Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 ҳадафи стратегии Тоҷикистон ва сояҳои болои истиқлол


9-уми сентябр аз касби истиқлоли Тоҷикистон 21 сол сипарӣ мешавад.

Аммо бо гузашти 21 сол Тоҷикистон то ҳол дунболи ҳамон 3 ҳадафи стратегие дармондааст, ки аз ҳамон оғоз орзуяшро мекард. Ин се ҳадаф раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ, дастёбӣ ба истиқлоли энержӣ ва таъмини амнияти ғизоист, ки аз минбарҳои баланд ҳамеша ҳамчун аҳдофи умдаву заминаи пойдории давлат ва ҳатто як навъ ормонҳои миллӣ барои Тоҷикистон ном бурда мешавад.

Давлати Тоҷикистон аз 3 ҳадафи стратегиаш дар амри раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ муваффақтар ба назар мерасад, вале таъмини амнияти ғизоӣ ва муҳимтар аз ҳама, истиқлоли энержӣ ба Душанбе то ҳол даст надодааст. Бозоралӣ Ҳаётов, раҳбари идораи хоҷагии роҳи вазорати нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, давлат танҳо ба хотири сохтани роҳҳое, ки кишварро бо хориҷ бипайвандад, аз хориҷ ба сурати қарзу кӯмакҳои билоиваз беш аз 1 миллиард доллар ҷалб кардааст.

Ҷаноби Ҳаётов аз ҷумла сохтмони роҳи Кӯлоб-Қулма-Қароқурум, ки Тоҷикистонро бо Чин пайваст; бунёди панҷ пул дар фарози рӯди Ому, ки роҳҳоро ба самти Афғонистон боз кард ва бо ҳудуди 300 миллион доллар қарзи Чин навсозӣ кардани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро ёдовар шуд: “Дар 8 объект корҳои сохтмониву таҷдидӣ идома дорад. Аз ҷумла, нақби Шаҳристон, марҳилаи севуми шоҳроҳи Шоҳон-Зиғарв, ки 18,7 километр аст, роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб, ки 40 километр роҳ аст ва кор аз Шӯрообод оғоз шуда, тарафи Қалъаихумб рафта истодааст. Кор дар марҳилаи дувуми роҳи Душанбе-сарҳади Қирғизистон, роҳҳои Душанбе –Данғара ва Душанбе-Турсунзода ҳам идома дорад.”

Дар солҳои аввали истиқлол, ки ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва кишварро хатари гуруснагӣ таҳдид мекард, Душанбе 75 000 гектар заминро ба сурати ройгон ё бепул ба мардум тақсим кард, ки ба суқути низоми колхозии бозмонда аз Шӯравӣ оғоз гузошт. Ин иқдом боис шуд, ки тавлиди гандум ба унвони маҳсулоти аввалияи мавриди ниёз дар воҳаҳои кишоварзӣ афзоиш ёбад.

Сафаралӣ Назаров, аз масъулони вазорати кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, давлат дар роҳи расидан ба амнияти ғизоӣ – яке дигар аз аҳдофи стратегиаш низ ба пешрафтҳое ноил шудааст. "Қариб 70-80 дарсади аҳолӣ дар деҳот ба сар мебаранд ва гуфтан мумкин, ки онҳо худро бо маҳсулоти дохилӣ, гӯшт, тухм ва дигар анвои маводи ғизоӣ таъмин мекунанд. Ҳоло аз 2 миллион сар чорпои калон ва беш аз чоруним миллион чорпои хурд мутаносибан беш аз 90 ва 83 дарсад ба бахши хусусӣ тааллуқ дорад. Ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки дар назди вазорати кишоварзӣ ба наздикӣ шӯъбаи махсуси амнияти ғизоӣ ба кор оғоз кунад",-афзуд ӯ.

Аммо бузургтарин камбуде, ки бар рӯи истиқлоли Тоҷикистон соя меафканад, дар тӯли 21 сол муваффақ нашудани давлат ба рафъи бӯҳрони барқ аст ва аксари манотиқи кишвар дар фасли сармо дар тӯли 6 ё 7 моҳ ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд, ки ҷои зиёде барои нозидан бо ин истиқлол боқӣ намегузорад.

Вафо Ниятбеков
Вафо Ниятбеков
Албатта, дар ин муддат бо ҷалби 700 миллион доллар сармояи Русия нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба кор даромад ва бо 220 миллион доллар сармояи Эрон нерӯгоҳи дувуми Сангтӯда ҳам дар ҳоли сохта шудан аст. Аммо тавлидоти чанд нерӯгоҳи хурду миёна, ки дар ин муддат сохта шуд, ба маҳзи афзоиши талабот ҳеҷ шуд ва ниёз ба тақрибан 3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ дар фасли сармо аз эҳтиёҷоти ҳаётии Тоҷикистон ва як монеаи умда дар роҳи тавсеаи иқтисодиаш боқӣ мондааст.

Бо ин ҳол, барои сохтани танҳо ду чархаи аввали Роғун - умдатарин тарҳи энержии Тоҷикистон, ки ба бовари мақомот, метавонад ба камбуди барқ билохира нуқтаи таммат гузорад, камаш 2 миллиард доллар сармоя лозим аст, ки Душанбе надорад. Ба ақидаи Вафо Ниятбеков, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо идомаи корҳо дар нерӯгоҳи Роғун давлат барои иҷрои ҳадафҳои дигари худ пайваста талош дорад.

"Усулан корҳо идома дорад. Барномаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун новобаста аз мушкилиҳо иҷро мешавад. Бигзор ҳатто дар сатҳи арзёбии фаннӣ ва бозсозӣ бошад, аммо кори он давом дорад. Ҳоло Ҳиндустон изҳори омодагӣ намудааст, ки дар фарози рӯдхонаи Зарафшон нерӯгоҳ бунёд кунад. Русия низ он се нерӯгоҳи ваъдагии худро дар қисмати шарқи Тоҷикистон хоҳад сохт ва интизор меравад, ин масъала дар сафари моҳи октябрии Путин ба Тоҷикистон ҳаллу фасл шавад. Сангтӯда-2 пурра ба истифода дода хоҳад шуд. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки дар давоми ду-се соли оянда ин ҳадафи барномавии давлат низ ба иҷро бирасад",-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев, масъули маркази пажӯҳишҳои сиёсии "Контент", гуфт, сохтмони роҳҳо ба самти Чину Афғонистон ва шурӯи додуситад бо ин кишварҳо дар шароите, ки Узбакистон гоҳу ногоҳ роҳҳояшро барои Тоҷикистон мебандад, ба маънои то ҷое ба яке аз аҳдофи роҳбурдиаш расида тавонистани Душанбест. Вале мегӯяд Зафар Абдуллоев, ба иҷро нарасидани ду ҳадафи дигар ва баръакс маҳз дар ин ду масъала бештар аз пештар гирифтор шудани Тоҷикистон устувории онро ба унвони як кишвари соҳибистиқлол осебпазир кардааст. Ӯ гуфт, "фикр мекунам, дар бахши иртиботот Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои Шӯравӣ ба пешравиҳое ноил шудааст, аммо дар мавриди амнияти ғизоӣ вазъ бадтар шудааст. Амалан мо арсаи кишоварзии худро аз даст медиҳем ва истеҳсолкунандагони ин арса дар вазъи нохуб қарор доранд ва таъсири ин ҳолатро мо дар бозорҳо ва дӯконҳо ҳамарӯза мушоҳида мекунем. Ба назари ман истиқлолияти Тоҷикистон як истиқлолияти зоҳирист ва мо ҳамчун давлат аз ҷиҳати иқтисодӣ ва бахусус аграрӣ ва дар дигар соҳаҳо ҳам вобастаи хеле аз кишварҳо ва созмонҳои молиявӣ ҳастем."

Бо ин ҳол, Тоҷикистон 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии худро дар ҳоле пешвоз мегирад, ки имсол меваҷот дар ин кишвар ҳосили фаровон доштааст. Аммо ба маҳзи монеагузориҳои транзитӣ аз сӯи Узбакистон имкони содироти он ба кишварҳое чун Русия, Қазоқистон ва Узбакистон, ки дар солҳои Шӯравӣ бозори асосии фурӯши меваҷоту сабзаҷоти Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, вуҷуд надорад. Ба назари коршиносон, бо ҳама васфаш, на масири Чин ва на Афғонистон ҷои масири Узбакистонро барои Тоҷикистон ҳанӯз пур карда наметавонанд.
XS
SM
MD
LG