Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаҳои Бодканду Исфара: Тасодуф ё иғвогарӣ?


Ҳодисаи шоми 23-юми август қариб буд, дӯстии мақомоту сокинони Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистонро бар ҳам занад.

Дар пасманзари дидори мақомоти Суғду Бодканд бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳо, ҳодисае иттифоқ афтод, ки метавонист муносибати ин ду вилояти дӯсту ҳамсояро халалдор кунад. Шоми 23-юми юми август дар пайи сангандозии афроди номаълум ба автомобили як ронандаи қирғиз, наздик буд миёни гурӯҳи сокинони қирғизу тоҷик низоъ сар занад, аммо мақомоти ду ҷониб ба он роҳ надоданд.

Бо вуҷуди он ки равобити вилоятҳои Суғду Бодканд аз ҳама хубу дӯстона миёни дигар минтақаҳои ҳамсоя дар водии Фарғона арзёбӣ мешавад, вале як идда мушкилоти низоъбарангез низ домангири ин манотиқ аст. Саидҷон Эратов, муовини раис ё губернатори Бодканд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мушкили умда истифода аз манобеи обу замин ва чарогоҳ дар мавзеъҳои баҳснок аст, ки дар заминаҳои он муноқишаву низоъҳо миёни сокинон гоҳу ногоҳ сурат мегирад.

Ӯ афзуд, “аммо ба назари ман, гуфтани ин ки дар миёна “нерӯи сеюм” ҷиҳати низоъангезӣ кор мебарад, барвақт аст. Барои он ки мо бо дӯстони тоҷики худ якҷоя амал мекунем ва саъй бар он дорем, ки чунин нерӯе сари кор наояд. Вале иғвоангезҳое ҳастанд, ки онҳоро мутобиқи қонун бояд ҷазо дод ва чунин ҳам мекунем. Аз ин рӯ, низоъ ва муноқишаҳоро бар дӯши “дасти сеюм” ё “иғвогарон” бор кардан нашояд. Аммо умуман, ҳар ҷо ҳам иғвогару низоъангезҳо ҳастанд. Мо якҷоя бо кишвари дӯсти Тоҷикистон ба сар задани низоъ раҳ нахоҳем дод.”

Ҷаноби Эратов коҳиши низоъ ва муноқишаҳо миёни сокинони наздимарзии тоҷику қирғизро натиҷаи муаассири фаъолияти якҷояи мақомоти Суғду Бодканд номид. Ба гуфтаи вай, аз аввали соли равон то кунун дар байни сокинони манотиқи наздимарзии Суғду Бодканд сари истифодаи обу замину роҳ 7 маротиба муноқиша сар задааст, дар ҳоле ки соли гузашта 30 ва соли 2010-ум чиҳил низоъ ва муноқиша сар зада буд. Вай афзуд, мақомоти вилоятҳои Суғду Бодканд як барномаи муштараки ҳамзистиву ҳамкорӣ барои соли 2012-ум рӯи даст доранд, ки аз рӯи он ҷиҳати ҳалли заминаҳои низоъву муноқишаҳо фаъолият мекунанд.

Ба назари Саҳбон Қурбонов, коршиноси маҳаллӣ аз шаҳри Исфара, эҳтимол гурӯҳҳое ҳам дар минтақа фаъоланд, ки аз тақвияти муносибатҳои сиёсиву иқтисодии Суғду Бодканд хушашон намеояд ва мехоҳанд онро барҳам зананд. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, “ин гурӯҳҳо баҳсҳои сокинони наздимарзӣ, мисли истифодаи якҷояи обу замину роҳҳоро ба низоъву муноқишаи байни минтақаҳо табдил додан мехоҳанд, чунки бесуботӣ ва бенизомӣ дар сарҳад бар манфиати онҳост.”

Аз нигоҳи бархе коршиносон ва таҳлилгарони маҳаллӣ, барҳам хӯрдани субот дар минтақаи Суғду Бодканд бар нафъи гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ва мазҳабии тундрав хоҳад буд. Рустам Юсуфов, коршиноси масоили марзии Суғду Бодканд, раҳбари созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон” дар Хуҷанд чунин мегӯяд: “Дар ҷануби Қирғизистон Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) фаъол аст ва нерӯи низоъбарангез ҳам миёни сокинони минтақа, ба назари ман, ҳамин созмон аст. Ин ташкилот дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолободу Бодканд пайравон дорад ва дар вилояти Бодканд бештар дар шаҳри Қизилкия ва ноҳияи Лайлак аъзо дорад ва ҳодисаҳои нохуш ҳам зиёдтар дар ҳамин ду маҳал рух медиҳанд.”

Мусоҳиби мо ёдовар шуд, ки чанд рӯз қабл дар як тӯйхонаи шаҳри Исфанаи ноҳияи Лайлак, миёни ду гурӯҳи ҷавонони қирғиз ҷанҷол рух дода, ду нафар бо захми туфангчаи пневматикӣ ба бемористон интиқол ёфтанд. Исфана ба деҳаи Андарак, воқеъ дар 90-километрии ноҳияи Ғафуров, ки аксари сокинонашро тоҷиконанд, наздик аст ва сар задани чунин ҳодисаҳо сокинони Андаракро нигарон медорад. Ҷойи ёдоварист, ки моҳи декабри соли гузашта дар деҳаи Андарак байни тоҷикону қирғизҳо низои қавмӣ сар зада, чанд нафар захмӣ шудаву чанд хонаву мағозаи сокинон ба коми оташ рафта буд.

Саидҷон Эратов, муовини губернатори Бодканд, мегӯяд, авзоъ дар минтақаҳои наздимарзӣ таҳти контроли мақомоти Суғду Бодканд аст ва ҷонибҳо ба пойдории субот манфиатдоранд ва дӯстиву рафоқат василаи аслии онҳо дар ҷилавгирӣ аз сарзании низоъву ҷанҷол дар манотиқи наздимарзӣ аст.
XS
SM
MD
LG