"ИМРӮЗ НЮС"
Дар матлаби «Марги Имом даркор буд?» навишт, «мақомот бо ҳар роҳе аз Имомназар дифоъ мекарданд». Зеро ба навиштаи нашрия, «ӯ метавонист, дар лаҳзаҳои ахири умр маълумоти зиёдеро пешорӯи мансабдорони тоҷик гузорад. Бисёр қартаҳоро кушояд. Ӯ бисёр чизҳоро медонист.» Нашрия яке аз фарзияҳои кушторро ба сӯҳбати Имомназар дар мавриди 7 миллион долларе, ки гурӯҳе барои табадуллоти давлатӣ ба онҳо ваъда карда буд, нисбат медиҳад. Ба ин далел нашрия мутмаин аст, «мақомот натавонистанд, сарчашмаи маълумотро ҳифз кунанд».
"ТОҶИКИСТОН"
Ҷӯёи омилони куштори Имомназар Имомназаров шудааст. Ба навиштаи нашрия, «шояд онҳое, ки сабабгори ин кушторро кишварҳои манфиатдори минтақа ва берун аз он мегӯянд, ҳаққанд? Алҳол дар ин маврид ягон маълумоти иловагие нест.» Аммо нашрия менависад, «вале ҳамаи онҳое, ки ҳаводиси як моҳи охирро дар Хоруғ пайгирӣ мекунанд, бо як овоз мегӯянд, ин куштор ба манфиати ҳукумати Тоҷикистон ва оромии ҷомеа нест.»
"НАҶОТ"
Куштори Имомназар Имомназаровро «шаҳодати навбатӣ» хонда ва саҳми ин фармондеҳи собиқи мухолифонро дар раванди барқарорсозии сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят ҷиддӣ ва таъсиргузор арзёбӣ кардааст. Ба навиштаи нашрия, «шаҳодати шахси бесилоҳ ва бемор, ки бо мақомоти аршади қудратии дар Хоруғ ҳузурдошта мулоқот дошт, ҷиноятест сангин.»
"МИЛЛАТ"
Дар матлаби «Террори Имомназари маъюб: фармоиш ё иғво?» ишора ба ҳушдори вай дар бораи иғвои нерӯи севум дар ҳодисаҳои ахири Хоруғ кардааст. Аммо бо ин ҳам нашрия навишт, «то кунун маълум нест, ки ин амал барномаи тарҳрезишудаи нерӯҳои давлатӣ барои аз миён бурдани яке аз сарони аслии гурӯҳҳои мухолифи муқовиматгар ва ба гуфтаи мақомот ҷинояткор дар Хоруғ буд ва ё дар амал иғвои гурӯҳи севум, ки худи Имомназар Имомназаров ҳам аз он ҳушдор дода буд...»
"АЗИЯ-ПЛЮС"
Ба нақл аз афроди наздик ба Имомназар Имомназаров, куштори ӯро «супоришӣ» унвон карда, онро «кори дасти хадамоти вижа» донистаанд. Аз сӯи дигар, нашрия навиштааст, «сару садоҳо дар робита ба даст доштани зархаридони афғон дар куштори Имомназар Имомназаров низ миёни мардум матраҳ аст.»
Болоравии ба маротиби қимати нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия дар бозорҳои Душанбе низ бозтоби густардаеро дар бештари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи пойтахти Тоҷикистон доштааст.
"ФАРАЖ"
Дар ин замина матлаберо зери номи «инСОФ» нашр карда ва навишт, «ин калима дар арафаи иди Фитр дар бозорҳои Душанбе арзонтарин калимае буд, ки куллан харидоре надошт». Ба навиштаи нашрия, «агар дар дигар идҳо аслан нархи орду равғану шакар ва тухм боло мерафт, дар ин ид ғайричашмдохт нархи мева, ки истеҳсоли худӣ аст, ба осмон расид. Ростӣ, инро касе чашмдор набуд, шояд ҳатто дар шаҳрдорӣ.» Муаллифи матлаб менависад, «дар бозорҳои пойтахт гоҳо мебинам, баъзеро бо риши дарози то ноф, ки ҳангоме сигор мепурсӣ ё зане бо либоси аврупоӣ харид мекунад ё ҳатто ҳангоме мебинанд, галстук дорӣ, абрӯ чин карда рӯйрост нафраташонро зоҳир мекунанд ва бо дағалӣ посух медиҳанд. Кош, ин гунаҳо баробари таҳорати тан, таҳорати ботин мекарданд, кош баробари намози шом, намози виҷдон адо менамуданд.»
"CCCР"
Вазъи ахири марбут ба якборагӣ боло рафтани нарх дар бозорҳои Тоҷикистонро «бӯҳрони системавӣ» унвон карда ва навиштааст, дар рӯзҳои қабл аз ид ва баъд аз он нидои «Бар падаратон лаънат!» дар ҳама бозорҳои кишвар ба гӯш мерасид...» Зеро ба навиштаи нашрия, «ин ибораро онҳое мегуфтанд, ки дигар мутмаинанд, ки ин савдогарон на аз Худо метарсанд, на аз мардум ва на аз раҳбарияти ҳукумат.» Нашрия менависад, «чунин ба назар мерасад, ки «истифодаи ин ибораро баъзе аз раҳбарони мо ҳам дӯст медоранд. Хоса дар баробари онҳое, ки ноӯҳдабароянду онҳоро дар ҳолати ногувор мегузоранд».
"ОЗОДАГОН"
Дар бораи боз шудани парванда нисбат ба 97 тоҷир барои беасос баланд бардоштани нарх дар бозорҳои шаҳри Душанбе хабар дода ва навиштааст, ин гуна тоҷирон асосан дар бозорҳои Саховат, Деҳқонбозор, Фаровон, Роҳи Оҳан ва Варзоб фаъолият мекардаанд. Ба навиштаи нашрия, мақомоти зидахл эълом кардаанд, ки бозрасиҳо ва назорат барои танзими нарх дар бозорҳо тақвият меёбад ва нисбат ба савдогароне, ки нархро ба маротиб қимат мегузоранд ва талаботи қавонини бозорро нақз мекунанд, парвандаҳо боз карда ва онҳоро муҷозоти лозим хоҳанд кард.