Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ баёнияи Эронро "ошуфтакунанда" хонд


Бан Ки Мун, дабири кулли СММ (байн) бо Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср (рост) ва Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури пешини Эрон (чап)
Бан Ки Мун, дабири кулли СММ (байн) бо Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср (рост) ва Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури пешини Эрон (чап)

Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, дар ҷараёни нахустин боздиди худ аз Теҳрон аз раҳбарони Эрон интиқод кард.

Эрон мегӯяд, Ҳолокост ё қатли оми яҳудиёнро эътироф надорад ва ҳаққи мавҷудияти Исроилро ҳамчун давлати мустақил рад мекунад. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ин нуқтаи назари Эронро “ошуфтакунанда” номид.

Рӯзи панҷшанбе, 30-юми август, зимни суханонронии худ дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои адами тааҳҳуд дар Теҳрон, Бан Ки Мун гуфт, вай қабул надорад, ки як кишвари узви СММ кишвари дигари узвро ба нобудӣ таҳдид кунад. “Ман таҳдиди ҳар кишвари узвро дар бораи аз байн бурдани кишвари дигари узв ё талошҳои ошуфтакунандаи рад кардани далелҳои таърихиро дар бораи Ҳолокост қотеъона маҳкум мекунам”,-афзуд ӯ.

Дабири кулли СММ илова кард, рад кардани ҳаққи як кишвари узви ин созмон барои мавҷудият ва тавсифи он чун кишвари нажодпараст “комилан дуруст нест”.

Бан Ки Мун ҳамчунин аз Ҷумҳурии исломӣ хост, қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милалро дар бораи қатъи ғанисозии уран риоят кунад.

Аммо қабл аз он Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон гуфт: “Таъкид мекунам, Ҷумҳурии исломӣ ҳаргиз дар пайи таслиҳоти ҳастаӣ нест ва низ ҳаргиз аз ҳақи миллати худ дар истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ чашмпӯшӣ нахоҳад кард.”

Хоманаӣ ин суханонро дар маросими кушоиш ё ифтитоҳи мулоқоти раҳбарони кишварҳои адами тааҳҳуд дар Теҳрон баён дошт.
XS
SM
MD
LG