Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани гумонбари қатли панҷ марзбони қирғиз дар Иссиқкӯл


Сарбози қарордодии нирӯҳои марзбонии Қирғизистон, ки дар қатли 5 нафар гумонбар дониста мешуд, кушта шудааст.

Масъулони нирӯҳои марзбонии Қирғизистон хабар доданд, ки сарбозон марзбонеро, ки ба куштори 4 марзбон ва ҳамсари яке аз афсарон гумонбар дониста мешуд, дар натиҷаи амалиёти махсус ба хотири боздошти ӯ, ба қатл расониданд.

Намояндаи нирӯҳои марзбонӣ гуфт, афсари фирорӣ дар кӯҳҳои вилояти Иссиқкӯл, наздик ба сарҳади Қазоқистон дарёфт шудааст. Гумонбар дар натиҷаи муқовимат ва тирпаронӣ бо нирӯҳои марзбонӣ кушта мешавад.
Феълан сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса маълум, нест ва мақомот таҳқиқот мебарад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар посгоҳи марзии «Эчкили-Таш» як сарбози қарордодии нирӯҳои марзбонии Қирғизистон 5 нафарро ҳадафи тир қарор дода, аз маҳали ҳодиса ғайб зад.
Бахши қирғизии радиои Озодӣ аз қавли Раёсати корҳои дохилаи вилояти Иссиқкӯл гузориш дод, ки дар миёни кушташудагон фармондеҳи посгоҳи марзӣ низ ҳаст. Илова бар фармондеҳ се марзбон ва хонуми яке аз афсарони марзбон кушта шудаанд.

Марзбоне, ки дар ин куштор гумонбар дониста мешавад, аз маҳали ҳодиса бо мошини фармондеҳи кушташудаи посгоҳи марзӣ фирор мекунад. Шоми рӯзи ҳодиса мошинро дар ноҳияи Жети Уғуз пайдо кардаанд. Дар ин бора Калис Жудеев-раиси пулиси ин ноҳия ба бахши қирғизии радиои Озодӣ хабар додааст. Бино ба суханони вай, мошин дар наздикиҳои посгоҳи марзие, ки куштор дар он ҷо рух дод пайдо шудааст.

Баъдан маълум шуд, ки ин марзбони қарордодӣ сокини деҳаи Ичке-Булун Жетии ноҳияи Оғуз аст ва дар кӯҳистонҳои ҳамон минтақа паноҳ бурдааст.

Ба хотири боздошти фирорӣ дар вилояти Иссиқкӯл вазъи махсус эълон шуд. Гулмира Борубоева-сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки посгоҳи марзии «Эчкили-Таш» аз шаҳри Қаракӯл-маркази вилояти Иссиқкӯл 150 километр масофа дорад ва ин ҳодиса дар нимаи аввали 20-уми август рух додааст. Ба гуфтаи Борубоева, баъд аз куштор сарбози қарордодӣ бо аслиҳа фирор кардааст.
Рисгелдӣ Мусоев-раиси ситоди умумии артиш ба маҳали ҳодиса рафтааст ва фармондеҳии амалиёти вижаро бар ӯҳда дошт.

Се марзбон, ки ҳангоми тирандозӣ аз маҳали ҳодиса фирор кардаанд, ба бозрасон баъзе ҷузъиёти ҳодисаро ҳикоят кардаанд. Ба ин се нафар чӯпонҳои маҳаллӣ паноҳгоҳ додаанд ва ҳамин чӯпонҳо дар бораи ин ҳодиса ба мақомоти интизомӣ хабар додаанд.

Ба гуфтаи ин се нафар, сарбози қарордодӣ хонуми яке аз афсаронро дар амбори аслиҳа бо як марзбон қулф кардааст ва моҷаро аз он бархостааст.

Дар ин бора Сталбек Усубакунов-сухангӯи Раёсати корҳои дохилаи Иссиқкӯл ба бахши қирғизии радиои Озодӣ хабар додааст. Усубакунов гуфтааст, бо вуҷуди амалиёти густардаи ҷустуҷӯ ва гузоштани посгоҳҳои вижа дар роҳҳои ноҳияи Оқсӯй ва ноҳияҳои дигар сарбози фироркарда пайдо нашудааст.

Дар гузашта низ дар артиш ва нируҳои марзбонии Қирғизистон ҳодисаҳои истифода аз аслиҳа бар зидди якдигар мушоҳида шудааст. Марат Имонқулов-муовини пешини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, сабаби чунин ҳодисаҳо бад шудани интизому ахлоқ дар суфуфи артиш аст. Ба гуфтаи Имонқулов, сабабҳои аслии чунин бебандуборӣ ва фоҷеаҳо беназмӣ, меҳтарсолорӣ дар артиш ва поин рафтани сатҳи тарбия дар нируҳои мусаллаҳ мебошад. Вай мегӯяд, чунин вазъ на танҳо дар артиш, балки дар нируҳои марзбонӣ ва нируҳои дохила низ мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG