Раҳматулло Набил севвумин мақоми калидӣ дар бахшҳои низомӣ ва амниятии ин кишвар аст, ки дар як моҳи ахир аз мақомҳояшон канор рафтанд.
Қабл аз Раҳматулло Набил Ҳомид Карзай Бисмислло Муҳаммадӣ- вазири дохила ва Абдулраҳим Вардак-вазири дифоъро низ бо фармоне аз мақомҳояшон барканор кард. Аммо нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки раиси ҷумҳур дубора номзадии Бисмислло Муҳаммадӣ ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ кардааст.
Баъзе доираҳои огоҳ аз масоили амниятии Афғонистон изҳори нагаронӣ мекунанд, ки барканории ин се мақоми калидӣ мумкин аст, дар шароити кунунии ин кишвар хало (холигоҳ)-и амниятӣ ба вуҷуд орад. Дар як мусоҳиба бо Аҷмал Балуҷзода, фаъоли ҷомеаи маданӣ дар Кобул, аз ӯ пурсидем, сабаби ин барканориҳо ва чунин пешбариҳои дубора чӣ буда метавонад?
Балуҷзода: "Вазъияти Афғонистон ба гунаест, ки ҳаракати Толибон рӯз ба рӯз қудратманд шуда, дар дохили артиши Афғонистон нуфуз пайдо кардаанд ва даст ба куштори низомиёни амрикоӣ ва нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон задаанд. Аз тарафи дигар, осеби зиёде ба артиш, ба пулиси миллии Афғонистон ва ба худи афғонҳо ворид карданд. Чунин вазъ боис шуд, ки нигарониҳои порлумони Афғонистонро ба вуҷуд биёрад. Саранҷом, тасмим бар ин шуд, ки вазири дифоъ ва вазири умури дохилии Афғонистон аз мақом барканор шаванд ва аз онҳо дар мавриди ин беамниҳо ва ҳамлаҳои Покистон ба Афғонистон пурсида шавад."
Озодӣ: Ба назари Шумо, як шахсе, ки дар мақоми вазири умури дохилӣ муваффақ набудааст, чӣ гуна метавонад аз тарафи раисиҷумҳур ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ шавад?
Балуҷзода: "Раисиҷумҳур дар ҳақиқат худаш лозим дидааст, ки Бисмилло Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистонро ин бор ба порлумон номзад ба вазири дифои Афғонистон пешбарӣ кунад. Вале ин масъала ба тасмими порлумон вобаста аст, ки оё ба ҷонибдорӣ аз номзадии вай раъй хоҳанд дод, ки ба вазорати дифоъ равад, ё на. Вале барканории Раҳматулло Набил -- раиси амнияти Афғонистон нигарониҳоеро эҷод кардааст, зеро Набил яке аз шахсиятҳое буд, ки дар муқобили сиёсатҳои Покистон истодагарӣ мекард. Аз тарафи дигар, амалиёти бисёр хуберо ба хотири муҳор кардани амалиёти Толибон дар Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористии ISI (шабакаи кашфи Покистон) дар дохили Афғонистон корҳоеро анҷом дод. Ҳатто дар ин авохир ҳам кашф ба ҳадде фаъол шуда буд, ки бисёр афродеро, ки барои Эрон ҷосусӣ мекарданд, дастгир ва зиндонӣ карданд. Расонаҳое, ки бо Эрону Покистон кор мекарданд, шиносоӣ шуданд."
Озодӣ: Бубинед, бо назардошти ин ки раисиҷумҳур маҷбур шудааст, вазири барканоршудаи умури дохилиро акнун вазири дифоъ муаррифӣ кунад, фикр намекунед, Карзай пойбанди гурӯҳҳоест ва онҳо вайро маҷбур мекунанд, ки аз баъзе тасмимҳои худ даст бикашад ва роҳи дигари ислоҳи тасмимашро биҷӯяд?
Балуҷзода: "То ҷое, иттилоъ пайдо кардем, маршал Фаҳим бештар таъкид кардааст ва ба раисиҷумҳур фишор ворид кардааст, ки ба ҳар ҳол Бисмиллохонро мешавад аз ин симмат ба симмати дигар овард. Ин ҷо, бале, фишорҳое ҳаст ва ба таъйиди суханони Шумо фишорҳое аз даруни ҳукумат вуҷуд дорад. Ба хусус, маршал-соҳиб Фаҳим бештар талош дорад, ки Бисмиллохон дар самати давлатӣ боқӣ бимонад ва набояд ба роҳатӣ аз саҳнаи сисёсӣ канор биравад. Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки фишорҳое ба раисиҷумҳур ҳаст. Вале раисиҷумҳур ҳам тасмимашро гирифтааст. Вай медонад, замоне ки ин шахс вориди порлумон шавад, агар раисиҷумҳур нахоҳад, ки Бисмиллохон вазири дифоъ шавад, мутмаинан дар дохили порлумон кор хоҳанд кард ва талош мекунанд, ки Бисмиллохон раъй нагирад ва дубора вазир нашавад. Дар порлумон одамоне ҳастанд, ки сиёсати давлату ҳукуматро татбиқ мекунанд. Чунин вазъ гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин вазоратхонаҳо низом вуҷуд надорад, ба ҷуз аз раёсати амният, ки мегӯянд, низоме дар он ҷо эҷод шудааст. Вале дар ду вазоратхонаи дигар он қадар эътимод вуҷуд надорад, ки бо набуди вазир корҳо ба шакли дурусте анҷом бигирад. Билахира амрикоиҳо ва нерӯҳои байналмилалӣ эътимод нахоҳанд кард, бо фарде, ки салоҳият надорад ё тасмимгир нест, бо вай ҳамкорӣ кунанд. Чунин вазъ ба раванди интиқоли масъулияти амниятӣ аз нерӯҳои байналмилалӣ ба нерӯҳои афғонӣ зарба хоҳад зад."