Бино ба иттилои бархе аз аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, иртибот бо шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, барқарор шудааст. Ширкати Тсell дар сафҳаи Фейсбуки худ ин хабарро тасдиқ карда ва барои он ки тӯли тақрибан як моҳи ахир натавонист барои муштариёнаш дар минтақа хидмат расонад, узрхоҳӣ кардааст.
Манбаи "Озодӣ" дар Хоруғ ҳам гуфт, феълан тамос аз тариқи телефонҳои мобил имконпазир аст ва ин мушкили сокинонро то ҳадде осон кардааст. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ, баробари оғози амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, робитаи мобилиро қатъ карда буданд. Сокинони Шуғнону Ишкошим ва Хоруғу Рӯшон танҳо аз даҳони якдигар ва гоҳо тавассути телефонҳои "хонагӣ" хабарҳоро мешуниданд ва аз ҳоли наздиконашон огоҳӣ меёфтанд. Баъдан иртиботи мобилӣ дар навоҳии атрофи Хоруғ барқарор шуд, аммо ин шаҳр ҳамоно аз ин навъи алоқа маҳрум буд.
Ҳарчанд бархе аз корбарони Фейсбук аз барқарор шудани алоқаи мобилӣ дар Хоруғ хушҳолӣ мекунанд, аммо онро ба муште шабоҳат медиҳанд, ки пас аз ҷанг ба хотир омадааст. Сабаби қатъ шудани алоқа дар Бадахшонро дар рӯзҳои аввали амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, Хадамоти алоқа "мушкили фаннӣ" арзёбӣ карда буд.
Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикиcтон, дар авохири моҳи июл дар як нишасти хабарӣ ба журналистон гуфта буд, ки алоқа дар Бадахшон ба иллати расидани тир ба хатти асосии нурӣ қатъ гардидааст: "Хатти нурие, ки алоқаро дар минтақа таъмин мекунанд ҳавоӣ аст ва он бояд зери заминӣ бошад. Ширкатҳои хадамоти алоқа, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Аммо феълан онҳо бештар дар андешаи тиҷоратанд. Ин таҷриба барои мо бояд дарс бошад, мо хатти захиравӣ надоштем, дар ҳоле ки бояд мебуд."
Баъд аз қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи Давлати Амнияти Миллӣ дар Бадахшон дар рӯзи 21-уми июл, маъмурони амниятии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июл амалиёти махсусеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карданд, ки дар натиҷаи он беш аз 40 нафар, аз ҷумла, 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ ва 12 тан аз маъмурони интизомӣ кушта 23 тани дигар ҳам захм бардоштаанд.