Маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон Ғиёсиддин Умаров, додситон ё прокурори ноҳияи Шӯробод дар ҷануби кишварро боздошт кардаанд.
Ин хабарро Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ, дар сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ" тасдиқ кард. Ӯ рӯзи 28-уми август гуфт, дар ҳақиқат Ғиёсиддин Умаров зимни як амалиёт боздошт шуда, ҳоло парвандаи ӯ аз тарафи Раёсати тафтишотии Оҷонсӣ мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Раёсати Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар гуфт, додситони Шӯрообод аз як корафтода ҳудуди 3 000 доллар "пора" талаб карда ва дар ҳамин асно боздошт шудааст. Аммо манбаъ ҷузъиёти бештари парвандаи Ғиёсиддин Умаровро шарҳ надод.
Дар чанд соли ахир бархе аз кормандони мақомоти додситонӣ дар манотиқи кишвар ба гумони даст доштан дар ришвату фасод боздошт ва маҳкум шудаанд. Мақомоти Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали соли оҷорӣ беш аз 700 ҳолати коррупсиониро ошкор кардаанд, ки 38 мавриди он ба "аз ҳадди ваколат баромадани мақомдорон" дахл доштааст.
Навор аз бойгонӣ: Шумо боре "пора" додаед?