боасос» аст». Ҳамзамон нашрия хулоса мекунад, ки «бо ин ҳама даъвои озодии баён, ҷасорату маҳорате, ки журналистони мустақил даъво доранд, кумитаи радио ва телевизион, ки дар садри он ҳам хатмкардаи факултаи журналистика Асадулло Раҳмонов мешинад, аввалин шуда бо шахси дуюми Ҳукумат ба даъвои судӣ рафт».

«Миллат» дар ин бора, матлаби як сокини вилояти Суғдро чоп карда, ки вай мегӯяд, «Шабкаи аввал танҳо аз шаҳрдорӣ не, балки бояд аз тамоми мардуми тоҷик узр пурсад».Заррина Тошева гуфтааст, ки баҳси додгоҳии Шабакаи аввал бо шаҳрдорӣ, ба хусус радияе, ки телевизион ба қарори додгоҳ намоиш додааст, мояи тааҷҷубаш гардидааст. Зеро ба таъкиди Тошева, «проблемаҳои муҳими стратегии давлатро як сӯ монда, шабакаи аввал дар хатогиҳои имлоии шаҳрдорӣ айб меҷӯянд». Ба навиштаи ин сокини вилояти Суғд, «биёед беғараз ба маънавиёти хеш чашми интиқод боз кунем. Дар бист соли охир муаллим, духтур хонаи нав нагирифтааст, Шумо, кормандони телевизион аз ҳисоби давлат соҳиби хонаҳои нав гардидед. Шумо асосан аз пули мо - андозсупорандаҳо маош мегиред. Ва шумо бояд аз тамоми ҷумҳурӣ узр пурсед, ки мардумро аз симоҳои хориҷии антенна «тарелка» -ҳо ба телевизиони миллӣ ҷалб карда наметавонед!».
XS
SM
MD
LG